
АЮБ ЭГАМОВ
Аюб Эгамов дар 8 феврали соли 1977 дар шаҳри Хуҷанд зода шудааст. Соли 1994 мактаби миёнаи рақами 19-ро бо медоли тилло хатм намуда, худи ҳамон сол донишҷӯи Донишгоҳи ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон гардидааст.
Соли 1997 таътилии академикӣ гирифта, баъд соли 2002 Донишкадаи Идоракунии Тоҷикистонро бо тахассуси “Соҳибкории байналмилалӣ” хатм намудаст. То соли 2005 дар маркази компютерӣ ҳамчун мутахассис кор кардааст.
Аз соли 2005 то 2007 дар Ташкилоти байналмилалии Mercy Corps ба ҳайси мутахассиси базаҳои маълумот (база данных) фаъолият намудааст.
Солҳои 2007-2008 дар Донишгоҳи Давлатии Хуҷанд ҳамчун устоди илми иқтисод кор кардааст.
2008 то 2010 дар Ташкилоти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон ҳамчун мутахассиси базаҳои маълумот ва солҳои 2010-2011 дар Институти Ҷомеаи Кушоди Фонди Сорос ҳамчун ассистенти барномаҳо дар вилояти Суғд кор кардааст.
То соли 2011 дар рӯзномаҳои вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ якчанд мақолаҳои иқтисодӣ нашр намудааст.
Соли 2011 бо сабаби сиёсӣ Тоҷикистонро тарк карда, аввал дар шаҳри Маскави Русия зиндагӣ ва баъдан ба Аврупо муҳоҷират кардааст.
Дар ҳоли ҳозир дар шаҳри Рими Итолиё кор ва зиндагӣ дорад.
Аз соли 2007 узви Ҳизби Сотсиал Демократи Тоҷикистон аст.
Оиладор ва соҳиби 3 фарзанд аст.
ИЗҲОРИ НАЗАРҲО