
Дар бораи мо
Зодгоҳи Анҷуман фазои маҷозӣ аст, яъне шабакаи иҷтимоии Фейсбук. Тафсили андешаи роҳандозии он бад-ин шарҳ аст, ки дар торихи 9 ноябри соли 2015 киё Ҳаким Раббимпур дар сафҳаи худ дар Фейсбук ёддоште навишт ва дар он аз вазъи сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии тоҷикҳо ба шиддат шиква карда ва ба унвони роҳи ҳал, пешниҳод намуд, ки лоақал як сойт роҳандозӣ шавад ва нухбаҳои ҷомеа — аз сиёсатмадорон, рӯшанфикрон, ҳунармандон, нависандаҳо, рӯзноманигорон ва ғайра — назар ва дидгоҳҳои худро бинависанд ва роҳро аз чоҳ нишон бидиҳанд ва коре кунанд, ки мо тоҷикҳо худамонро шиносем ва бидонем, дар куҷои дунё қарор гирифтаем ва ба куҷо меравем…
Як рӯз пас аз он, яъне дар торихи 10 ноябр, Сайидюнус Истаравшанӣ бо истиқбол аз пешниҳоди ҷаноби Раббимпур, ёддоште дар сафҳааш навишт бад-ин шарҳ:
* * *
«Пешниҳоди хубе аст, вале ба назар мерасад, роҳандозии фақат як сойт ҳеч гиреҳе аз мушкил нахоҳад гушод, ин сойт ҳам дар қатори даҳҳо ва балки садҳо сойти мавҷуд қарор гирифта ва чандон таъсиргузор воқеъ нахоҳад уфтод.
Бинобар ин, роҳи ҳалл ба назари банда дар ин марҳила он аст, ки нухбагон ва дилсӯзон — аз рӯшанфикрон, ҳунармандон, нависандаҳо, рӯзноманигорон, иқдисоддонҳо ва ғайра — дар хориҷ аз кишвар (зеро дар дохил имкони он нест) як анҷуман таъсис кунанд (масалан, Анҷумани рӯшанфикрони тоҷик). Анҷумане, ки ҳамму ғаммаш фаротар аз масоили сиёсӣ бошад. Анҷумане, ки ҳатто ба сиёсатмадорони мавҷуд (манзурам, раҳбарони аҳзоб ва сиёсатмадорони опозисиюн) роҳ нишон бидиҳад ва барояшон бигӯяд, авлавияти корашон дар ин марҳила бояд чӣ бошад?! Анҷумане, ки барномааш пеш аз ҳама зинда нигаҳ доштани инсони тоҷик бошад; инсоне, ки гузашта аз он ки фарҳангаш рӯй ба нобудист, имрӯз ҳатто худаш дар маърази нобудӣ қарор гирифта…
Имрӯз дар хориҷ аз кишвар нухбаҳои тоҷик ҳар як дар ҷойе кор ва фаъолият мекунанд ва дилашон барои миҳанашон месӯзад (дар ин тардиде нест), вале чизе ки онҳоро гирди ҳам оварад ва бо ҳам барои кишвар коре бикунанд, нест мутаассифона…
Агар азизон мувофиқанд, хоҳиш мекунам назар ва дидгоҳ ва раъйи худро дар ин мавзӯъ иброз бидоранд. Пешниҳоди шахсии банда он аст, ки ин муҳимро азизоне, ки дар Урупо ва ё Омрико муқим ҳастанд, ба ӯҳда бигиранд ва онро дар пойтахтҳои яке аз кишварҳои урупоӣ сабти расмӣ намоянд.»
* * *
Бо мувофиқати шумори қобили таваҷҷӯҳе аз нухбаҳои тоҷик бо пешниҳоди таъсиси Анҷуман, дар торихи 30 ноябри 2015 панҷ нафар – яъне Равшан Темуриён, Темур Варқӣ, Алим Шерзамонов, Ҳаким Раббимпур ва Сайидюнус Истаравшанӣ – ҷаласае барои таъсиси он аз тариқи Скайп баргузор карда ва зимни табодули назар, бар ин қарор омаданд, ки дар фазои маҷозӣ (Фейсбук) як гурӯҳи вижа таъсис ва дар бораи ҷузъиёти таъсиси Анҷуман ва асосномаи он ба баҳсу табодули назар бипардозанд.
Бад-ин тартиб, дар ҳамон торих (30 ноябр) гурӯҳе вижа дар Фейсбук барои ҳамин манзур роҳандозӣ шуд ва ин панҷ нафар ба унвони муассисони Анҷуман, ба баҳсу баррасӣ пардохтанд. Дар натиҷаи баҳсу табодули назарҳо, асосномаи Анҷуман ва низ орми он тартиб дода шуд. Сипас, яке аз муассисон сабти расмии Анҷуманро дар яке аз кишварҳои урупоӣ ба ӯҳда гирифт.
Ва қарор шуд, бо сабти расмии Анҷуман, ҷаласаи таъсисии он дар зудтарин замон баргузор ва расман мавудияти он эълом бишавад.
20 декабри соли 2015
ИЗҲОРИ НАЗАРҲО