
Ойиннома
Фасли аввал – Куллиёт:
Моддаи 1 – Анҷумани Озодандешони Тоҷик (ки баъд аз ин Анҷуман хонда мешавад) созмоне мардумӣ ва фаросиёсӣ ва дорои шахсияти ҳуқуқии мустақил буда ва ҳамаи тоҷикистониён ва низ тоҷикони бурунмарзиро – сарфи назар аз миллият, ҷинсият, ҷойгоҳи иҷтимоӣ, ақидаҳои сиёсӣ, мансубияти мазҳабӣ ва ҳизбӣ —дарбар мегирад. Анҷуман бар асоси қонунҳои ҷории кишвари мизбон ва бар пояи ҳамин Ойиннома ва ҷавобгӯ ба арзишҳои демукросӣ ва инсонӣ фаъолият мекунад.
Моддаи 2 — Аҳдофи анҷуман:
2.1 — Ниҳодина кардани фарҳанги демукросӣ (мардумсолорӣ) дар ҷомеа ва ҳифзи чеҳраи дунявият дар сохтори сиёсии Тоҷикистон;
2.2 — Талош барои бунёди ҷомеаи инсонмеҳвар, ки дар он, давлат манофеи кишварро дар таъмини ҳаддиаксари ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, ба вежа озодии баён бидонад;
2.3 — Таҳкими фарҳанги шоистасолорӣ ва қонунмадорӣ дар ҷомеа ва маҳви хешовандсолорӣ ва ҳарҷу марҷ ва фасодҳои идорӣ;
2.4 — Худшиносӣ ва бозёбии шахсияти миллӣ;
2.5 — Маҳви падидаи маҳалгароӣ, миллатгароӣ (дигарситезӣ) ва нажодпарастӣ ва эҷоди фарҳанги ҷомеаи шаҳрвандӣ;
2.6 — Осебшиносии бахшҳои мухталифи иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии кишвар ва пешниҳоди роҳи ҳал ба дастгоҳҳои иҷроӣ ва масъулини кишвар;
2.7 — Муаррифии чеҳраи тоҷик, бо фарҳанг ва торихи ғании он ба ҷаҳониён;
2.8 – Эҷоди фарҳанги арзишмеҳвар ва таҳаммулгаро ва ҷилавгирӣ аз ривоҷи тафаккуроти ифротгароёнаи динӣ ва дунявӣ дар Тоҷикистон;
2.9 — Ҳимоят аз ҳуқуқи тоҷикон ва тоҷикистониён дар ҳар ҷое аз дунё.
2.10 — Ҳамкорӣ ва мушовира бо дастгоҳи қонунгузори Ҷумҳурии Тоҷикистон (порлумон) ҷиҳати ислоҳ ва ё пешниҳоди тасвиби қонунҳо;
2.11 — Талош барои бозгашти тадриҷӣ ба хатти модарӣ (порсӣ);
2.12 — Ба даст овардани ҳурмат ва шукӯҳи аз дастрафта ва касби ҷойгоҳи шоистаи шаҳрвандони Тоҷикистон дар дохил ва хориҷ;
2.13 — Парвариши кодрҳои шоиста ва коромад дар бахшҳои мухталиф;
2.14 – Ислоҳоти тадриҷӣ дар системаи маорифи кишвар бо истифода аз таҷрибаи ғании бумӣ ва барӯзрасонии барномаҳои он бар асоси меъёрҳои (стандартҳои) байналмилалӣ;
2.15 — Таваҷҷӯҳ ба саломати мардум ва мутобиқсозии соҳаи хидматгузории тиббӣ бо меъёрҳои байналмилалӣ.
Моддаи 3 — Вазоифи Анҷуман:
3.1 – Таҳия ва чопи китобҳои илмӣ ва омӯзишӣ ва бозбинӣ ва бознависии китобҳои дарсӣ аз давраҳои ибтидоӣ то донишгоҳҳо;
3.2 — Бознависии торихи тоҷикон ва поксозии он аз таҳрифҳое, ки дар он сурат гирифта ва ҳамчунин озод кардани он ҳар гуна идеулужӣ;
3.3 — Ҳимоят ва арҷгузорӣ аз шахсиятҳои илмӣ ва ҳунарии тоҷик;
3.4 – Таъсиси радио, телевизион ва сойтҳои интернетӣ;
3.5 – Роҳандозии давраҳои омӯзишии кӯтоҳмуддат ба манзури такмили ихтисос дар соҳаҳои мухталиф;
3.6 — Талош барои ислоҳи қонунҳои мухолиф бо арзишҳои демукросӣ ва инсонӣ ва ҳуқуқии байналмилалӣ;
3.7 — Пешниҳоди тасвиби қонунҳо дар дастгоҳи қонунгузории Тоҷикистон (порлумон) бар асоси меъёрҳое, ки таъминкунандаи каромати инсонӣ, мувофиқ бо фарҳанги миллӣ ва динӣ, тазминкунандаи ҳамзистии қишрҳои гуногуни ҷомеа, новобаста аз миллият ва дину мазҳаб, бошад;
3.8 — Ҳамкорӣ бо созмонҳои ҳуқуқи башар барои баргардондани ҳаққи аҳзоб ва гурӯҳҳои мухолиф ва зиндониёни сиёсӣ ба онҳо;
3.9 – Дифоъ аз ҳаққи озодии баён дар Тоҷикистон;
3.10 — Эҷоди муҳити солим ва рақобатпазир дар фазои иттилоотии кишвар;
3.11 — Кӯмак ба системаи маорифи кишвар, бо таҳияи дарсҳои омӯзишӣ дар фазои маҷозӣ (сойти расмии Анҷуман) ва ҳамчунин ироаи барномаҳои мухталифи омӯзишӣ;
3.12 – Имзои тафоҳумнома ва ҳамкориҳои дутарафа бо созмонҳои байналмилалӣ ба манзури мубодилоти фарҳангӣ, ҳуқуқӣ, илмӣ, омӯзишӣ, ҳунарӣ, синамоӣ, хабарӣ ва матбуотӣ ва ҷалби онҳо барои кӯмак ба Тоҷикистон;
3.13 – Баргузории ҳамоишҳо, конфронсҳо ва ҷашнвораҳо;
3.14 – Ширкат дар конфронсҳо ва ҳамоишҳои байналмилалӣ;
3.15 – Ширкати фаъол дар расонаҳои ҷаҳонӣ (шабакаҳои моҳвораӣ, рӯзномаҳо ва сойтҳои хабарии матраҳ) бо навиштани мақолаҳо ва таҳлилҳо дар бораи Тоҷикистон ва бозгӯ кардани ҳақоиқ дар бораи кишварамон;
3.16 – Ширкат дар конфронсҳо ва ҳамоишҳои оид ба ҳуқуқи башар ба манзури дифоъ аз ҳуқуқи тоҷикон;
3.17 – Ҳамкорӣ бо созмонҳо, анҷуманҳо, аҳзоб ва соири ниҳодҳои илмӣ ва фарҳангӣ барои сохтани Тоҷикистони навин ва демукротик ва пешрафта.
Фасли дуввум – Аркон:
Аркони Анҷуман иборатанд аз:
1 – Муассисони Анҷуман;
2 – Маҷлиси умумии Анҷуман;
3 – Шӯрои Раҳбарии Анҷуман;
4 – Риёсати Иҷроияи Анҷуман;
5 – Масъули Риёсати Иҷроияи Анҷуман;
6 – Сухангӯи Анҷуман;
Моддаи 4 – Муассисони Анҷуман:
4.1 – Муассисони Анҷуман иборатанд аз:
Ҳаким Раббимпур
Алим Шерзамонов
Равшан Темуриён
Сайидюнус Истаравшанӣ
Темур Варқӣ
4/2 – Муассисони Анҷуман ӯҳдадоранд нахустин ҳайъати Шӯрои Раҳбарии Анҷуманро интихоб кунанд.
Моддаи 5 – Маҷлиси умумии Анҷуман:
5.1 – Олитарин мақоми Анҷуман, Маҷлиси умумии Анҷуман мебошад, ки муташаккил аз намояндагони (вакилони) Анҷуман буда, дар ҳар ду сол як маротиба баргузор мешавад;
5.2 – Замон ва макони баргузории Маҷлиси умумии Анҷуман ва низ рӯзномаи онро Шӯрои Раҳбарии Анҷуман муайян мекунад;
5.3 – Маҷлиси умумии Анҷуман дар сурати ҳозир будани аз се ду ҳиссаи намояндагон баргузор мешавад;
5.4 – Қарорҳо ва мусавваботи Маҷлиси умумии Анҷуман бо раъйи аксарияти аъзо қабул мешавад;
5.5 – Маҷлиси умумии Анҷмуман ӯҳдадор аст:
— Шӯрои Раҳбарии Анҷуманро интихоб намояд;
Табсираи 1 – Таъйини адади Шӯрои Раҳбарии Анҷуман, ки аз чанд нафар иборат хоҳанд буд, бар ӯҳдаи Маҷлиси умумии Анҷуман аст, бо ин шарт, ки тоқ бошанд, на ҷуфт.
— Комиссияи тафтишотиро бо пешниҳоди Шӯрои Раҳбарӣ интихоб намояд;
— Ойинномаи Анҷуманро қабул ва тасдиқ ва ҳамчунин дар он тағйиру иловаҳо ворид созад;
— Орми Анҷуманро тасдиқ ва қабул намояд.
Моддаи 6 — Шӯрои Раҳбарии Анҷуман:
6.1 – Вазоиф ва ихтиёроти Шӯрои Раҳбарии Анҷуман иборатанд аз:
— баррасӣ ва таъйини сиёсатҳо ва роҳбурдҳои куллии Анҷуман;
— баррасӣ ва тасвиби тарҳҳо ва барномаҳои баландмуддат ва миёнмуддати Анҷуман;
— назорат бар ҳусни иҷрои сиёсатҳои Анҷуман ва бар амалкарди Риёсати Иҷроияи Анҷуман;
— таъйини сохтори Риёсати Иҷроияи Анҷуман ва интихоби дастандаркорони он;
— интихоби Сухангӯи Анҷуман.
6.2 — Ҷаласоти Шӯрои Раҳбарии Анҷуман бо пешниҳод ва мувофиқати 1/5 аъзои Шӯрои Раҳбарӣ баргузор мешавад.
Табсираи 1 — Баргузории ҷаласоти Шӯрои Раҳбарии Анҷуман ҳаддиақал дар се моҳ як бор зарурист.
6.3 — Ҷаласоти Шӯрои Раҳбарӣ бо ҳузури аксарияти аъзо расмият меёбад ва мусавваботи он бо раъйи аксарият ва на камтар аз панҷ ду ҳиссаи кулли аъзои Шӯрои Раҳбарӣ қабул мешаванд.
Моддаи 7 – Риёсати Иҷроияи Анҷуман:
7.1 – Иҷрои тамоми барномаҳо ва тарҳҳои мусавваби Шӯрои Раҳбарии Анҷуман, бар ӯҳдаи Риёсати Иҷроияи Анҷуман мебошад;
7.2 – Сохтори Риёсати Иҷроияи Анҷуман (ки аз кадом бахшҳо иборат аст) ва низ масъули он, аз сӯи Шӯрои Раҳбарии Анҷуман таъйин мешавад;
7.3 – Дастандаркорони Риёсати Иҷроияи Анҷуман, ба ҷуз масъул ва муовинон, метавонанд афроде бошанд аз беруни Шӯрои Раҳбарӣ, ки бо салоҳдиди Шӯрои Раҳбарӣ барои ин вазоиф таъйин мешаванд.
Моддаи 8 – Масъули Риёсати Иҷроияи Анҷуман:
8.1 – Масъули Риёсати Иҷроияи Анҷуман аз тарафи Шӯрои Раҳбарии Анҷуман интихоб мешавад;
8.2 – Масъули Риёсати Иҷроияи Анҷуман ӯҳдадор аст:
— Риёсати Иҷроияи Анҷуманро бо тамоми бахшҳояш идора аз аз болои онҳо назорат ба амал оварад;
— ба Шӯрои Раҳбарии Анҷуман аз раванди иҷрои умур ҳисобот диҳад;
Моддаи 9 – Сухангӯи Анҷуман:
9.1 — Сухангӯи Анҷуман аз миёни аъзои Шӯрои Раҳбарӣ барои муддати як сол интихоб мешавад. Ӯ вазифадор аст заминаро барои ташкили ҷаласоти Шӯрои Раҳбарӣ фароҳам кунад ва дар вақти муқаррар аъзоро гирд оварад. Ҳамчунин вазифа дорад Анҷуманро дар конфронсҳо ва ҳамоишҳои байналмилалӣ намояндагӣ кунад.
Моддаи 10 – Анҷуман метавонад дар ҳар нуқтае аз дунё шӯъбаи худро боз карда ва дар чорчӯби қонунгузории кишвари мизбон фаъолият намояд.
Моддаи 11 — Комиссияи тафтишотии Анҷуман:
11.1 – Аъзои Комиссияи тафтишотии Анҷуман (ҳаддиақал 3 нафар) бо пешниҳоди Шӯрои Раҳбарии Анҷуман дар Маҷлиси умумӣ интихоб мешаванд ва ӯҳдадор аст:
– фаъолияти ҳамаи шохаҳо ва бахшҳоро тафтиш намояд;
– дар Маҷлиси умумии Анҷуман ҳисобот бидиҳад.
Фасли севвум — Қатъи фаъолияти Анҷуман.
Моддаи 12 — Фаъолияти Анҷуман бо қарори Маҷлиси умумии Анҷуман бо мувофиқати аз се ду ҳиссаи оро ба манзури барҳамдиҳӣ ва ё таъсиси муҷаддад, бар асоси қарори суд, қатъ мегардад.
ИЗҲОРИ НАЗАРҲО