
АЛИМ ШЕРЗАМОНОВ
Алим Мамадрасулович Шерзамонов, зодаи 24 декабри соли 1964 дар шаҳри Хоруғи ВМКБ Тоҷикистон аст. Ӯ аз 1972 то 1982 дар мактаби миёнаи №8 шаҳри Хоруғ таҳсил ва аз 1983 то 1985 дар артиши Шӯравӣ хидмат кардааст.
Шерзамонов соли 1986 дар Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон дар риштаи математикаи амалӣ таҳсилашро оғоз ва соли 1991 аз он фориғуттаҳсил шудааст. Ва ҳамчунин дар Донишгоҳи давлатии Хоруғ низ дар ҳамин ришта таҳсил намуда соли 2004 аз он фориғуттаҳсил гардида.
Фаъолияти меҳнатӣ:
1982-1983, 1985-1986 коргар дар корхонахои сохтмонии шаҳри Хоруғ;
1991-1997 муҳосиб дар шӯъбаи маорифи шаҳри Хоруғ;
1997-2012 омӯзгори фаннҳои риёзӣ ва технологияи информатсионӣ дар мактаҳои № 7 ва 8-и Хоруғ;
Фаъолияти ҷамъиятӣ-сиёсӣ:
Узви Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон (ҲСДТ) аз соли 2001, Раиси созмони шаҳри хоруғии ҳамин ҳизб аз соли 2005, Раиси созмони вилоятии ҲСДТ дар ВМКБ аз соли 2010, дар се интихоботи гузашта номзад ба вакилии МН МО ҶТ.
Оиладор, соҳиби се фарзанд.
Дар ҳоли ҳозир дар муҳоҷират дар Утриш (Австрия) қарор дорад.
ИЗҲОРИ НАЗАРҲО