РАВШАН ТЕМУРИЁН

Равшан Темуриён мутаваллиди шаҳри Душанбеи Ҷумҳурии Тоҷикистон аст. Ӯ фориғуттаҳсили бахши рӯзноманигории риштаи забон ва адабиёти Донишгоҳи Давлатии Тоҷикистон (1984), ҳамчунин фориғуттаҳсили давраҳои вижаи забонҳои англисӣ, фаронсавӣ, рӯзноманигории байналмилалӣ ва равобити умумӣ дар донишгоҳҳои МкГилл ва Конкордиаи Конодо (2001-2004) ва Маркази таълимӣ (Коллеҷ)-и шаҳри Монтреали Конодо ба номи Ҷеймс Линг (1999-2001) аст. Вай дорои мадраки лисонси риштаи табъу нашр ва низ дизойни Донишкадаи текнулужии Ройзмаунти Конодо (2005) низ мебошад.

Равшан Темуриён аз соли 1984 то 1991 дар Кумитаи радио ва телевизиони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба унвони хабарнигор, муҳаррир ва шореҳ кор кардааст. Ӯ барандаи ҷоизаи Иттиҳоди синамогарони Тоҷикистон дар соҳаи нақди синамост (1987).

Вай аз моҳи январи соли 1992 сухангӯи Кумита (вазорат)-и дифои Тоҷикистон ва сипас аз моҳи майи соли 1992 то январи 1993 сухангӯи Ҳукумати Тоҷикистон будааст.

Темуриён аз моҳи январи соли 1993 дар муҳоҷират ба сар мебарад.

Ӯ дар солҳои 1995 – 1999 корманди бахши тоҷикии Радиои Урупои Озод/Радиои Озодӣ дар шаҳри Прагаи ҷумҳурии Чек буда.

Аз авосити соли 1999 то ба имрӯз дар Конодо иқомат дорад.

Темуриён аз соли 2002 то 2012 устоди улуми сиёсӣ дар Донишгоҳи Монтреали Конодо, ҳамзамон аз соли 2005 то ин замон мушовир ва тарҷумони ширкати вакилони “Вайс Фердоусси” ва аз соли 2017 мутарҷими ширкати тарҷумонии «Келинӣ» дар шаҳри Монтреали Конодо аст.

Бунёдгузор ва раҳбари Ҷомеаи тоҷикони Конодо (аз январи соли 2005).