САЙИДЮНУС ИСТАРАВШАНӢ

0004Сайидюнус Истаравшанӣ зодаи соли 1969 дар шаҳри Истаравшани Тоҷикистон аст. Ӯ пас аз хатми мактаби миёна, вориди Донишкадаи рассомии шаҳри Саратови Русия шуд, вале соли 1989 онро нотамом гузошта озими шаҳри Тошканди Ӯзбекистон шуд ва дар маҳзари Домулло Маъруфҷони Истаравшанӣ чанд соле ба таҳсили улуми динӣ пардохт.

Истаравшанӣ аз соли 1994 то соли 1999 дар Донишгоҳи байналмилалии Мустафо (с)-и Эрон дар риштаи фалсафа ва маорифи исломӣ таҳсил ва дар соли 2001 вориди Донишгоҳи Димишқи Сурия дар риштаи “Фалсафа ва ҳикмат” шуд ва то соли 2007 машғули таҳсил дар ин маркази илмӣ буд ва ноил ба дарёфти мадраки коршиносии аршад (фавқуллисонс)-и ҳамин ришта шуд.

Ӯ аз соли 2008 то охирҳои соли 2014, ҳамзамон бо таҳсил дар риштаи Иҷтиҳоди исломӣ, ҳамчунин дар Донишгоҳи байналмилалии Мустафо (с)-и Эрон ба ҳайси устоди фалсафа машғул ба кор шуд.

Истаравшанӣ дорои беш аз 21 таълиф (аз ҷумла “Бидоятул-мубтадӣ”, “Омӯзиши мантиқ”, “Дарсҳое аз ахлоқ”, “Даромаде бар балоғат ва фасоҳати арабӣ”, “Германавтика аз нигоҳи Хойдегер”, “Омӯзаҳое аз Қуръон” ва ғайра) ва низ мақолоти илмӣ ва таълиқот бар кутуби мухталифи динӣ ва фалсафӣ мебошад.