Дархости узвият дар Анҷуман

Тибқи моддаи 1-уми Ойинномаи “Анҷумани Озодандешони Тоҷик”, ҳар тоҷикистонӣ ва низ тоҷики бурунмарзӣ, сарфи назар аз ҷинсият, ақидаи сиёсӣ, мансубияти мазҳабӣ ва ҳизбӣ, ба шарти мувофиқат ва пойбандӣ бо ҳадафҳои Анҷуман, ки дар Ойинномаи он зикр шудааст, метавонад узви ин Анҷуман гардад.

Аз ин рӯ, алоқамандон ба узвият дар Анҷуман, бояд формаи зеринро такмил кунанд. Баъд аз баррасӣ ва мувофиқати Шӯрои Раҳбарӣ, натиҷаи он ба шумо эълом хоҳад шуд. Лозим ба зикр аст, ки ҳувияти шумо ва низ маълумотатон, пеши мо амонат аст ва ба ҳеч ваҷҳ ифшо нахоҳад шуд.

Реклама