
ТЕМУР ВАРҚӢ
Темур Варқӣ — рӯзноманигор, пажӯҳишгар, таҳлилгар, шоир, мутарҷими осори классикии форсӣ ба забони русӣ, дар соли 1962 дар шаҳри Душанбе ба дунё омадааст.
Вай, баъд аз хатми мактаби миёна, вориди донишгоҳ шуда ва дар риштаи забон ва адабиёти рус таҳсил кард. Пас аз фориғуттаҳсилӣ аз донишгоҳ, дар соли 1984 бо муаррифиномаи мудирияти донишгоҳ, ба Академияи улуми Тоҷикистон ва Донишкадаи забони русии ба номи Рӯдакӣ муаррифӣ гардид.
Варқӣ забони русиро дар Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон барои донишҷӯёни хориҷӣ тадрис мекард.
Ӯ аз соли 1987 то соли 1989 дар Академияи улуми Шӯравӣ дар Донишгоҳи Виноградови Маскав, давраи такмили ихтисоси худро гузарондааст.
Аз замони донишҷӯӣ мақолоти худро дар маҷаллаи адабии русизабони “Памир” ба ҳайси рӯзноманигор ба чоп мерасонд ва аз ҳамон овон ҳамчун рӯзноманигор, шоир ва мутарҷими хуб шинохта шуда буд.
Темур Варқӣ аз соли 1989 то 1992 дар расонаҳои миллии тоҷик адои вазифа намудааст. Дар он замон, ба унвони хабарнигори рӯзномаи “Комсомолец Таджикистана” ва муҷрии барномаи телевизионии Ожонсии хабарӣ-таҳлилии “Постфактум” барномаҳои таҳлилӣ-хабариро ба забони тоҷикӣ иҷро менамуд.
Дар соли 1992 аввалин рӯзномаи мустақилли Тоҷикистон – “Таджик-Пресс”-ро таъсис ва ба ҳайси мудири он адои вазифа кард.
Варқӣ аз авохири соли 1992 дар муҳоҷират ба сар мебарад.
Ҳудуди 14 сол дар радиои русии ВВС дар Маскав ба ҳайси хабарнигори вижа ва ҳомии барномаҳои он адои масъулият намудааст.
Ҳамчунин ба унвони хабарнигор ахбори ҷараёни Оштии милии Тоҷикистонро дар Кобул, Теҳрон, Ишқобод ва Маскав пӯшиш додааст.
Ва низ ба унвони хабарнигори вижаи ВВС, дар Оштии миллии тарафҳои даргири Тоҷикистон ва ба имзо расидани созишномаи он ширкат доштааст.
Дар радиои ВВС, радиои Маяк ва Радиои Русия вижабарномаҳои зиддитеррористӣ алайҳи Толибонро ба иҷро даровардааст.
Варқӣ сардабирӣ ва коргардонии барномаҳои телевизионии аввалин телевизиони мустақилли моҳвораии тоҷикзабон – Сафо Тв-ро бар ӯҳда доштааст.
Ашъори баргардоннамудаи Темур Варқӣ ба забони русӣ мақоми болоеро аз сӯйи шоирони русзабон соҳиб гашта ва дар маҷаллоти адабии Русия ва маҷаллоти русзабони соири кишварҳо, аз ҷумла, маҷаллаи “Дружба народов”-и Русия, “Портфилио”-и Конодо, “Южное сияние”-и Укройн ба чоп расидаанд.
Темур Варқӣ дар бисёре аз ҷашнвораҳои адабии Русия ширкат намуда ва ҷавоизеро азони худ намудааст.
Вай дар ҳоли ҳозир дар кишвари Фаронса муқим аст.
ИЗҲОРИ НАЗАРҲО