
ҲАКИМ РАББИМПУР
Ҳаким Раббимпур Аҳмадиён зодаи 15 январи соли 1955 дар як хонаводаи зиёӣ дар шаҳристони Сиёби Самарқанд аст. Падари ӯ Раббим Аҳмадов низомӣ буд ва модараш Ҳоҷар Атоева омӯзгор.
Раббимпур соли 1972 мактаби миёнаи шумораи 95 ба номи Мирзо Турсунзодаро хатм ва аз баҳори соли 1973 то 1975 дар саффи артиши Шӯравии собиқ хидмат карда.
Раббимпур аз соли 1982 ва баъд аз хатми донишкада, дар Идораи сохтмонсозии «Самаркандстройместпром» ба унвони сардори сохтмонсозӣ ва аз соли 1984 то соли 1991 дар «Стройрембыть» ба ҳайси муҳандиси калон кор кардааст. Ҳамчунин аз соли 1991 масъули Маркази фарҳангии тоҷикони Самарқанд (то замони қатъи фаъолияти он) будааст.
Раббимпур яке аз бунёдгузорони ҳаракати сиёсӣ ва фарҳангии тоҷикони Ӯзбекистон аст. Ӯ дар якчанд ҳамоишҳо, семинорҳо ва конфронсҳо доир ба ҳуқуқи башар дар шаҳрҳои Маскав, Челябинск, Алмаато, Тошканд, Ишқобод ва Душанбе ширкат ва суханронӣ кардааст.
Ҳаким Раббимпур узви чандин анҷумани тоҷикон аз ҷумла «Пайванд» ва низ узви ҷамъияти «Растохез» буд. Ӯ, ба далели дифоъ аз ҳуқуқи тоҷикони Ӯзбекистон дар шаҳри Самарқанд чандин бор ҳамроҳ бо ҳамандешонаш гуруснанишинӣ, пикет ва гирдиҳамоӣ роҳ андохтааст. Ҳамеша таҳти таъқиби Кумитаи амният буда. Раббимпур узви Шӯрои олии ҳаракати сиёсии тоҷикони Самарқанд ва раиси бахши ҷавонони ин ташкилот буд. Раббимпур мақолаҳое дар расонаҳои мухталифи маҳаллӣ ва байналмилалӣ ва ҳамчунин мусоҳибаҳое доштааст.
Ӯ аз соли 2008 дар Омрико муқим аст. Хонадор ва дорои чаҳор фарзанд аст.
ИЗҲОРИ НАЗАРҲО