ҶАМШЕД ЁРОВ

Ҷамшед Равшанович Ёров, соли таваллуд 13 сентябри 1974. Зодаи шаҳри Душанбе.

Соли 1991 таҳсили ибтидоиро дар мактаби миёнаи № 11 шаҳри Душанбе ба итмом расонида ҳамон сол ба факултаи биологияи Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон дохил шуд.

Аз соли 1997 то 1999 дар Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотӣ ва лоиҳакашии хоҷагии ҷангали Тоҷикистон аз лаборант то коркуни калони илмӣ кору фаъолият намудааст.

Соли 2000 ба факултаи ҳуқуқшиносии Донишкадаи Андоз ва Ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил шуда онро соли 2004 хатм намудааст.

Аз 2004 то 2008 ба соҳибкорӣ машғул буд.

Аз декабри соли 2008 то моҳи майи соли 2009 таҷрибаомӯз дар Коллегияи Адвокатҳои шаҳри Душанбе.

Дар 15 феврали соли 2009 мақоми адвокатиро доро шуда то 27 июни соли 2016 ҳамчун адвокат дар Коллегияи адвокатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Сипар” кору фаъолият кардааст.

Вобаста ба фаъолияти адвокатиаш 2 маротиба ба ҷавобгарии “ҷиноятӣ” бидуни ҳеч иттиҳоми муваҷҷаҳ кашида шудааст: октябри соли 2015 ва августи соли 2016.

Аз 23 августи 2016 то 30 сентябри 2016 дар ҳабс қарор дошт.

Оиладор, соҳиби 4 фарзанд.

Аз январи соли 2017 то айни ҳол дар Лаҳистон дар муҳоҷират ба сар мебарад.

Реклама