Ахбори Анҷуман

Анҷумани Озодандешони Тоҷик чӣ гуна таваллуд ёфт?

Зодгоҳи Анҷуман фазои маҷозӣ аст, яъне шабакаи иҷтимоии Фейсбук. Тафсили андешаи роҳандозии он бад-ин шарҳ аст, ки дар торихи 9 ноябри соли 2015 киё Ҳаким Раббимпур дар сафҳаи худ дар Фейсбук ёддоште навишт ва дар он аз вазъи сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии тоҷикҳо ба шиддат шиква карда ва ба унвони роҳи ҳал, пешниҳод намуд, ки лоақал як сойт роҳандозӣ шавад ва нухбаҳои ҷомеа — аз сиёсатмадорон, рӯшанфикрон, ҳунармандон, нависандаҳо, рӯзноманигорон ва ғайра — назар ва дидгоҳҳои худро бинависанд ва роҳро аз чоҳ нишон бидиҳанд ва коре кунанд, ки мо тоҷикҳо худамонро шиносем ва бидонем, дар куҷои дунё қарор гирифтаем ва ба куҷо меравем…

Як рӯз пас аз он, яъне дар торихи 10 ноябр, Сайидюнус Истаравшанӣ бо истиқбол аз пешниҳоди ҷаноби Раббимпур, ёддоште дар сафҳааш навишт бад-ин шарҳ:

* * *

«Пешниҳоди хубе аст, вале ба назар мерасад, роҳандозии фақат як сойт ҳеч гиреҳе аз мушкил нахоҳад гушод, ин сойт ҳам дар қатори даҳҳо ва балки садҳо сойти мавҷуд қарор гирифта ва чандон таъсиргузор воқеъ нахоҳад уфтод.

Бинобар ин, роҳи ҳалл ба назари банда дар ин марҳила он аст, ки нухбагон ва дилсӯзон — аз рӯшанфикрон, ҳунармандон, нависандаҳо, рӯзноманигорон, иқдисоддонҳо ва ғайра — дар хориҷ аз кишвар (зеро дар дохил имкони он нест) як анҷуман таъсис кунанд (масалан, Анҷумани рӯшанфикрони тоҷик). Анҷумане, ки ҳамму ғаммаш фаротар аз масоили сиёсӣ бошад. Анҷумане, ки ҳатто ба сиёсатмадорони мавҷуд (манзурам, раҳбарони аҳзоб ва сиёсатмадорони опозисиюн) роҳ нишон бидиҳад ва барояшон бигӯяд, авлавияти корашон дар ин марҳила бояд чӣ бошад?! Анҷумане, ки барномааш пеш аз ҳама зинда нигаҳ доштани инсони тоҷик бошад; инсоне, ки гузашта аз он ки фарҳангаш рӯй ба нобудист, имрӯз ҳатто худаш дар маърази нобудӣ қарор гирифта…

Имрӯз дар хориҷ аз кишвар нухбаҳои тоҷик ҳар як дар ҷойе кор ва фаъолият мекунанд ва дилашон барои миҳанашон месӯзад (дар ин тардиде нест), вале чизе ки онҳоро гирди ҳам оварад ва бо ҳам барои кишвар коре бикунанд, нест мутаассифона…

Агар азизон мувофиқанд, хоҳиш мекунам назар ва дидгоҳ ва раъйи худро дар ин мавзӯъ иброз бидоранд. Пешниҳоди шахсии банда он аст, ки ин муҳимро азизоне, ки дар Урупо ва ё Омрико муқим ҳастанд, ба ӯҳда бигиранд ва онро дар пойтахтҳои яке аз кишварҳои урупоӣ сабти расмӣ намоянд.»

* * *

Ин пешниҳод бо истиқболи гарми шуморе аз нухбаҳои тоҷик рӯ ба рӯ шуд ва баъзе аз онҳо дар ёддоштҳои кӯтоҳ назари худро иброз доштанд, ки бархе аз онҳо ба шарҳи зерин аст:

Ҳаким Раббимпур: Ба фикратон розиям… Мақсади мо ҳам сохтани тоҷики нав, ки ифтихори миллату давлат ва омода ва тавоно ва дар ҳар шароите қудрати худдифоӣ дошта бошад аст…

Равшан Темуриён: Беҳтарин идея аст бародари гиромӣ Сайидюнуси Истаравшанӣ! Дар ин қариб чоряк аср истилоҳҳои рӯшанфикр, интеллигент, фарҳангӣ ба як мафҳумҳои абстрактӣ, лагандбардор, тарсу, бетараф ба тақдири худ, ба фарҳангу миллати худ табдил ёфтааст. Воқеан, таъсиси чунин анҷуман бо шарте ки унвонаш Анҷумани рӯшанфикрони тоҷик ё бо номе шабеҳи он бошад, хеле зарур аст ва хусусан дар ин марҳилаи таърихӣ. Бале, ин анҷуман фаротар аз он масоили сиёсиву иҷтимоӣ бояд бошад, зеро миллат бе рӯшанфикр, бидуни бедорӣ, бе фарҳанг наметавонад рушд кунад ва ё ба мақсадхои сиёсиву миллии хеш бирасад. Хуб мешуд, рӯшанфикрони дохилу беруни Тоҷикистон ба ин баҳс кашонда мешуданд, то тавонем фикри ҳамаро бишнавем ва баъд аз баррасиҳо тавонем ба натиҷае бирасем. Ва фикр накунам роҳандозӣ ва сабти Анҷуман, ки Шумо идеяи таъсиси онро дар ин марҳилаи сарнавиштсози миллат ироа намудед, дар Конодо, Омрико ва ё Урупо кори чандон сахту душвор бошад. Назари дӯстони мо — рӯшанфикрон, минчумла, нависандагону рӯзноманигорон ва ҳунармандон дар баробари ин пешниҳод хеле муҳим аст.

Алим Шерзамонов: Албатта ман бо шумо сад дар сад ҳамнавоям. Он чизе, ки шумо пешниҳод кардаед, худ таърифи ҷомеаи маданист, ки мутаассифона на ҳамаи мо ин мафҳумро дуруст мефаҳмем. Маҳз ҷомеаи шахрвандии орӣ аз афзалиятҳои сиёсӣ…

Маҳмудхон Бурҳонов: Ба назар мерасад, ин пешниҳод дар воқеъ эҳёи ҳамон наҳзатест, ки Аҳмади Дониш таҳти унвони «Маорифпарварон» оғоз карда буд, вале мутаассифона таваллуд наёфта мурд. Бародароне, ки ба ин пешниҳод эрод гирифтаанд, ба гумонам ба умқи ин масъала пай набурдаанд, ки решаи тамоми бадбахтии ҷомеаи мо дар садсолаи ахир дақиқан надоштани як наҳзат ва ҷараёни РАВШАНФИКРӢ дар кишварамон мебошад. Асосан тухми пешрафт дар ҷавомеи пешрафтаи имруза то сад соли пеш дар байнашон кошта шуда буд, он тухми мубораку маймун ҳамон тухми РАВШАНФИКРӢ буд, ки мутаассифона ҷомеаи мо мардуми Осиёи Миёна аз ин иттифоқи муборак маҳрум монд ва дақиқан ба хотири ҳамин маҳрумият имруз мо гирифтори ҳама гуна бадбахтӣ ва осеб гаштаем.

Ин ҷараён — ҶАРАЁНИ РАВШАНФИКРӢ як наҳзати сиёсӣ, ё як ислоҳоти иқтисодӣ, ё як бедории динӣ ва ҳатто як ҷаҳиши илмӣ ҳам набуд. Балки ҶАРАЁНИ РАВШАНФИКРӢ як ОГОҲИИ ФАЛСАФӢ мебошад ва танҳо ҳадяе ки ин ҷараён ба армуғон меовард, ин ХУДШИНОСӢ ва ЗАМОНШИНОСӢ аст.

Вақте ҷомеъае худро шинохт ва фаҳмид, ки дар чи замоне қарор дорад, худ ба худ ҳамаи ҷанбаҳои зиндагии он аъам аз сиёсат, иқтисод ва илму фарҳанг бо ҳам ҳамоҳанг мегардад ва ба сурати системотик ва худкор мукаммили якдигар гашта ҷоеро барои рахнаи фасод боқӣ намегузорад.

Умедворам агарчи хеле дер, вале ин офтоби падидаи муборак дар ҷомеъаи мурдаи мо ҳам ба зудӣ тулуъ кунад ва сояи шуму сиёҳи БЕХАБАРӢ АЗ ХУД ВА ЗАМОНАИ ХУД — ро барандозад.

* * *

Дар торихи 13 ноябри 2015, яъне пас аз се рӯз аз пешниҳоди таъсиси Анҷуман ва баҳсу табодулҳои назар пиромуни он, Сайидюнуси Истаравшанӣ ёддоште дигар навишт ба ин шарҳ:

* * *

Бо тарҳи таъсиси Анҷумани рӯшанфикрони тоҷик — ки ҷараққааш аз сӯи ҷаноби оқои Ҳаким Раббимпур зада шуд ва банда дар ёддоште ҷудо дар сафҳаам дар Фейсбук дар бораи зарурати он навиштам — шуморе аз азизон аз тариқи паёмҳои хусусӣ аз ангезаи пешниҳоди таъсиси он пурсиданд, ва бархе ҳам мегуфтанд, аслан оё ниёзе ба он ҳаст, ва ҳамчунин бархе ҳам, бо шакку тардид бо ин пешниҳод бархӯрд карданд, ва азизоне ҳам пайдо шуданд, ки зимни мухолифат, бо киноя мегуфтанд, шумо кӣ ҳастед, ки инчунин пешниҳоде матраҳ мекунед? Магар касе дигар набуд?

Бинобар ин, лозим дидам, дар ин ёддошт, матлабро возеҳтар ва дар бораи зарурати он рӯшантар қаламфарсойӣ бикунам.

Мухтоби банда дар ин ёддошт, пеш аз ҳама, ҳамин азизон ҳастанд ва албатта нависандаҳо, шоирон, рӯзноманигорон, ҳунармандон ва куллан нухбагони ҷомеаи имрӯзамон.

1. Аввалан, банда дар ин миён ҳеч кора ҳастам. Инро ба вузуҳ аз ҳамин оғоз бароятон арз кунам, танҳо ин ки бо илҳом аз пешниҳоди ҷаноби оқои Раббимпур, пеши худам гуфтам, чӣ беҳтар мебуд дарди дили оқои Раббимпурро – ки дар воқеъ дарди дили ҳар яки мост – дар ёддоште ҷудо ва дар қолиби пешниҳоди таъсиси анҷумани рӯшанфикрон матраҳ кунам, то шояд нухбаҳои азизамон даст ба кор шаванд ва барои таъсиси инчунин созмоне камар бибанданд. Тамоми достон ҳамин аст ва дигар ҳеч. Ин аввалан.

2. Ва сониян, наздик ба сад сол аст, ки тоҷик худашро гум кардааст, намедонад кист ва ҳувияташ кадом аст. Сад сол пеш замоне ки андаке бедор шуда буд ва мехост, ба худаш сару сомоне бидиҳад, мавриди таҷовузи болшевикҳо қарор гирифт ва он гоҳ 70-у анде сол зери юғи кумунистҳо, аз худ бегонатар шуд ва дуртар. Пас аз касби истиқлол (истиқлоли таҳмилӣ), агар ҳар балое бар сари ин миллат фуруд омад, сабабаш азхудбегонагӣ, раҳгумӣ ва ба илова дар ин аст, ки тоҷик мехоҳад хештанро дар вуҷуди дигарон биёбад. Ва ҳатто инки агар имрӯз давлати беъурзае бар ӯ ҳукумат мекунад, сабабаш пеш аз он ки сиёсӣ бошад, азхудбехабарист. Ва ҳодисаҳои дилхароше, ки имрӯзҳо дар дохил ва хориҷи кишвар бо мо иттифоқ меуфтад ва ҳамагон шоҳиди онҳо ҳастем (мисли ин ки шумори қобили таваҷҷӯҳе аз ҷавонони азизамон дар доми гурӯҳе ифротгаро ва терурист қарор мегиранд ва кушта мешаванд, ҷавонони муҳоҷир дар берун аз кишвар мавриди анвоъи таҳқирҳо ва иҳонатҳои бегонагон қарор мегиранд ва ғайра аз мусибатҳои бешумор) ҳамаи инҳо реша дар азхудбегонагии мо дорад.

Хуб, ҳол пурсиш ин аст, ки чӣ касе барои ин миллат худашро бишносонад? Оё ҷуз донишмандон ва рӯшанфикрони ҷомеа?

Шояд суол кунед, магар ин муҳим бар дӯши даҳҳо ниҳоду муассисаҳои давлатӣ (аз қабили Окодемии улум ва ғайра..) нест, ки ҳоло ниёз ба роҳандозии ин анҷуман бошад?

Посух ин аст, ки дар ҳар кишвар ва ҷомеае, дар арзи ниҳодҳои давлатӣ, ки сару кораш ҳаминҳост, анҷуманҳо ва созмонҳои мустақилле, ки рисолате шабеҳи рисолати ниҳодҳои мазкурро доранд, фаъолият мекунанд. Барои чӣ? Ба ин далел, ки муассисаҳои давлатӣ, аҳёнан (ва балки ҳамеша) дар хатте қарор мегиранд, ки дастгоҳи сиёсат барояшон мекашад. Ин як воқеият аст ҳарчанд бисёр талх, ба хусус дар кишварҳое, ки низомашон диктотурӣ ва худкома аст. Яъне ҳувияти миллат, торихи миллат, ифтихороти миллат, забони миллат ва фарҳанги миллат, ки мебоист ниҳодҳо ва муассисаҳои илмии давлатӣ ба ҷомеа арза кунанд, ҳамон мешавад, ки ҳоким ва ё дастгоҳи ҳокима мехоҳад; ба гунае ки ҳувияти миллат дар он чӣ хулоса мешавад, ки ҳоким мехоҳад, ифтихороти миллат ҳамонҳо мешавад, ки барои ҳоким ифтихор маҳсуб мешавад, фарҳанги миллат дар фарҳанги ҳоким табалвур пайдо мекунад, забони ҳоким забони миллат мегардад…

Дар ин гуна маворид аст, ки анҷуманҳои рӯшанфикрии мустақил рисолати худро адо мекунанд ва воқеиятҳоро ба ҷомеа арза мекунанд.

Бинобар ин, агар имрӯз нухбаҳои тоҷик – ки биҳамдиллоҳ андак ҳам нестанд ва фаровонанд – ин муҳимро бар дӯш нагиранд ва даст ба кор нашаванд, чӣ касе барои мо ин корро анҷом медиҳад? Оё мунтазири моидае осмонӣ бошем, то аз осмон фуруд ояд ва пешамон гузоранд?

Ва ин ҳам, ки арз кардам, ки ин анҷуман дар берун аз кишвар таъсис шавад, ба ин далел аст, ки дар дохили кишвар таъсиси он шибҳи маҳол аст. Ва агар таъсис ҳам шавад, аз дахолатҳои беҷои мақомот дар амон намемонад. Зеро мутаассифона ҳукумати кунунӣ дӯст дорад, дар тамомии умурот дахолат кунад ва ҳатто дӯст дорад, фарҳанги мардум ва сару либосаш ҳам ҳамон гуна бошад, ки ӯ мехоҳад.

3. Ва солисан, сарфи назар аз ин ки пешниҳодкунандаи таъсиси ин анҷуман фарде будааст ба номи оқои Раббимпур ва ё Истаравшанӣ, оё асли ин тарҳ ва роҳандозии ин анҷуман як зарурат нест?

Мо ба ҷойи он ки бибинем, чӣ касе пешниҳод мекунад, бояд бибинем, чӣ чизе пешниҳод мешавад.

4. Ва робеъан ва аз ҳама муҳим, ин анҷуман як гурӯҳи сиёсӣ нест, ки пиндошта шавад, дар арзи аҳзоб ва гурӯҳҳои сиёсии дигар мехоҳад арзи андом кунад. Ба ҳеч ваҷҳ. Ин анҷуман ҳатто ниёз ба аъзо ва ҳаводори зиёд ҳам надорад. Кофист даҳ то бист нафар аз нухбагон ин муҳимро ба ӯҳда гиранд ва зимни тақсими кор фаъолият кунанд.

Ва аммо ин ки самту сӯйи фаъолиятҳои ин анҷуман чӣ хоҳад буд ва чӣ хоҳад кард, инро ойинномаи он муайян мекунад, ки дар ҷаласоти поягузоронаш тарҳрезӣ хоҳад шуд.

Дар поён, бори дигар аз азизони нухба аз нависандаҳо, шоирон, рӯзноманигорон ва ҳунармандон хоҳиш мекунам, дар ин бора фикр кунанд ва даст ба кор шаванд.

* * *

Бо мувофиқати шумори қобили таваҷҷӯҳе аз нухбаҳои тоҷик барои таъсиси Анҷуман, дар торихи 30 ноябри 2015 панҷ нафар – яъне Равшан Темуриён, Темур Варқӣ, Алим Шерзамонов, Ҳаким Раббимпур ва Сайидюнус Истаравшанӣ – ҷаласае барои таъсиси он аз тариқи Скайп баргузор карда ва зимни табодули назар, бар ин қарор омаданд, ки дар фазои маҷозӣ (Фейсбук) як гурӯҳи вижа таъсис ва дар бораи ҷузъиёти таъсиси Анҷуман ва асосномаи он ба баҳсу табодули назар бипардозанд.

Бад-ин тартиб, дар ҳамон торих (30 ноябр) гурӯҳе вижа дар Фейсбук барои ҳамин манзур роҳандозӣ шуд ва ин панҷ нафар ба унвони муассисони Анҷуман, ба баҳсу баррасӣ пардохтанд. Дар натиҷаи баҳсу табодули назарҳо, асосномаи Анҷуман ва низ орми он тартиб дода шуд. Сипас, яке аз муассисон сабти расмии Анҷуманро дар яке аз кишварҳои урупоӣ ба ӯҳда гирифт.

Ва қарор шуд, бо сабти расмии Анҷуман, ҷаласаи таъсисии он дар зудтарин замон баргузор ва расман мавудияти он эълом бишавад.

20 декабри соли 2015

 

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s