Ахбори Анҷуман

«Меҳр бастан мумкин, аммо вобаста будан хеле бад аст»

Мусоҳибаи Абдуқаюми Қаюмзод бо Равшани Темуриён, бунёдгузор ва раиси Анҷумани тоҷикони Конодо

— Чанд сол аст ки дар ғурбат ба сар мебаред? Зиндагӣ барои як рӯшанфикр дар ғурбат чи гуна мегузарад?

— Соли 23-ро пур мекунам, ки дар ғурбат ба сар мебарам. Ғурбат хонаи ман шудааст… Ва он аз ман ҷудо шуданӣ нест. Чӣ гӯям, бародари азизам? Мо соҳибватан будем, дар пойтахти кишварамон ба дунё омадем. Ҳар як хишту дарахти Душанберо ман медонам чӣ таърихе дорад. Киҳо онро сохт ва киҳо дар натиҷа соҳибӣ кард…

Аслан, ғурбат барои як рӯшанфикр хеле сангин аст. Ғурбат рӯшанфикрро фурӯ мебарад. Ин ҷо Ватан нест, эҳтироми ватанӣ, арҷи ватанӣ нест. Ин ҷо ҳама чизро аз сифр шурӯъ бояд кард ва он арҷу эҳтироми ватаниро барқарор бояд кард. Барои ин иродаи оҳанин зарур аст! Ин ҷо забономӯзӣ чун обу ҳаво зарур аст. Дар Конодо мисли дигар ҷоҳо як забон не, ду забонро бояд донӣ то нон пайдо намоӣ: инглисӣ ва фаронсавӣ.

Акнун тасаввур кунед, баъзе рӯшанфикрону ҳамроҳони мо дар 24 соли муҳоҷират як забонро наомӯхтаанду ду забонро кай ва чӣ тавр меомӯзанд?! Боз, ба назар гиред, ки мо чанд сола будем, ки ин ҷо ворид шудем?

Худоро шукр, бо “мӯи сафед қасди май хоҳам кард” (Хайём), дар ҳамин ҷо ба кор рафт. Бо “мӯи сафед” худро ба донишгоҳу донишкадаҳои конодоӣ задем, моҳҳову солҳо афтону хезон, дилтангу гирён, миёни ҷавонони 18-30-сола ба аудиторияҳои донишгоҳӣ баргаштем ва ниҳоят ду забонро омӯхтем. Забони инглисиам ба дараҷаи мардуми оми конодоист ва забони фаронсавиам барои иҷрои вазифаҳои кориам кифоят мекунанд. Мо аз баъзеҳо кам нестем, дар кӯча ҳам намондем, ҳамон ҳуқуқеро, ки дар радиои “Озодӣ” мегирифтем, ҳоло ҳам ҳамонро ба даст меоварем, сарпаноҳу ҳама чизи муҳими зарурӣ дорем, аз ҳама асосиаш ғурурамонро аз даст надодем, ва назди касе сар хам накардем ва худо хоҳад, дар оянда ҳам сар хам нахоҳем кард…

— Арзишҳо ва меъёрҳое, ки дар пояи онҳо тарбият ёфтему калон шудем комилан иваз шудаанд. Дар ҳар сурат зиндагӣ дар шӯравӣ аз зиндагии имрӯзӣ чӣ фарқ дорад?

— Шӯравӣ як ҷамъияти диктаторӣ-коммунистӣ буд, озодӣ набуд, ҳизби коммунист муайян мекард, ки кӣ ва чӣ тавр бояд зиҳад. Дуруст аст, ки соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ, маориф, хидматрасонии тиббӣ хуб буданд.

То соли 1992 дар Ватани хурди ман Душанбе ҳақорат набуд. Дурусттараш дашноми қабеҳ ба забони порсиамон набуд, фақат ба забони русӣ тоҷикони шаҳри ман ҳақорат медоданд. Аммо бори аввал дашноми қабеҳи кӯҳистониро дар соли 1992 дар маршруткаи шаҳрам шунида, эҳсос кардам, ки дигар Ватан аз даст меравад. Ин ҳодиса баъд аз он ки Кенҷаеву Дӯстов мардуми гумроҳро аз рустоҳо ба автобусҳо савор кардаву ба пойтахт оварданд, ба вуқӯъ пайваст…

— Чаро маҳз Конодоро барои зиндагӣ интихоб кардед?

— Қабл аз ин ки ба Конодо муҳоҷират намоям, дар бораи ин кишвар маълумоти зиёдеро гирд овардам, пас аз мутолеъаҳои зиёд тасмим гирифтам бо хонаводаам ба Конодо муҳоҷират намоям. Ҳарчанд маъмурияти макони кории он вақтаам Радиои Аврупои Озод/ Радиои Озодӣ дар Иёлоти Муттаҳидаи Омрико иқомат ихтиёр намуданро барои ман ва хонаводаам пешниҳод ҳам карда буд, аммо тасмими банда қатъӣ буд: Фақат Конодо метавонад Ватани дуввумамон бошад! Ва хушбахтона, ҳамин тавр ҳам шуд! Ватанеро, ки гум карда будем, дубора пайдо кардем…

— Онҷо ба чи кор машғулед? Зиндагиро аз чи роҳе сару сомон мебахшед?

— Дар ғурбат роҳи интихоби шуғли аслӣ маҳдуд аст, он ҷо Ватани зодбуматон нест, ки бо ихтисоси аслиатон ба кор равед, ё он ҷо шуморо бо оғӯши боз мунтазир бошанд. Ҳама чизро аз сифр шурӯъ мекунед. Аз обу оташ ва аз ҷонатон мегузаред ва ба чизе муяссар мешавед. Баъди силсилатаҳсилоти мо дар донишгоҳҳои беҳтарини қитъаи Омрикои Шимолӣ ва Конодо МкГилл ва Конкордиа ва донишкадаи техноложии Конодо, шуғлҳои мо ҳам, ҳам ихтисосӣ ва ҳам ғайриихтисосӣ шудаааст. Аз рӯи ихтисоси аслиам бо рӯзномаҳои инглисзабон ва русзабони Конодо ва ҳамчун таҳлилгари сиёсӣ бо ҳизби ҳукмрон ва департаментҳои гуногуни ҳукумати Конодо ва ҳамчунин бо департамони улуми сиёсии донишгоҳи Монтреал ҳамкорӣ мекунам. Инчунин солҳои тӯлонист ба ҳайси мушовир ва тарҷумон дар ширкати вакилони “Waice Ferdoussi Lawyers” ифои вазифа дорам. Ва аз рӯи ихтисоси севвумам, бо ду ширкати мӯътабари хусусии умури амнияти тиҷоратӣ дар сатҳи менеҷмент машғули корам.

— Шумо роҳбари Анҷумани тоҷикони Конодо ҳастед. Онҷо тоҷикон зиёданд? Ба чи корҳо банд ҳастанд?

— Бале, каминаи камтарин ҳамчун бунёдгузори нахустин Анҷумаи тоҷикони Конодо ва аввалин раҳбари он кӯшишҳои зиёдеро барои ба ҳам овардани тоҷиктаборон дар Конодо ба харҷ додам. Ва хушбахтона, дар муддати кӯтоҳе Анҷумани тоҷикон аз тарафи давлати федеролӣ ва иёлотӣ низ эътироф карда шуд. Ва ҳоло дар аксари иёлоти Конодо бахшҳои ин Анҷуман рӯ ба фаъолият ҳастанд. Конодо кишваре хеле бузургу паҳноварест ва мо ифтихор дорем, ки чунин фарзандони тоҷики муқими Конодоро дар иёлоти мухталиф дорем: дӯсти азиз, Шӯҳрат Саидмуродов, раҳбари Анҷумани тоҷикони иёлоти Бритиш Колумбиё, бону Зулфия Мирзоева, сарвари Анҷумани тоҷикони иёлоти Алберто, як гурӯҳи лидерони ҷавони ҷомеаи тоҷик дар иёлоти Онтарио таҳти раҳбарии Салимҷон Паллазода, Диловар ва Манижа Мӯсоевҳо, Ифтихор ва Алимшоҳ Ватаншоевҳо ва чанде дигарон. Дар иёлоти Квебек, ки қароргоҳи аслии Анҷуман аст, низ тадриҷан ҷавононро ба корҳои ҷамъиятӣ пешбарӣ карда истодаем, то мо, насли пешин тавонем қулфу калиди Анҷуманро комилан ба дасташон биспорем.

— Яке аз дардҳои миллаткуш барои тоҷикон маҳалгароист. Хелеҳо зарбаи онро хӯрдаанд. Замони истиқлолият ин “касалӣ” дар тамоми арсаҳо ва зинаҳо бештар ривоҷ ёфтааст. Ҳам дар ҳукумат ва ҳам ҳатто дар муассисаҳои эҷодӣ. Мебоист дар даврони истиқлолият ин маризӣ коҳиш ва табобат меёфт. Аммо бадтар шуд, ки беҳтар не. Фикр мекунед чаро? Масалан мебинед, ки як нафар “бо кадом як роҳҳое” зимоми намояндагии идораи ҳатто хориҷиро ба даст мегирад. Баъди чанде мебинед, ки ин идораро аз ҳамшаҳриҳояш пур кардааст. Новобаста аз онки он ҳаммаҳаллаш ҷумлае дуруст навиштан он сӯ истад, фикру ақидаи баён мекарда надорад. Аслан парвои миллат ва мардум намекунад?

— Аслан намехостам ин гапҳоро бигӯям, аммо ин мавзӯъ, ки баррасӣ гардид, маҷбурам назарамро дар ин робита ироа намоям.

Ба тоҷикҳо дуо рафтагӣ: дар ғурбат ҳам, хосса, як гурӯҳи кӯчаки ҷадид аз Тоҷикистон ба Квебеки Конодо ворид шуда, ҳама бо ҳам қаҳрӣ, қариб, ки бо ҳам рафту омад надоранд. Ҳатто мане, ки ба шарофати каминаи камтарин дар тӯли ин солҳои тӯлонии қариб 20-сола беш аз 130 хонаводаи тоҷик ва дигар қавм соҳиби шаҳрвандии як кишвари пешқадами дунё ва Ватани ҷадиди баинсофу обод шудаанд, мавриди бадгӯиву тӯҳматҳои тоҷикони даврони “сангакиву кенҷаевӣ” шудаем.
Ин қадар зуд фаромӯшхотиранд, ки ҳатто як дафъа телефон карда, аз аҳволи инсон пурсон намешаванд. Бо сари хаму бечоранолӣ то ба Конодо мерасанд ва зуд худу ахлоқи инсониро аз даст медиҳанд. Вақте ки мо дар Тоҷикистон зиндагӣ мекардем, чунин ахлоқ набуд. Тарбияи падару модар муҳим аст! Мегуфтанд, айб аст! Шарм аст! Накунед ин корро!

Аламовараш ин аст ки инҳоро дар назди раҳбарияти олии давлати Конодо ба ҳайси миллати бостонӣ ва боғурур муаррифӣ намуда, барояшон роҳ ба зинаҳои давлатӣ боз намоям, инҳо бо кибру ғурури бе пояи аҳмақонаашон, бо ҷудоиандозиҳои сиёсӣ ва маҳалгароӣ ҳамаи он корҳои дар 16 соли ахир анҷомшударо бар бод дода истодаанд.

Аз ин гурӯҳи бе ҳуввият ва бе фарҳанг сӯиистифода карда, ҳатто барои тахриби ҷомеаи тоҷикони Конодо баъзеҳо эмиссари хешро аз Душанбе ба Конодо 2-3 дафъа фиристода, як қисмати тоҷикони шуғнонии Афғонистонро бар алайҳи бунёдгузор ва нахустин раиси ҷомеаи тоҷикони Конодо шӯронданд. Аммо тирашон хок хӯрд. Он эмиссари Душанбе дигар дар Конодо расман мамнӯъ-ул-вуруд эълон шуд. Ҳукумати Конодо мудохилаи кадом як ҳукумати хориҷиро дар умури дохилаи кишвараш дӯст надорад, ҷанобон!

Ҳамин, ба истилоҳи Шумо, “касалӣ”-ҳо аст, ки ҳама дар Ғарб масхара мекунанд, ки Тоҷикистон имрӯзҳо фақат дар харита боқӣ мондаасту халос…

Воқеан, дар яке аз сӯҳбатҳои ғурбатӣ (миёни солҳои 2004-2006) бо як донишманди миллат дар атрофи ин мавзӯъ ҳарф мезадем, ишон хеле барҷаста ишорае карда буданд:

“Равшанҷон, чӣ ҷои гила: андешаҳоятон баҷо. Лекин ба қавли Ҳофиз «аз кӣ мепурсӣ, ки даври рӯзгоронро чӣ шуд?”

Ва як нуктаи дигар, агарчанде деру дур ҳам шудаст, қобили зикр ва таъкид аст. Вақте ки Созишномаи умумии сулҳ миёни ҳукумат ва ИНОТ ба имзо бирасид ва Ҳукумати Тоҷикистон водор ва ногузир шуд сӣ дар сад аз ҳокимиятро ба оппозисиюн бидиҳад, кор тавре сурат гирифт, ки бар манфиати умумӣ хатм нашуд. Фурсати басо муносиб ва дар воқеъ бисёр ҳам сарнавиштсоз барои сохтани давлати миллӣ ва сарҷамъӣ ва иттиҳоди миллӣ дуруст истифода нагардид. Агар мақомоти ИНОТ дар тақсими мансабҳои саҳмияи сидарсадӣ ба мутахассисҳои ҳирфаӣ дар саросари мамлакат такя мекарданд ва ба маҳаллу гурӯҳе тарҷеҳ дода намешуд, ба эҳтимоли зиёд айни замон мардум, мамлакат ва ҷомеаи кишвар имрӯз дар шароити дигар ва мутмаинам беҳтар зиндагӣ мекард. Шиори ваҳдати миллӣ на як ҳарфи хушку содда, балки ба маънои аслиаш амал мекард. Мухолифин ҷонбозиҳои зиёд карданд, то водор созанд, ки бо онҳо ба мусолаҳа оянд. Вале шояд боз ҳам аз камтаҷрибагӣ ва ё шояд аз самимона эътиқод кардан ба ҳарфи тарафи дигар кафолати ҳузури сиёсии худ дар қудратро сарфи назар карданд. Ин масъалаи калидӣ ва асливу асосӣ буд. Аммо, бубинед, имрӯз ончизеро ки ҳатто бар асоси қонун ва қоидаи худи ҳамин ҳукумат харидорӣ карда буданд, ва ҳоло боиси таънаву мазаммат ҳам мешавад,тарафи дигар бо истифода аз роҳҳову шеваҳои мухталиф пас мегиранд. Албатта, манзурам ҳамон муассисаву иншоот ва корхонаҷот буд, ки тарафи дигар, ки имрӯз низ сари қудрат боқӣ мондааст, иҷборан пас мегирад ва дар ин миён афроде мисли соҳибкори варзида Зайд Сайидов ҳатто аз пулу сармояи дар ғурбат кор кардааш маҳрум ва худаш ба муддати тӯлонӣ маҳкум ба маҳбас мешавад.

“Акнун ба ҷуз мусича будан дигар чораеву чизе намонда».

Баъд, вақте онҳо ба хариди молу моликият машғул шуданд, ҳатто ҷонибдорони худро, ки дар даст силоҳ гирифта дар кӯҳҳо муборизаи мусаллаҳона мебурданд, дилсард карданд. Бо камоли таассуф, аз мост, ки бар мост. Сиёсат ана ҳамин тавр хушбинӣ ва самимияту садоқатро намепазирад. Боз ҳам такрор шавад ва ҳатто ҳарфи гузашта бошад ҳам ИНОТ дар охирин марҳалаҳои созиш саросема шуд ва ҳамин кафолати ҳузури сиёсӣ дар ҳокимиятро ба таври зарурӣ ва бояду шояд нагирифт, ки имрӯз тавозуни сиёсӣ дар ҳокимият риоят мешуд ва ба ин содагиву роҳатӣ ва баъди наздик ба бист сол аз замони сулҳ дар саҳна ресмонбанд намегардид. Бадбахтона, ихтилофи миёни водӣ (шаҳр) ва кӯҳистон (русто) ҳамеша ва аз қабл ҳам буд.

Муборизаи ду ҷиноҳ бо дарназардошти ин формул оғоз ва анҷом ёфт. Ба як идолу идеали куллӣ бартарият дода шуд.

Худи ҳамон идолу идеале, ки аксари шоирон сароида буданд. Ҳамон ихтилофи кӯҳу водӣ, ки дар «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ омадааст! Решаи ҷумла рафтору пиндори ишон (аз ҷумла тан додан ба Раҳмон) аз ҳамин сарчашмаи миллатшикан об мехӯрад.

Водӣ (шаҳр) бошад номуташаккилии азалии худро бори дигар нишон дод. Самарқанду Бухоро ба ҳоли худ. Хуҷанд ҳам бо кибру ғуруре, ки поя надорад, аз паи бизнеси худ: Замин сахту Осмон баланд! Ба қавли Бозор, он тоҷике, ки Синову Рӯдакиро зода буду ману Шумо ифтихор мекунем, кайҳо мурда рафта, акнун даври алломаҳои дигарсифат расида аст! Зинда бод!!!

Боре аз Бозор пурсидам, ки ба Ватан бармегардӣ? Гуфт: «Тоҷикон ҳамчун миллат кайҳо мурдаанд, ба куҷо равам?»

Як ислоҳ: Вақте ки дар шаҳр миллат набуду нест, дар кӯҳистон миллат аз куҷо пайдо мешавад?! Вақте ки аҷнабиён ба ҷойҳои тоҷикнишин ҳамла мекарданду як шаҳр ё қишлоқро забт мекарданд, аҳли ҳамон шаҳр ё қишлоқ ба аҷнабиён ҳамроҳ шуда, ба муқобили шаҳр ё қишлоқи ҳамсояи тоҷик ҳамла мекард…»

Дигар иловае надорам ба гуфтаҳои ин донишманд…

— Чанд муддат ба унвони сухангӯ дар ҳукумати вақти Тоҷикистон фаъолият доштед. Муассиртарин хотира аз он айём?

— Оҳ, он замон хеле ҷавон будем, ки бо пешниҳоди дӯст ва устоди гиромӣ Бобоҷон Икромов ва таъйиди устоди мӯҳтарам Акбар Мирзоев, сарвазири вақти Тоҷикистон бандаи ғайриҳизбиро ба вазифаи сухангӯи расмии ҳукумати вақти Тоҷикистон таъин карданд. Фикр мекунам он замони ноором кадрҳои беҳтарини миллат дар ҳукумат ва парламон буданд: Акбаршо Искандаров, раиси парламон ва кафили раёсати ҷумҳурӣ, Сайфиддин Тӯраев, муовини аввали раиси парламон, Виктор Приписнов, муовини раиси парламон, Ҳабибулло Саидмуродов (ёди нозанинашон ба хайр!), муовини сарвазир, Аслиддин Соҳибназаров (рӯҳи равонашон шод!), узви парламон ва муовини сарвазир, Ҷамшед Каримов, муовини аввали аввали сарвазир, Давлат Худоназаров, мушовири аршади раёсати ҷумҳурӣ, Тӯхтабой Ғаффоров (ёди покашон гиромӣ!), муовини сарвазир, Давлат Усмон, муовини сарвази, женрол Баҳром Раҳмонов, вазири дифоъ, аъзои Ҳукумати муросои миллӣ — женрол Абдулло Ҳабибов ва Бозоралӣ Сафаров ва даҳҳо фарзандони барӯманди ин миллат.

Тавре яке аз хабарнигорони шумораи аввали инглис Бриҷит Кэндалл дар як давраи ҳамкасбони хориҷӣ гуфта буд: “Нахустин ва охирин сухангӯи озоди аввалин ва охирин ҳукумати озоди Тоҷикистон…”

Худро хушбахт ҳисоб мекунам, ки дар қатори тими нерӯманди Ҳукумати муросои миллӣ банда ҳам дар ташкили нахустин ҳукумати озоди мардумӣ ва нерӯҳои мусаллаҳ ва коллеҷи низомии Тоҷикистон саҳми хешро гузоштаам. Бидуни тардид, дар он замонҳо ҳаво тозатару нафаскашӣ осонтар буд…

— Бар асари ҳаводиси маълуми кишвар ва баъдан шароити ногувори зиндагӣ тоҷикони зиёде дар рӯи олам пароканда шуданд. Манзурам тоҷикони эҷодкор. Бо кадоме аз онҳо иртибот ва алоқа доред?

— Беш аз 15 сол бо устодони мӯҳтарам Акбари Турсон ва Бозор Собир тамоси дӯстона доштем. Ҳузури ишон барои аҳли муҳоҷирати мо хеле муҳим буд. Ёдам аст, чандин соли пеш, рӯзи ҷашни Наврӯз вақте ба хона баргаштам, ҷигарбандонам – духтарам Наргис ва писарам Виркан, ҳамроҳ аз тариқи баландгӯяки телефон шеърҳои Наврӯзии касеро гӯш мекарданд. Вақте ки ба садои шахси шеърхон таваҷҷӯҳ додам, шинохтам:- устод Бозор Собир фарзандони маро бо ҷашни Наврӯзи бостонӣ табрик намуда, ашъори тозаи худро ба шунавандагони нахустинашон дар муҳоҷират қироат мекарданд…

Бо устод Сафар Абдуллоҳ, донишманди нерӯманди тоҷик дар Олма-атои Қазоқистон, дуктур Шодмон Юсуфӣ дар Виени Утриш дар тамосем.

Бо мӯҳтарам ҷаноби Музаффар Орифӣ, устоди мо дар радиои Озодӣ, ки алъон дар Ню-Йорк ба сар мебаранд, дар тамос будем, аммо баъди чанд соли иртибот ишон равобитро бо кадом сабабе якбора қатъ карданд. Ишон дар маҳаллаи “Тошкандиҳо”-и Куинс, яъне “Бухороиёни тошкандӣ”–и муқими Нйу-Йорк иқомат доранд. Ва, ростӣ, дар муҳоҷират мо дигар, аз ин гуна муносиботи ғайричашмдошти баъзе дӯстон, ба ҳайрат ҳам намеоем, зеро медонем, ки одамон дар ғурбат чи гуна зуд тағйир меёбанд…

Бо устоди азизи дигарамон аз радиои Озодӣ мӯҳтарам ҷаноби Муҳаммад Сарвар низ ҳамеша дар тамосем. Ишон дар шаҳри Мюнихи Олмон ба сар мебаранд. Воқеан як инсони покдил ва тоҷики миллӣ ҳастанд.

Бо яке аз фидоиёни тоҷики ӯзбакистонӣ ва Самарқанди қанд Ҳакимҷон Раббимпури Аҳмадиён, ки узви ифтихории раёсати Анҷумани тоҷикони Конодо мебошанд, дар тамоси доимӣ ҳастем.

Аслан ахлоқ муҳим аст, ахлоқи оддии инсонӣ. Вақте ки ба касе даст медиҳӣ ва роҳи тӯлонии ғурбатро бо ҳам мебинӣ, салому худоҳофизӣ дайни инсонист. Ҳарчанд нобиғаҳои ин миллат ҳам бошед. Вақте ки хабари баргашти устодон Акбари Турсон ва Бозор Собир ба Ватанро аз расонаҳои гурӯҳӣ огоҳ шудем, бароямон хеле ғайричашмдошт буд. Пас аз муҳоҷирати ҳудуди ду даҳсола ба Ватан баргаштан, албатта, кори шахсии ҳар фард аст. Аммо худоҳофизиро насия мондан, ва боз ҳам ба як ҳамтақдир, ҳамҷабҳа ва дӯсте, ки ҳаргиз дӯстиро ба савдо нагузоштааст… ин ҳам эҳтимол кори шахсӣ бошад? Ростӣ, намедонам. Лекин як чизро медонам: It really hurts deep inside when I am trying to pretend unhurt! (Он воқеан ва амиқан дардовар аст, хоса, рӯҳан ва дохилан, ҳарчанд кӯшиш ва талош мекунам вонамуд созам, ки осебе ба ман нарасидааст).

— Чаро аз байни тоҷикҳо дар хориҷ аз кишвар ягон нафар сарватманди бузург пайдо нашуд?

— Қавми мо таҷрубаи бузургу ғанӣ дар умури муҳоҷират надорад. Ва дуввум, он сармоядорони ин мардум, ҳуввият ва ифтихори миллиашон ба дараҷаи қишри махсуси рӯшангарони мо набуд ва нест. Ва, нуктаи дигар ин аст ки дар шароити кунунӣ, ки ҳокимият дар тӯли чоряк аср дар дасти як хонавода аст, ва ҳокимият сарчашмаи сармоядории як гурӯҳи хурд шудааст, табиист, ки меконизми сармояҷамъоварӣ низ дар ихтиёри ҳамин гурӯҳ аст.

То элитаи нави кунунӣ, масалан, олигархи шумораи аввали на танҳо Тоҷикистон, балки манотиқи шӯравии собиқ (то солҳои 1996-1998) Сайфиддин Тӯраев ба шумор мерафт. Аслан он замон ҳатто М. Ходорковский бо ишон ҳамто ва ҳамвазн набуд. Маҷаллаҳои элитаи ҷаҳонӣ аз Иёлоти Муттаҳидаи Омрико то Бритониё ва кумитаи тадорукотии Форуми Давоси Шветсария дар соли 1994 нахустин ва ягона даъватномаи расмиро ба унвонии соҳиби корпоратсияи “Истаравшан”-и ҷаноби Сайфиддин Тӯраев, қароргоҳаш дар шаҳри Истаравшан, фиристода буданд.

— Маъзарат дар бораи ҳаҷми сармояҳои ҷаноби Сайфиддин Тӯраев дар он замон маълумот дода метавонед?

-Бале, он маълумот вуҷуд дорад, аммо аз рӯи назокати инсонӣ ва одоби дӯстӣ наметавонам онро эълон намоям. Зеро, фикр мекунам, вақти он ҳанӯз нарасидааст…

— Чаро ҷаноби Сайфиддин Тӯраев, як сиёсатмадори барҷастаи ин миллат ногаҳонӣ аз саҳнаи сиёсии Тоҷикистон дур шуд?

— Ҷаноби Сайфиддин Тӯраев, ки шахсияти барӯманд ва сиёсатмадори хеле нозуксанҷу миллатдӯст ҳастанд, дар марҳилаи таърихӣ ва сарнавиштсоз аз президент Э.Раҳмон пуштибонии ҳаматарафа намуданд. Бори аввал, ҳини маъракаи интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар соли 1994 бар зидди Абдумалик Абдуллоҷонов садо баланд карда бо электораташ ба тарафи Эмомалӣ Раҳмон гузашт.

Дафъаи дуюм, дар арафаи имзои созишномаи сулҳи Тоҷикистон, вақте ки ҷанобон Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода ва Абдумалик Абдуллоҷонов аз ҷомеаи ҷаҳонӣ даъват карданд, ки ба созиши сулҳи Тоҷикистон тарафи сеюм ҳам, нерӯҳои тарафдори А. Абдуллоҷонов ва бархе лидерони манотиқи дигар ҷалб карда шаванд, ҷаноби Сайфиддин Тӯраев ошкоро мухолифати хешро дар баробари ин даъват изҳор дошт. Ва боз ҳам пешниҳоди Э.Раҳмонро дар ин бобат дастгирӣ намуд. Бар ивази ин мавзеъгириаш президент Раҳмон дар моҳҳои ноябр-декабри соли 1994 (ва ҳатто то соли 1997) хеле мехост ҷаноби Тӯраевро дар мансаби сарвазири Тоҷикистон бубинад. Чунин ба назар мерасид, ки сафарҳои паиҳами Маҳмадсаид Убайдуллоев ва Абдулмаҷид Достиев ба Истаравшан ва сӯҳбатҳои як ба яки онҳо бо ҷаноби Сайфиддин Тӯраев натиҷае ба бор меоваранд. Аммо дар сӯҳбатҳои шахсӣ ишон ба банда изҳор доштанд, ки он қадар ба пазируфтани ин мансаби давлатӣ омода нестанд, зеро салоҳиятҳои сарвазирӣ хеле маҳдуданд. Ва, ростӣ, ишон намехоҳанд ҳамчун “декоратсия” барои ин миллат хидмат кунанд. Аммо баъдан, аз чӣ бошад, ки Э.Раҳмон назари некашро дар баробари С. Тӯраев комилан тағйир дода, империяи иқтисодиву молии С.Тӯраевро дар як муддати кӯтоҳ ба хок яксон кард ва аз ҳама аламовараш ин аст ки фобрикаи машҳури трикотажи Истаравшанро, ки ҷаноби С.Тӯраев барои 10 ҳазор коргар эъмор карда буд, “одамони нав”-и ҳукумат ба харобазор табдил доданд…

Агар салоҳиятҳои сарвазири кишвар воқеъӣ мебуданду ҷаноби С.Тӯраев он мансабро мепазируфт, метавонам бо як сухан бигӯям, ки Тоҷикистон алъон гулистонеро мемонд. Ҳоло бошад, мебинед, ки ҳатто табақаи миёна дар ҷомеаи кишвар тамоман вуҷуд надорад ва ҳудуди ду миллион нафар, ки нерӯи кории асосӣ ва аслии ин миллат ҳастанд, (“ноноварон”-А.Қ.) барои пайдо ва дастрас кардани қути лоямут, ки аз таҳдид ва хафву хатари ошкорову воқеии гуруснагӣ хонаводаҳояшонро ҳифз кунанд, паҳну парешон дар ҷаҳон. Умуман, он чи ки аён аст, ҳоҷат ба баён нест….

— Дар бобати оппозитсияи тоҷик дар дохил ва хориҷи кишвар чӣ назаре доред?

— Ба ақидаи камина, муносибат ва бархӯрди ҳукумат бо мухолифин иваз ва мутобиқ бо шеваҳои мутамаддини ҷаҳони муосир бишавад. Ин ҳам дар ҳолест, ки давлати Тоҷикистон худро демократӣ ва ҳуқуқбунёд муаррифӣ карда аст. Муносибати хашин бо оппозитсияи дохилӣ ва тазъиқу озор ва игнор кардан ё нодида гирифтани мухолифини берун оқибати нек ба бор намеоварад. Масалан, бигирем, бо гузашти ин ҳама вақт ва рӯ ба нармиш овардан бо Ӯзбакистон ва ба хусус хафву хатар ва таҳдидҳо аз ҷониби марзи Афғонистон муносибатро бо тарафдорони сарҳанги собиқи вазорати мудофиаи кишвар Маҳмуд Худойбердиева низ иваз бояд кард. Тавре ки аз манобеъи ғайрирасмии хориҷӣ маълум аст, сарҳанг Маҳмуд Худойбердиев бо тарафдоронаш — ҳайати пурраи шахсии 3 100-нафараи собиқ Бригадаи якуми вазорати дифоъи Тоҷикистон монанди ҳамаи дигар тоҷикон ва шаҳрвандони Тоҷикистони дар ғурбат мехоҳанд ба Ватанашон баргарданд. Онҳо бо кулли хонаводаҳои хеш, ки аз тамоми гӯшаву канори Тоҷикистонанд, мехоҳанд ва ин ҳақро ҳам доранд, ки ба Ватан баргарданд. Ва онҳо бо хонаводаҳои худ, ки ҳудуди 17 ҳазору 600 нафаранд; тасаввур намоед, тақрибан баробари нуфуси як ӯрдугоҳи собиқи муҳоҷирони тоҷик дар Афғонистон бо номи кампи “Сахӣ” –и Мазори Шариф аст, чи тавре тазакур додам, ҳақ доранд ба Ватанашон баргарданд, зеро Тоҷикистон Ватани онҳо ҳам аст. Аз тарафи дигар бо бозпас овардани онҳо ба Ватан давлати Тоҷикистон ва бахусус раиси ҷумҳурӣ миллат ва давлатро аз вуҷуди мухолифини низомии берунӣ комилан халос хоҳад кард ва низ ба унвони зомин ва кафили таъмин ва мурооти ҳуқуқҳои конститутсионии атбои кишвараш дар хориҷ иҷро карда ва ба ростӣ, як иқдоми ҷасуронаи ҳуманистӣ ҳам аз худ ба намоиш мегузорад. Чун, фикр мекунам мавриди гуфтан ҳам омад, ба ақидаи банда, раиси ҷумҳури Тоҷикистон ба манзури оромиши ҷомеаи кишвар ва пешгирӣ аз ҳар навъ шойеъа ва овозаву дарвоза аз Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҲНИТ, ки воқиан, ҳоло дар мақоми Сайид Абдуллоҳи Нурӣ дар масъалаи сулҳу созиш қарор дорад ва меросбар ва вориси ӯ дар ин ҳодисаи барои миллат, давлат ва ҷомеаи кишвар ҳаётан сарнавиштсоз аст, расман даъват кунад, ки ба Ватан баргардад ва боз ҳам бо иқдоми муносиб ба як раҳбари сулҳпарвар изн ва имкон надиҳад, ки бо бод додани “коҳҳои кӯҳна”, ки ҳеҷ арзише надорад, ӯ мавриди таъқиби ҷиноӣ қарор бигирад ва нисбаташ ноинсофӣ сурат бигирад.

Тоҷикистон Ватани Маҳмадрӯзӣ Искандаров, Зайд Саидов, Сайфиддин Тӯраев, Акбаршо Искандаров, Давлат Худоназаров, Абдумалик Абдуллоҷонов, Саидамир Зуҳуров, Саиданвар Камолов, Абдураҳмон Азимов, Ҳамроҳхон Зарифӣ, Давлат Усмон, Бозоралӣ Сафаров, Ойниҳол Бобоназарова, Муҳиддин Кабирӣ, Раҳматуллоҳ Зоиров, Шӯҳрат Қудратов, Шодмон Юсуфӣ, Додоҷон Атовуллоев, Мақсуд Иброҳимов ва ҳамаи 8 миллион шаҳрванди ин кишвар, ки дар дохилу хориҷанд, ҳам ҳаст. Тоҷикистон фақат ба як гурӯҳи кӯчаки як музофоту як авлод тааллуқ надорад.

Ростӣ, солҳои 2002-2008 ба ҷаноби Эмомалӣ Раҳмон ва тими ёваронаш чандин бор гуфта будем, ҳамаро бояд ба Ватан баргардонд, фақат дар он вақт метавон аз сулҳи саросарии тоҷикон сухан кард. Гуфтем Тоҷикистон ба ҳама мерасад, фақат бояд ҷаноби Э.Раҳмон ва наздиконаш ҳиммат ва ирода намоянд.

Вақте аз мо пурсиданд: — Бе онҳо намешавад?

Гуфтам: — Мешавад, лекин муваққатан…

Пурсиданд: — Чаро? Оппозитсия зарур нест!

Гуфтам: — Агар оппозитсия (дунявӣ ва исломии мӯътадил)-ро торумор мекунед, пагоҳ ин дастаҳои тозазуҳури террористии фанатик, амсоли ДИИШ, Ансоруллоҳ ва ғайра холигоҳи сиёсиву иҷтимоиро пур мекунанд. Баъд чӣ?

Гуфтанд: — Шумо ҳанӯз ҳам журналист ҳастед…

Вақте ки форуми тоҷикони ҷаҳон “Пайванд” ба маҷлиси ҳизби ҳокими халқию демократӣ табдил шуд, чанд нафар аз аъзои раёсати анҷумани “Пайванд” кӯшиш кардем, онро ба марому мақсади аслии худ баргардонем, он ҳам нашуд. Кӯшишҳои фарзонагони миллат Мансур Бобохонов, Камол Айнӣ ва чанд нафари дигар, ки шабҳои дароз дар меҳмонхонаҳои “Тоҷикистон” ва “Авесто” ин мавзӯъро мехостем ба президент Раҳмон ироа намоем, дар марҳилаи ниҳоӣ ба девори нофаҳмӣ дучор шуд.

Дӯстони азизам Сӯҳроб Шарифов (ёдаш гиромӣ бод!) ва доктор Масъуди Миршоҳӣ аз ин ният воқиф шуда, ошкоро ба банда гуфтанд:

— Ин коратон беҳуда аст, ин пешниҳодҳоро қабул нахоҳанд кард…

Дафъаи охирин дар ҷараёни сафар дар соли 2007-2008 бори дигар хостем, таваҷҷӯҳи раҳбариятро ба идеяи ислоҳоти сиёсӣ ва гузариши тадриҷии сулҳомез аз сохтори нимафеодаливу диктаторӣ ба ҷомеаи шаҳрвандӣ ва воқеан демократӣ ҷалб намоем. Дар миёни онон чунин масоили мубрами давлатдорӣ ва сохторӣ, аз қабили, ислоҳоти конститутсионӣ ба гунаи Бритониё ва Конодо; эъмори модели шоҳигарӣ дар Тоҷикистон: Э.Раҳмон шоҳ ва ворисони ишон шоҳзода эълон мешаванд; ҳамзамон таъсиси ҳукумати мустақил ва фаромилии кишвар аз технократҳо, ислоҳотталабон, менеҷерони умури молияву бонкӣ дар натиҷаи интихоботи воқеан озоду демократӣ, кадом ҳизбе, ки дар интихобот пирӯз омад, ҳукуматро идора мекунад; ислоҳоти комили ҷомеа дар ҳама соҳот; ва ғайраву ҳоказоҳо буданд.

Ин ҳам қабул нашуд ва ёварони раҳбар “меҳмон”-ро зуд аз қаламрави Тоҷикистон ихроҷ намуданд…

— Ҳоло Тоҷикистонро чӣ дар пеш аст?

— Ҳоло таҳдидҳо ҳамон таҳдидҳоест, ки мо 10-15 сол пеш гуфтему маротибаҳо такрор намудем, худатон мушоҳида карда истодаед. Ҳанӯзам дер нашудааст, аз тариқи муросо ва бо шеваҳои сулҳомез пиёда кардан ислоҳоти конститутсионӣ ва ислоҳоти воқеан озоду демократӣ хеле зарур аст то ҳама ба Ватан баргарданд ва дар як ҷомеаи шаҳрвандӣ ва озод зиндагӣ кунанд.

Зулм ва беадолатӣ, ки зиёд шуд, ҳама чизро мунтазир шудан мумкин аст. Яке аз вариантҳо, табаддулоти “дарборӣ”. Худи элитаи ҷадид ҳам аз ин бесарусомонии қудрат хаста шудааст. Ҳар рӯз як гап. Ба дили онҳо ҳам зада аст. Нафаси тоза мехоҳанд…

Ба тоҷикон гуфтаниам, ки ба касе меҳр бастан мумкин аст, аммо вобаста будан бисёр чизи бад аст. Ҳаргиз вобаста набошед. Вобаста будан, яъне ғулом будан, дар асорат будан аст.

Бояд ошкоро бигӯям, ки дилам аз ин мардуми вобаста, ки як вақтҳо миллати сарҷамъеро мемонд, бисёр мондааст.

Баъзан мегӯям, ки китобе нависам ва номашро гузорам “Тоҷикҳо ва дурӯғ” ё “Тоҷикҳо ва ғуломӣ” ва ё “Тоҷикҳо ва ноҷавонмардиҳо”.

Ва боз фикр мекунам, ки ин китобро барои кӣ нависам?

Аз ин хотир, чунин эҳсос мекунам, ва ин ҳам аз эҳтимол дур нест, ин сӯҳбат охирин мусоҳибаи мо барои мардуми Тоҷикистон аст. Фикр мекунам, дигар ҳарф задан ҳам, корест беҳуда.

Афсӯс, умри одамизод бесамар мегузаштааст…

Реклама

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s