Машоҳир

Ба кайҳон — бо парчами Тоҷикистон

Солиҷон Шарипов —  кайҳоннаварди машҳур, расо 20 сол муқаддам, дар ҳамин рӯзҳои  моҳи  январи соли 1998 аввалин парвози кайҳонии худро анҷом дода буд.

Тавре дар саҳифаи худ дар Facebook муовини раиси Созмони тоҷикони Қирғизистон Қодиршои Мурувват навиштааст, ба ин муносибат дар Қирғизистон рӯзномаву  маҷаллаҳо матолиби фаровонро чоп намудаву аз ин фарзанди фарзонаи диёр тамҷид намуданд.  Бино ба хабари ӯ, қарор аст 12 апрели ҳамин сол, дар Рӯзи кайҳоннавардон, бо ҳузури бевоситаи Солиҷон Шарипов дар шаҳри Бишкек чорабинии бузурги идона  доир карда шавад. Баргузоркунандаи ин маросим Ассамблеяи халқҳои Қирғизистон эълон шудааст ва Созмони тоҷикони Қирғизистон ба номи устод Рӯдакӣ низ дар ин росто саҳми худро мегузорад.

Бояд зикр кард, ки Солиҷон Шарипов дар шаҳри Узгени вилояти Ӯш, воқеъ дар ҷануби Қирғизистон ба дунё омадаву ба воя расидааст. Дар иртибот ба ин, дар идомаи ҳикояташ Қодиршои Мурувват менависад: «Барои банда муяссар гардид, ки дар шаҳри Бишкек ду бор дар суҳбати кайҳонавард ҳузур доштаву чанд ҳарфе раду бадал намоям. Солиҷон изҳор медорад, ки тарафи падариаш аз шаҳри бостонии Истаравшан буда ва айёми навҷавонӣ бо падараш чанд бор ба ин шаҳр сафар доштааст».

Бояд гуфт, ки сарнишин, кайҳоннавард, Қаҳрамони Қирғизистон ва Россия Солиҷон Шарипов дар мусоҳибаи худ бо хабарнигорон чунин гуфтааст: “Бобои ман дар Тоҷикистон таваллуд шудаву бо ӯзбекдухтар хонадор мешавад. Ҳарчанд миллати падарамро ӯзбек навиштаанд, аммо ӯ дар асл тоҷик аст ва ман “ба хотири ёдоварӣ аз бобои худ муддати 193 шабонарӯз Парчами Тоҷикистонро бо худ ба кайҳон ба экспедитсияи кайҳонӣ бурда будам. Айни ҳол он Парчамро бо худ нигоҳ медорам ва умед дорам, ки як рӯз онро ба Осорхонаи миллии Тоҷикистон супорам”.

Худи ӯ мегӯяд, ки то соли 1982 онҳо ҳамроҳ бо бобову падараш дар  Истаравшану Хуҷанд ду бор меҳмон шудаанд. Ҳатто хотироте низ аз он замон дар ёдҳояш боқӣ мондааст. Бахусус инро дар ёд дорад, ки аввалин маротиба ба духтараки маҳаллӣ маҳз дар Тоҷикистон ошиқ гардид. Вале баъдан зиндагӣ ӯро ба сӯи дигар бурд.

Бинобар ин Тоҷикистон  аз доштани чунин қаҳрамон ифтихор дорад. Бояд зикр намуд, ки аввалин парвози С. Шарипов  23 январи соли 1998 ба воситаи киштии кайҳонии амрикоӣ ва аз космодроми ИМА сурат гирифтааст. Ин шараф ба ӯ ба хотири дар сатҳи аъло донистани забони англисӣ аз миёни панҷ нафар беҳтарин кайҳоннавардон  муяссар гардида буд.

Солиҷон Шарипов соли 1998 сазовори унвони «Ҳавонаварди Федератсияи Россия» гардида, ҳамчунин дорандаи медали «Барои парвози фазо» мебошад. Дар Қирғизистон низ ҳамон сол ба ӯ унвони «Қаҳрамони кишвар» доданд. Ҳукумати Ӯзбекистон як сол пас тоҷикписарро бо ордени «Амир Темур» ва «Барои меҳнатҳои шоён» қадрдонӣ кард. Россия соли 2005 ба Солиҷон Шарипов унвони «Қаҳрамони Россия»- ро сазовор донист.

Аз ин хотир, қаҳрамониву шуҷоати Солиҷон Шарипов ба унвони аввалин  кайҳоннаварди Осиёи Миёна ба мо, тоҷикон низ рабт дорад ва ин санаи фархундаро ба ин марди далер табрик мегӯем!

АМИТ “Ховар”

Рубрики:Машоҳир

Помечен как:

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s