Фарҳанг

Узбакистон ба Бақо Содиқов, филмбардори маъруфи тоҷик шаҳрвандӣ дод

Ҳукумати Узбакистон ба Бақо Содиқов, филмбардори маъруфи тоҷик, шаҳрвандӣ ва шиносномаи ин кишварро дод. Ин санад рӯзи 26-уми январ дар бинои ҳукумати шаҳри Тошканд. пойтахти Узбакистон, ба ӯ супурда шуд.

Бақо Содиқови 77-сола, муаллифи “Адонис XIV» ва «Гирдбод», беш аз бист сол боз дар Узбакистон зиндагӣ дорад ва тӯли ин муддат нафари бешаҳрванд буд.

Муҳиддин Маҳмудов, муҳаққиқи зиндагии Бақо Содиқов, рӯзи 26-уми январ дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки шиноснома ва шаҳрвандии филмбардор бар асоси як фармони президент Шавкат Мирзиёев имконпазир шудааст. Ба қавли ӯ, «дар маросими тақдими шиноснома ҳокими шаҳри Тошканд Раҳмонбек Усмонов гуфт, ки афроде ба монанди Бақо Содиқов барои таҳкими равобити дӯстона ва ҳамсоядории хуб саҳми бебаҳо гузоштаанду мегузоранд.»

Бақо Содиқов соли 1996 аз Тоҷикистон ба Самарқанд кӯчид ва аз соли 2002 боз дар пойтахти Узбакистон – шаҳри Тошканд – зиндагӣ мекунад. Ӯ дар суҳбати ду соли қаблаш бо Радиои Озодӣ гуфта буд, ки он вақт барои тарки Тоҷикистон маҷбур буд.

«Танҳо ҳаминро мегӯям, ки ба хотири ҳифзи хонаводаам аз Тоҷикистон рафтам. Аммо то ҳол эҳсос мекунам, ки Ҳисору Балҷувон, Кӯлобу Чилдухтарон ва Бадахшон, дар маҷмӯъ, ҳар қитъаи Тоҷикистон, пеши чашмам аст», — гуфта буд ӯ.

Бақо Содиқов соли 1941 таваллуд шуда, соли 1967 факултаи коргардонии Донишгоҳии театрӣ-рассомии Тошкандро хатм кардааст. Ӯ соли 1979 узви Иттиҳоди синамогарони Шӯравӣ интихоб шуд. Соли 1993 ҷоизаи давлатии ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакиро гирифт ва аз он пеш, дар соли 1988, ҳунарманди хидматнишондодаи Тоҷикистон шуд.

Бақо Содиқов соли 1961 бо иҷрои нақши асосӣ дар филми “Панҷ нафар аз Фарғона” дар киностудияи “Узбекфилм” ба олами синомагарӣ пайваст. Дар киностудияи “Тоҷикфилм” аз соли 1967 ба ҳайси коргардон дар филмҳои бадеӣ ва коргардони филмҳои ҳуҷҷатӣ кор кардааст. “Адонис”, “Гирдбод”, “Бухорои шариф”, “Ҷосус” ва “Имом Бухорӣ” аз корҳои намоёни ӯ ҳастанд.

Содиқов баъди рафтанаш ба Узбакистон ҳам ором нанишаст. Солҳои ахир дар онҷо филми “Мурувват” ва “Фидоиён”-ро ба навор гирифт. “Фидоиён” аз 7 қисм иборат буда, дар бораи ҷадидони Бухорост. Дар онҷо дар бораи Маҳмудхоҷаи Беҳбудӣ, Абдурауфи Фитрат ва Садриддин Айниву дигарон сӯҳбат мешавад.

Манбаъ: Радиои Озодӣ

Реклама

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

w

Connecting to %s