Сиёсат

Мурофиаи Муҳиддин Кабирӣ дар ғиёбаш шурӯъ шуд

Додгоҳи олии Тоҷикистон ба муҳокимаи парвандаи Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ, дар ғиёбаш шурӯъ кард.

Муҳиддин Кабирӣ, ки дар гузашта мақомоти тоҷик ӯро барои даст доштан дар ошӯби Ҳоҷӣ Ҳалим муттаҳам карда буданд, аз моҳи марти соли 2015 ба ин тараф дар хориҷ қарор дорад ва таҳти ҷустуҷӯи мақомоти тоҷик аст.

Аммо Шермуҳаммади Шоҳиён, раиси Додгоҳи олӣ, рӯзи 1-уми феврал мушаххас дар бораи иттиҳоми Кабирӣ суҳбат накард. Вай гуфт, парвандаи раиси ҲНИТ махфист ва паси дарҳои баста мегузарад. “Ҳизби наҳзати исломӣ бо ҳалномаи Додгоҳи олии Тоҷикистон фаъолияташ қатъ ва созмони террористӣ эътироф шудааст. Нисбат ба раиси он парвандаи ҷиноӣ аст ва дар баррасии Суди олӣ қарор дорад. Ба таври махфӣ баррасӣ мешавад”, — мухтасар посух дод Шоҳиён.

Маҳмудҷон Файзраҳмонов, яке аз фаъолони ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ, рӯзи 1-уми феврал мурофиаи ғоибона ва паси дарҳои бастаи Муҳиддин Кабириро «дорои ангезаи сиёсӣ» номид. Ӯ дар як посухи хаттӣ ба Радиои Озодӣ навишт, мурофиа паси дарҳои баста мегузарад, то воқеиятҳо ошкор нашавад.

Баъзе аз таҳлилгарон ба ин назаранд, ки ҳукми Додгоҳи олӣ тақозои Тоҷикистонро барои боздошту истирдоди Муҳиддин Кабирӣ дар хориҷа осонтар мекунад. Парвиз Муллоҷонов, сиёсатшиноси тоҷик, гуфт, “дар сурати судури ҳукм ҳукумати Тоҷикистон аз кишварҳои ғарбӣ тақозо мекунад, ки дигар ба Кабирӣ паноҳгоҳ надиҳанд ва ӯро барои адои ҷазо боздошт ва ба Тоҷикистон истирдод намоянд”.

Мурофиаи додгоҳии Муҳиддин Кабирӣ дар ғайбаш баъди он имконпазир шуд, ки соли гузашта порлумони Тоҷикистон ба қонуни мурофиавии ҷиноӣ тағйирот ворид кард. Ин дигаргунӣ ба додгоҳҳои кишвар ҳақ дод, ки афроди муттаҳамро дар ғиёбашон ба зиндон маҳкум кунанд.

Ҳафтаи гузашта мақомоти Додгоҳи вилояти Хатлон гуфтанд, ки узви аршади ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ Шамсиддин Саидовро дар ғиёбаш ба 15 соли зиндон маҳкум карданд. Мақомот мегӯянд, агар касе бо ин ҳукмҳо розӣ нест, дар сурати бозгашт ба ватан ҳаққи шикоят карданро дорад.

Муҳиддин Кабирӣ баъд аз интихоботи порлумонии соли 2015, ки дар он ҲНИТ ду курсиашро аз даст дод, аз кишвар хориҷ шуд ва дигар барнагашт. Моҳи сентябри ҳамон сол мақомоти Тоҷикистон ҳизби наҳзатро дар ташкили ошӯби Ҳоҷӣ Ҳалим муттаҳам карданд. Ба дунбол, Додгоҳи олӣ ҳизби наҳзати исломиро мамнуъ ва созмони террористӣ эълон кард. Ҳамон сол даҳҳо узви ин ҳизб, аз ҷумла муовинони раис боздошт ва ду нафари онҳо ба ҳабси абад ва боқимонда ба муҳлатҳои тӯлонӣ зиндонӣ шуданд.

Як муддат номи ӯ дар феҳристи Интерпол — пулиси байналмилалӣ ҳам пайдо ва баъд аз чанде ғайб зад. Бо ин вуҷуд, мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, ҷустуҷӯи байналмилалии Кабирӣ поён наёфтааст.

Муҳиддини Кабирии 53-сола соли 2006 дар пайи даргузашти Саид Абдуллоҳи Нурӣ ба раҳбарии ҳизби наҳзати исломӣ расид. Вай ду дафъа вакили Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон низ буд.

Манбаъ: Радиои Озодӣ

 

Реклама

Рубрики:Сиёсат, Хабарҳо

Помечен как:

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s