Хабарҳо

Рустам Иноятов, раиси СНБ-и Узбакистон, барканор шуд

Генерал Рустам Иноятов, раҳбари Хадамоти амнияти миллии Узбакистон (СНБ) ва яке аз чеҳраҳои бонуфузи он кишвар аз мақом барканор шуд. Иноятовро дар ин мақом Ихтиёр Абдуллоев иваз кард, ки то ин замон додситони кулли Узбакистон буд. Иноятови 73-сола беш аз бист сол раёсати ин ниҳоди пӯшида ва нирӯманди Узбакистонро бар ӯҳда дошт.

Ин тағйироти кадрӣ дар сохтори қудратии Узбакистон рӯзи 31-уми январ дар ҷаласаи якҷояи Хадамоти амнияти миллӣ ва Додситонии кулл эълон шуд.

Ихтиёр Абдуллоев раҳбари нави Хадамоти амнияти миллии Узбакистон 53 сол дорад ва то замони расидан ба ин мақом додситони кулл буд. Манобеи бахши узбакии Радиои Озодӣ гуфтанд, ки ӯро 30-юми январ дар шаҳри Тошканд бо муҳофиз дидаанд.

Атобек Муродови 42-сола, мушовири давлатии президенти Узбакистон, додситони кулл шудааст.

Манобеи наздик ба ҳукумати Узбакистон рӯзи 31-уми январ ба бахши узбакии Радиои Озодӣ гуфтанд, ки Рустам Иноятов 25-уми январи имсол номаи истеъфои худро ба президент Шавкат Мирзиёев супурда буд. Ӯ бознишаста шудааст.

Шавкат Мирзиёев, раиси ҷумҳури Узбакистон, рӯзи 22-юми декабри соли гузашта бори аввал аз кори Хадамоти амнияти миллии он кишвар интиқод кард ва гуфт, ба зудӣ дар ин сохтор ислоҳот мешавад. Вай, инчунин, гуфта буд, ба қонун дар бораи Хадамоти амнияти миллӣ тағйирот ворид хоҳанд кард.

Хабаргузории «Ройтерс» моҳи марти соли гузашта дар як матлабаш навишта буд, Иноятов ягона нафарест, ки аз ислоҳталабии Мирзиёев хушаш намеояд. Ба навиштаи ин хабаргузорӣ, Рустам Иноятов монеи ислоҳталабии Шавкат Мирзиёев ҳаст.

Ин хабаргузорӣ бо такя ба манобеи худ навишт, паси мушкили парвозҳо миёни Душанбе ва Тошканд дар соли гузашта маҳз Иноятов истода буд. Соли гузашта бар асоси як тавофуқ миёни Душанбе ва Тошканд парвози ҳавопаймоҳо ба роҳ монда шуд, вале дар рӯзҳои аввал парвоз аз Душанбе ба Тошканд ба мушкил рӯ ба рӯ шуд.

“Мирзиёев талош мекунад, ба Ғарб нишон диҳад, ки ислоҳталаб аст. Аз ҷумла, вақте ҳарф сари иқтисод ва бахшҳои молиявӣ меравад. Аммо раҳбари Хадамоти амнияти миллӣ мавқеи дигар дорад. Ӯ зидди тағйирот аст”, — навишта буд “Ройтерс”.

Рустам Иноятов аз соли 1995 бар Хадамоти амнияти миллии Узбакистон, яке аз муҳимтарин ва пурнуфузтарин ниҳодҳо дар замони ҳукумати Ислом Каримов, раҳбарӣ мекард. Аммо ҳамеша талош кардааст, ки аз мазҳари ом ҳарчӣ дуртар бошад. То моҳи октябри соли 2014 ягон акси нави ӯ ба матбуот роҳ наёфта буд. Аксҳое, ки то он вақт нашр шуданд, ба аввали солҳои 90-ум тааллуқ доштанд, ки ӯ ҳанӯз ба мақоми раиси Хадамоти амнияти миллӣ нарасида буд.

Хадамоти амнияти миллии Узбакистон то як соли қабл аз бастатарин ва “бераҳмтарин” ниҳодҳо ба шумор мерафт. Ҳомиёни ҳуқуқи башар ин идораро ба саркӯби бераҳмонаи дигарандешон, ба зиндон афкандани ҳазорон нафари норозӣ аз сиёсати режими Ислом Каримов, марги мармузи даҳҳо маҳбус ва шикоятҳои фаровон аз шиканҷа, бе нишон ғайб задани даҳҳо ҳомии ҳуқуқ ё сиёсатмадори мухолиф дар ин кишвар ва даст доштан дар саркӯби ошӯби соли 2005 дар Андиҷон айбдор мекунанд.

Манбаъ: Радиои Озодӣ

Реклама

Рубрики:Хабарҳо

Помечен как:,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s