Сиёсат

Сафаров: «Интизор будем, ки мухолифон кай титу пош мешаванд»

Як ниҳоди вобаста ба раёсати ҷумҳури Тоҷикистон аз ҳамроҳ нашудани Додоҷони Атовулло ва “Гурӯҳи 24” ба эътилофи зери раҳбарии ҲНИТ ситоиш кард.

Сайфулло Сафаров, муовини аввали раиси Маркази тадқиқоти стратегии назди президенти Тоҷикистон, гуфт, тасмими Додоҷони Атовулло ва “Гурӯҳи 24” барои напайвастан ба ҲНИТ аз як тараф эҳтимоли ҳамкориро ба вуҷуд овард ва аз сӯи дигар хатари ҲНИТ-ро кам намуд.

Сафаров рӯзи 2-юми феврал дар Душанбе аз таҳлили ним соли қабл ёд овард, ки дар он Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳизби наҳзатро хатаре ба амният унвон карда буд. «Инро медонистем, лекин нагуфта будем. Хостем, ки интизор шавем, кай ҳамин ҳодиса пухта мерасад ва худашон титу пош мешаванд», — афзуд ӯ.

«Ҳамин қадар таҳқир кард, ҳукумат чизе нагуфт»

Сайфулло Сафаров иддао кард, ки мушкили онҳо «бо террористӣ будани ҳизби наҳзати исломист», вагарна, ба қавли ӯ, ҳукумати Тоҷикистон бо мухолифонаш мушкилк надорад. «Мо ҳамин қадар сол бо вай (манзур Додоҷони Атовулло) баҳс кардем. Ҳамин қадар таҳқирҳо дар ҳаққи ҳукумат кард. Лекин нисбат ба вай ҳеч кореро ҳукумат анҷом надод. Вай шахсияти сиёсӣ аст. Вайро мо террорист нагуфтем.»

Тобистони соли гузашта дар шаҳри Дортмунди Олмон як нишасти мухолифини тоҷик баргузор шуд. Дар он раҳбари ҳизби ҳамакнун фаъолияташ дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ Муҳиддин Кабирӣ, намояндагони «Гурӯҳи 24» ва Анҷумани нерӯҳои созандаи Тоҷикистон, ки раҳбариашро Додоҷони Атовулло бар дӯш дорад, иштирок ва суханронӣ карданд. Дере нагузашта Додоҷони Атовулло бо изҳороте аз кори ҲНИТ интиқод кард ва гуфт, бо онҳо зери ҳеч эътилоф нахоҳад рафт.​

Атовулло: «Муҳимтарин муқаддасот Тоҷикистон аст»

Додоҷони Атовулло рӯзи 2-юми феврал дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, аз аввал майли ҳамкорӣ бо ҲНИТ-ро надошт ва танҳо дар рӯзҳои вазнин дар канорашон қарор гирифт. Ӯ дар посух ба суоли инки оё ҷудоӣ аз ҲНИТ шароити ҳамкорӣ бо мақомотро бештар кардааст?, гуфт:

«Талоқи сиёсӣ бо Кабирӣ ба маънои он нест, ки мухолифин ба оғӯши гурӯҳи дигар бираванд. Дар масъалаи ҳамкорӣ бар ин назар ҳастам, ки Тоҷикистон, воқеан, ба «презагрузка» ниёз дорад. Гумон мекунам, ҳам ҳукумат ва нирӯҳои воқеии мухолиф дар сари як миз нишинанд ва як роҳи наҷотро пайдо намоянд. Ҳам барои ҳукумат ва ҳам мухолифон муҳимтарин муқаддасот Тоҷикистон аст. Пас, ҳар коре мекунем, ба хотири Тоҷикистон бошад.»

Зимнан, муҳаққиқони Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳадс мезананд, ки баъди “титу поши” нерӯҳои мухолиф, рақиби тавоное барои ҳукумати Тоҷикистон боқӣ намондааст. Бархе аз нозирони умури сиёсӣ ҳам мегӯянд, дар парокандагии мухолифон дар хориҷ аз кишвар мақомоти тоҷик даст доштанд.

Аз «Чароғи рӯз» то Анҷумани нирӯҳои созанда

Ҳизби наҳзати исломӣ соли 2015 бо қарори Додгоҳи олӣ мамнӯъ ва созмони террористӣ эълон шуд. Дар пайи он бархе аз аъзои он боздошту зиндонӣ ва бархеи дигар ба хориҷ фирор карданд. Гуфта мешавад, сафи онҳо дар Аврупову кишварҳои дигар ба садҳо нафар мерасад.

Додоҷони Атовулло, рӯзноманигори тоҷик, соли 1990 ҳафтаномаи мустақили “Чароғи рӯз”-ро таъсис дода, охири соли 1992 Тоҷикистонро тарк кард. Вай беш аз 25 сол боз дар хориҷа, асосан дар Русияву Олмон, зиндагӣ мекунад ва бо интиқодаш аз ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон шӯҳрат дорад.

Ӯ дар Маскав ҷунбиши мухолифи “Ватандор” ва сипас дар Олмон Анҷумани нирӯҳои созандаи Тоҷикистонро таъсис дод. Ахиран дар сомонаҳои иҷтимоӣ аз тасмимаш барои бозгашт ба ватан хабар дода, аммо ҳамеша шева ва замони бозгашти худро махфӣ нигоҳ доштааст.

Манбаъ: Радиои Озодӣ

Реклама

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s