Хабарҳо

Боздошти як фаъоли ҲНИТ дар Истамбули Туркия

Ба гузориши сойти Паём, як фаъоли ҲНИТ ва собиқ узви Риёсати вилоятӣ ва раиси комиссиюни тафтишотии ин ҳизб дар Суғд, Нӯъмонҷон Шарипов бо дархости мақомоти Тоҷикистон дар Истамбули Туркия боздошт шудааст.

Бар пояи ин гузориш, Нӯъмонҷон Шарипов дар Истамбул ба тиҷорат машғул буд ва дар маркази ин шаҳр чойхонаи тоҷикӣ дошт. Тибқи иттилои манбаъи Паём, ӯро бегоҳи 4-уми феврал дар назди чойхонааш боздошт кардаанд.

Вакили дифоъи ӯ дар тамоси телефонӣ бо Паём гуфтааст, ки қазияи Шарипов комилан сиёсӣ аст ва бо дархости ҷониби Тоҷикистон боздошт шудааст. Баъди боздошташ, сафорати Тоҷикистон ба мақомоти интизомии Туркия нома зада, аз онҳо дархост кардааст бино бар аҳаммияти хосс доштани қазияи Нӯъмонҷон, дар истирдоди ӯ ба Тоҷикитстон кӯмак кунанд.

Бар асоси гузориши Паём, ду рӯз қабл аз боздошташ, корманди Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон Фирдавс Холиқов, ки зери чатри дипломатӣ фаъолият мекунад, ба назди Нӯъмонҷон омада пешниҳод кардааст ба Тоҷикистон биравад. Холиқов гуфтааст, Тоҷикистон тинҷу ором аст ва дар сурати ихтиёран рафтанаш, ба Нӯъмонҷон ҳеч хатаре таҳдид намекунад. Вале Шарипов ин таклифи ӯро қабул накарда, гуфтааст, ки дигар дар Тоҷикистон ҳатто хона надорад, ки ба он баргардад.

Рӯзи боздошташ Нӯъмонҷон Шарипов ҳамроҳ бо ду ҳамшаҳриҳояш, ки яке Ҳасанхон ном дошта, дар мулоқоти муфтии Тоҷикистон дар Истамбул низ ширкат доштааст, дар назди чойхонааш сӯҳбат мекарданд. Кормандони пулиси Туркия онҳоро тафтиш карда он ду нафарро, ки яке ҳатто ҳуҷҷати иқомаи Туркияро надоштааст раҳо мекунанду Нӯъмонҷонро бо худ мебаранд.

Айни ҳол ӯ дар боздоштгоҳи махсуси хориҷиён дар Истамбул қарор дошта, имкони истирдодаш ба Тоҷикистон вуҷуд дорад. Дар ҳолати истирдод шудан, ба ӯ шиканҷа ва ҳабси тӯлонӣ таҳдид мекунад.

Реклама

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s