Мақомоти тоҷик гуфтанд, ки ба эҳтимоли зиёд полковники фирорӣ Гулмурод Ҳалимов кушта шудааст. Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон, гуфт, чунин маълумотро аз ҷониби шарикони русии худ дарёфт кардаанд ва ҳоло дурустии онро бо роҳҳои худ таҳқиқ мекунанд.
Рамазон Раҳимзода рӯзи 8-уми феврал зимни нишасти хабарӣ дар посух ба суоли Радиои Озодӣ дар робита ба сарнавишти Гулмурод Ҳалимов гуфт, «то ҷое медонем, вай кушта шудааст».
Раҳимзода дар робита ба изҳори назари Ҳенри С. Эшнер, муовини ёвари Котиби давлатии ИМА оид ба кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки чанд рӯз қабл дар мусоҳиба бо Радиои Озодӣ баён дошт, «ҳоло дар мавқее нестем, ки хабари кушта шудани Гулмурод Ҳалимовро тасдиқ кунем», гуфт, «беҳтар аст, инро аз худи онҳо бипурсед.»
Гулмурод Ҳалимов, фармондеҳи дастаи таъиноти махсус ё худ ОМОН-и Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон моҳи апрели соли 2015 аз Тоҷикистон ғайб зад ва моҳи май бо нашри як паёми видеоӣ гуфт, ки ба ДИИШ пайвастааст. Як сол пас, моҳи феврали соли 2016, Ҳумайро Мирова, ҳамсари дуввуми ӯ низ аз Тоҷикистон фирор кард.
Манбаъ: Радиои Озодӣ