Адабиёт

Ашъори Рӯдакӣ ба забони эсперанто садо дод. ВИДЕО

Профессор Фирдавс Шукуров ва пайравонаш як забони нодири дунё – эсперанторо меомӯзанд. Онҳо бо ин забон на танҳо кишварро дар ҷамъомадҳои байналмилалӣ намояндагӣ мекунанд, балки китобхонаи эсперанторо бо асарҳои тоҷикӣ ғанӣ кардаанд.

Олими риёзидон (математик) аз Академияи улуми Тоҷикистон ва мураббии хусусӣ Фирдавс Шукуров, ки акнун бознишаста шудааст, бунёдгузори клуби дӯстдорони забони эсперанто дар Тоҷикистон аст. Дар бораи ин забон, ки як замон аз машҳуртарин забонҳои сунъии дунё буд, эҳтимол дар Тоҷикистон бисёриҳо маълумот надоранд.

Забони эсперанторо табиби чашм Лазар Земенгоффи лаҳистонӣ охири асри 19 таъсис дод. Ҳарчанд ин забони ба гуфтаи бисёриҳо дар доираҳои илмӣ “мурда” дар ҳеч ҷойи дунё истифода намешавад, олим Фирдавс Шукуров ва шогиронаш ба ин ақида розӣ нестанд.

“Ne estas en la mondo ĝojo plia, ol amikar’,

konversaci’ ilia.

Ne estas la malĝojo pli amara,

ol disiĝado kun amikoj karaj”

Ин тарҷумаи мисраъҳои машҳури Рӯдакӣ:

“Ҳеҷ шодӣ нест андар ин ҷаҳон,

Бартар аз дидори рӯи дӯстон” аст, ки эсператошиноси тоҷик бо ин забон қироат мекунад.

Гузориши видеоӣ дар инҷост:

“Шогирдони ман намояндагони касбу кор ва синну соли гуногунанд. Донишҷӯён, талабаҳо, бознишастаҳо, ҳатто як пайрави 78-сола ҳам доштам, ки эсперанторо беҳтар аз ҷавонҳо омӯхт”, — гуфт Фирдавс Шукуров рӯзи 8-уми феврал дар суҳбат бо Радиои Озодӣ.

Ӯ афзуд, “забони эсперанто барои тақвияти зеҳн кумак мекунад, хотираро қавӣ месозад. Барои ҳамин, дар омӯхтани он дурудароз азият намешавед. Танҳо се-чаҳор дарс кофӣ аст, ки асосҳои ин забонро аз худ кунед ва баъдан бо ёрии мавод дар 30 соати дарсӣ бар забон мусаллат мешавед.”

Худи Шукуров ба омӯзиши ин забон тасодуфан 20 сол пеш ва дар ҳоле оғоз кард, ки барои гирифтани китоби навбатӣ ба китобхонаи Фирдавсӣ рафта буд. Ӯ бо аввалин китоби худомӯзи забони эсперанто дар ҳамон ҷо шинос шуд.

Ин китоб таваҷҷӯҳи олимро ба худ кашид ва ба зудӣ ӯ дар Душанбе клуби дӯстдорони эсперанторо таъсис дод. Соли 2005 Шукуров ва пайравонаш Созмони мутахассисони забони эсперанторо сабти ном карданд ва баъди ду сол ба ҳайати Созмони ҷаҳонии эсперанто, қароргоҳаш дар шаҳри Роттердами Ҳолланд пазируфта шуданд.

Ҳаводорони эсперанто дар Тоҷикистон ин забонро меомӯзанд, бо ин забони сунъӣ сӯҳбат мекунанд ва арзишҳои миллии тоҷиконро ба он ворид месозанд. Фирдавс Шукуров китоби рубоиҳои Умари Хайёмро ба забони эсперанто тарҷума ва нашр кард. Матни суруди миллии Тоҷикистон низ бо ин забон тарҷума шуд ва гимнро мешавад бо эсперанто иҷро кард.

Суруди миллии Тоҷикистон ба забони эсперанто чунин садо медиҳад:

Vi estas kara nia land’,

Fierumadas ni pro la feliĉ’,

Pro la beleco via kaj pro la riĉiĝ’.

Al la solena venis ni ceremoni’,

Ĉe la standardo via ĵuras ĉiam ni, ja, ĉiam ni.

(Диёри арҷманди мо,

Ба бахти мо сари азизи ту баланд бод,

Саодати ту, давлати ту бегазанд бод…”)

Ба ин суол, ки чаро бояд як нафар вақт сарф кунад ва як забони мурдаро омӯзад, олими тоҷик гуфт, “барои хушсадоии ин забон, барои худ, барои санҷиши тавонмандии худ”.

Мавзунаи Муҳаммадалӣ – шогирди фаъоли олим Шукуров мегӯяд, эсперанто барои кашфи вежагиҳои худи инсон кумак мекунад ва роҳро барои пайдо кардани дӯстҳои ҳамфикр дар ҷаҳон ҳамвор месозад.

“Ман бори аввал дар бораи эсперанто дар Амрико огаҳӣ пайдо кардам. Баъдан дар интернет ҷустуҷӯ кардам ва маълумоти зиёд ёфтам. Онҳоеро ҷустам, ки дар Тоҷикистон эсперанто меомӯзанд. Баъдан муаллим Фирдавс Шукуровро ёфтам. Ман соли 2016 ба омӯзиши ин забон сар кардам. Эсперанто барои ман забони осон аст, калимаҳо зуд азхуд мешаванд ва ин забон ба дили ман наздик аст”, — мегӯяд Мавзунаи Муҳаммадалӣ.

Ба гуфтаи профессор Фирдавс Шукуров ва шогирди ӯ, барои онҳо муҳим аст донандагони эсперанто дар саросари ҷаҳон Тоҷикистонро бештар шиносанд, дар борааш маълумот дошта бошанд. Барои расидан ба ин ҳадаф, Мавзуна чанде пеш дар маҷаллаи сайёҳӣ, ки дар Ҷопон бо забони эсперанто нашр мешавад, мақолаеро дар бораи Тоҷикистон нашр кард. Ҳоло бесаброна интизор аст, ки нусхаҳои маҷалла зудтар ба Тоҷикистон бирасанд, зеро ин нахустин навиштаи ӯ бо ин забони ғайриоддӣ аст.

Манбаъ: Радиои Озодӣ

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s