Машоҳир

Зодрӯзи Тоҳири Абдуҷаббор – муаллифи нахустин матни эъломияи истиқлоли Тоҷикистон

Тоҳири Абдуҷаббор, раҳбари ҷунбиши мардумии «Растохез” ва яке аз чеҳраҳои сиёсии маъруф дар ибтидои солҳои 90-уми Тоҷикистон, агар умр вафояш мекард, рӯзи 10 феврал ба синни 72 мерасид. Тоҳири Абдуҷаббор, ки 21 апрели соли 2009 аз олам чашм пӯшид, дар таърих ҳамчун муаллифи нахустин матни Эъломияи истиқлоли Тоҷикистон боқӣ мемонад.

Имрӯз дар кишвар ба ҷуз аз чанде аз тарафдорони боқимондааш дигар тақрибан касе аз Тоҳири Абдуҷаббор, раҳбари фақиди ҷунбиши мардумии «Растохез», ки бисёриҳо ӯро «меъмори аслии истиқлоли Тоҷикистон» номаш мебаранд, ёд намекунад. Дар зодрӯзи 72-юми Тоҳири Абдуҷаббор низ ба ҷуз аз чанд ёдкарде дар шабакаҳои иҷтимоӣ дар бораи ин мард чизе гуфта нашуд. Ва танҳо чанде аз ҳамон тарафдорони содиқи боқимондааш дар бораи нақш ва ҷойгоҳи ин сиёсатмадору иқтисодшиноси маъруфи тоҷик навиштанд ва бори дигар аз ин ёдовар шуданд, ки пешнависи нахустин матни Эъломияи истиқлоли Тоҷикистонро дар соли 1990 ҳамин мард навишта буд.

Тоҳири Абдуҷаббор 10 феврали соли 1946 дар ноҳияи Ашт ба дунё омада, соли 1966 риштаи ҷуғрофиёи Донишкадаи омӯгории Душанберо хатм кардааст. Ӯ баъди чанд соли кор дар Фарҳҳангистони улуми Тоҷикистон, соли 1974 дар Маскав дар мавзӯи «Масоили рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии Покистон» рисолаашро дифоъ кард ва соҳиби унвони номзади илм шуд. Тоҳири Абдуҷаббор аз соли 1976 тайи 11 сол дар Афғонистон кор кард ва соли 1987 ба Фарҳангистони улуми Тоҷикистон баргашт.

Вале исми Тоҳири Абдуҷаббор ҳамчун сиёсатмадор бори аввал рӯзи 14 сентябри соли 1989, бо интихобаш ба раҳбарии ҷунбиши мардумии «Растохез», нахустин созмони сиёсӣ дар муқобили ҳизби яккатози коммунист матраҳ шуд. Тоҳири Абдуҷаббор ба дунбол консепсияи мустақилияти иқтисодии Тоҷикистонро навишт, ки дар рӯзномаи «Ҷавонони Тоҷикистон” чоп шуд.

Дар рӯзҳои эътирозҳои моҳи феврали соли 1990 Тоҳири Абдуҷаббор дар қатори Бӯрӣ Каримов, Бозор Собир ва Халифабобо Ҳомидов аз ҷумла 17 нафаре шуд, ки эътирозгарони майдони Шаҳидон барои музокира бо ҳукумати вақти Тоҷикистон интихоб карданд.

Баъди саркӯби ин эътирозҳо ӯ бо вуҷуди фишори сахти мақомот тавонист дар интихоботи рӯзи 25 феврали соли 1990 аз ҳавзаи Ашт вакили Шӯрои Олӣ – парлумони вақти Тоҷикистон интихоб шавад. Тоҳири Абдуҷаббор дар баробари Аслиддин Соҳибназаров, Ҳоҷӣ Акбари Тӯраҷонзода ва Ҳайдаршоҳ Акбарзода аз зумраи ангуштшумор вакилони он ҳайъати парлумони кишвар буд, ки бо мавзеъгириҳои ошкор ва интиқодии худ нисбат ба ҳокимони вақти кишвар фарқ мекарданд.

Тоҳири Абдуҷабборро ҳатто «микрофони рақами 6” лақаб дода буданд ва раисони ҷаласаҳои Шӯрои Олӣ бисёр вақт ё микрофони ӯро хомӯш мекарданд ваё инро, ки ӯ дар назди микрофони рақами 6 мунтазири навбати суханронист, нодида мегирифтанд.

Ҳайдаршоҳи Акбарзода, вакили он ҳайъати парлумони Тоҷикистон мегӯяд, Тоҳири Абдуҷабборро дар Шӯрои Олӣ ҳатто онҳое, ки назарҳояшро қабул надоштанд, ҳамчун донишманд эътироф мекарданд:«Чунки хеле олимона сӯҳбат мекард устод Тоҳир. Албатта, ба раҳбарони вақт хуш намеояд ҳарфҳояш, вале он даврон як даврони гузариш буд, ки дигарандеширо маҷбур буданд, то ҳадде таҳаммул кунанд. Он нахустин Шӯрои олие буд, ки ба он дар баробари вакилони дастнишондаи ҳизби коммунист вакилони мустақил ҳам роҳ ёфтанд ва мисли Тоҳири Абдуҷаббор назари худро озодона мегуфтанд. Азбаски ҷараёни иҷлосияҳо мустақим аз телевизион пахш мешуд, дар як муддати кӯтоҳ Тоҳири Абдуҷаббор дар сатҳи ҷумҳурӣ маъруф шуд, чунки хеле ошкор ва дар айни замон олимона сӯҳбат мекард ва ҳама медид, ки ӯ аз вакилони дигари Шӯрои Олӣ як сару гардан болотар аст.”

Чизи дигаре ки дар фаъолияти сиёсии Тоҳири Абдуҷаббор таъкид мекунанд, мулоиматӣ ва тавозунест, ки ӯ ҳамеша нигоҳ медошт.

Аҳмадшоҳи Комилзода, хабарнигори тоҷик, ки бо Тоҳири Абдуҷаббор собиқаи дӯстӣ дошт, мегӯяд, ин тавозун аз тарбияи баланди ин сиёсатмадор об мехӯрад:«Хеле як инсони шариф ва бетамаъ буд. Аз касе ягон подош намехост. Ба маънои томаш як равшанфикр буд ва аз касе, ҳатто аз онҳое ки бо лаҳни шадид таҳқиру тавҳинаш мекарданд, озурда намешуд. Як табиати фавқулоддаи бахшояндагӣ дошт.”

Тоҳири Абдуҷаббор муаллифи нахустин матни Эъломияи истиқлоли Тоҷикистон буд. Вақте ӯ дар баҳори соли 1990 ин матнашро барои баррасӣ ба Шӯрои Олӣ пешниҳод кард, касе аз он пуштибонӣ накард ва раҳбарони аввали ҷумҳурӣ ба ӯ тамғаи «ҷудоихоҳӣ” зада, гуфтанд, ки Тоҷикистон дар ҳайъати Иттиҳоди Шӯравӣ буд, ҳаст ва мемонад.

Ҳайдаршоҳи Акбарзода мегӯяд:«Ҳоло дигаронро муаллифи Эъломияи истиқлол ном мебаранд, вале дар асл муаллифаш Тоҳири Абдуҷаббор буд. Вақте ин Эъломияро пешниҳод кард, ягон вакили парлумон онро напазируфт. Вале моҳи августи соли 1990, вақте аз Маскав амр шуд, ки ҳар ҷумҳурӣ Эъломияи истиқлолияташро қабул кунад, Шӯрои Олии Тоҷикистон ҳамон матнеро, ки бо дасти Тоҳири Абдуҷаббор навишта шуда буд, гирифт ва Эъломияи истиқлоли Тоҷикистонро бар асоси ҳамон матн қабул кард. Аз ин рӯ, меъмори аслии истиқлоли Тоҷикистон Тоҳири Абдуҷаббор аст. Ин ягон ҷои баҳс надорад.”

Дар ҳаводиси баъдии солҳои 90, вақте гурӯҳҳои дигар ва бо шиорҳои тундтар ба майдон омаданд, Тоҳири Абдуҷаббор бо он мулоимӣ ва тавозунаш дар ҳошия қарор гирифт. Бо ин вуҷуд, соли 1993, дар пайи пирӯзии Фронти халқӣ ва ба қудрат расидани ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон, Додгоҳи олии Тоҷикистон дар баробари ҳизби наҳзати исломӣ, ҳизби демократ ва созмони «Лаъли Бадахшон” фаъолияти «Растохез”-ро низ манъ кард.

Тоҳири Абдуҷаббор соли 1993 ибтидо ба Маскав ва сипас ба Эрон фирор кард ва то соли 1996 дар бахши русии Радиои Эрон кор кард. Соли 1996 ба Бишкек омад ва дар Донишгоҳи улуми башарии Бишкек ба ҳайси доктори илми иқтисод, дар Донишгоҳи байналмилалии Қирғизистон ба ҳайси мудири кафедра ва дар Академияи молия ва иқтисоди Бишкек, Академияи мудирияти назди раисҷумҳури Қирғизистон, Академияи идораи умури давлатии назди раисҷумҳури Қирғизистон ба ҳайси профессор фаъолият кард.

Тоҳири Абдуҷаббор баъди имзои созишномаи сулҳи соли 1997 бо вуҷуди қарори нави Додгоҳи олӣ, ки ба фаъолияти аҳзоби мамнӯъ, бо шумули «Растохез” роҳ кушод, ин созмонро аз нав эҳё накард ва дигар аз фаъолиятҳои сиёсӣ канор гирифт. Аҳмадшоҳи Комилзода дар ин бора мегӯяд: «Устод Тоҳир мегуфт, ки «Растохез” ду ҳадафи асосӣ дошт – яке мақоми давлатӣ додан ба забони тоҷикӣ ва истиқлоли Тоҷикистон, ки ҳар ду алакай таъмин шудаанд ва дигар зарурате барои идомаи фаъолияти «Растохез” намондааст. Ӯ маъмурияти худ дар арсаи сиёсии кишварро бо ҳамин анҷомшуда медонист.”

Аммо баъдан Тоҳири Абдуҷаббор дар сӯҳбатҳояш аз низоми сиёсии бавуҷудомада дар Тоҷикистони мустақил ва сатҳи зиндагӣ ва озодиҳои мардум дар ин кишвар изҳори нороҳатӣ мекард ва аз ҷумла дар як мусоҳибааш гуфта буд:«Албатта, ман фикр намекунам ормонҳое, ки мо дар мавриди истиқлоли Тоҷикистон дар авоили даҳаи 1990 доштем, сад дар сад ба даст омада бошад. Аслан истиқлолияти давлати Тоҷикистон, ки мо баҳри он талош кардем, барои ин буд, ки мардум озод бошанд. Бо камоли таассуф, метавон гуфт, ки имрӯз ҳам дар Тоҷикистон он чизҳое, ки мо мехостем, яъне озодии кишвар, озодии инсонҳо ва озодии афроди ҷомеъа, ба таври комил ба даст наёмадааст.”

Тоҳири Абдуҷаббор ҳамин тавр, аз саҳмияи 30-фоизае, ки бар асоси созишномаи сулҳ ба мухолифин дода шуд, мансабе барои худ тамаъ накард. Ӯ соли 2005 аз Бишкек ба Тоҷикистон баргашт ва муддате дар Донишгоҳи байналмилалии Тоҷикистон дарс гуфт. Тоҳири Абдуҷаббор 21 апрели соли 2009 бар асари саратони мағз дар синни 63 аз дунё чашм пӯшид ва ҷанозаи ин сиёсатматдор ва иқтисодшиноси маъруфро дар зодгоҳаш – рустои Ашти ноҳияи Ашти вилояти Суғд ба хок супурданд.

Хабарнигори тоҷик Насибҷони Амонӣ, ки мақолаҳои Тоҳири Абдуҷаббор ва хотироту ёрону дӯстон дар бораи ин сиёсатмадорро дар ду китоб гирд овардааст, бар ин аст, ки Тоҳири Абдуҷаббор ба фарқ аз бисёриҳо, ки сиёсатро як кори ифлос мешуморанд, тавонист дар ин саҳна бар асоси ҳамон шиори «Пиндори нек, гуфтори нек, кирдори нек”, ки шиори «Растохез”-аш ҳам буд, амал намояд ва ҳеҷ гоҳ аз ин масир берун пой наниҳад. Насибҷони Амонӣ дар як ёддошташ дар бораи Тоҳири Абдуҷаббор менависад:«Бисёриҳо бар ин назаранд, ки сиёсат кори мардони озода нест, зеро сиёсатмадор гоҳе дар муомилот барои дастёбӣ ба суди хеш дурӯғ ҳам мегӯяд. Ӯ таи се соли фаъолият дар парлумон бо ҳамон пиндору гуфтору кирдори нек ва бо талоши бемислаш дар роҳи адолату ҳақиқат ва барои қабули даҳҳо қонуни барои мардум ва ҷомиа судманд саҳм гирифт ва ба депутати рақами 1 парлумон табдил ёфт ва баъди он интихобот дигар намояндаи мардумие назири устод Тоҳири Абдуҷаббор бо микрофони рақами 6 пайдо нашуд.”

Тарафдоронаш бар инанд, ки нақши Тоҳири Абдуҷаббор дар таърихи навини Тоҷикистон ба тавре ки мебояд, то ҳол қадршиносӣ нашудааст. Нашрияи «Миллат” дар соли 2013 пешниҳод карда буд, ки ба Тоҳири Абдуҷаббор ба унвони муаллифи матни нахустини Эъломияи истиқлоли кишвар унвони Қаҳрамони Тоҷикистон дода шавад.

Аҳмадшоҳи Комилзода мутмаин аст, ки Тоҳири Абдуҷаббор ҳамчун меъмори аслии истиқлоли Тоҷикистон ҳатман дар таърихи ин кишвар ҷойгоҳи худро пайдо мекунад, вале ба ақидаи ӯ, ҳанӯз фурсати шинохти дуруст ва эътирофи хидматҳои ин сиёсатмадори бузург дар Тоҷикистон фаро нарасидааст.

Манбаъ: Akhbor.com

Рубрики:Машоҳир

Помечен как:,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s