Хабарҳо

А.Абдуллозода: «Истеъфои Зоҳидзода рабте ба қазияи Мирсаидов надорад»

Раиси Кумитаи ҷавонон ва варзиши Тоҷикистон мегӯяд, ки канор рафтани Олим Зоҳидзода аз мақоми сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд ҳеҷ рабте ба қазияи боздошти Хайрулло Мирсаидов, журналист ва раҳбари «Маҳфили зарифон» ё КВН надорад. Исми Олим Зоҳидзода пас аз он ки Хайрулло Мирсаидов ӯро дар фасодкорӣ айбдор донист, сари забонҳо гардид.

Аҳтам Абдуллозода рӯзи душанбеи 12-уми феврал зимни нишасти хабарии ин ниҳод дар посух ба суоли хабарнигорон гуфт, ки «Олим Зоҳидзода бо ихтиёри худ аз вазифа рафтааст ва иқдоми вай ба қазияи боздошти Хайрулло Мирсаидов, журналист ва раҳбари «Маҳфили зарифон ё КВН ҳеҷ рабте надорад.»

Ҷаноби Абдуллозода афзуд: «Олим Зоҳидзода худаш бо хоҳиши худ ариза навишта ва хост, то аз ин мақом биравад. Бинобар ин хоҳишаш қонеъ карда шуд». Олим Зоҳидзода аз ҷавонони фаъоли вилояти Суғд дониста мешуд.

Олим Зоҳидзода, ҳоло собиқ сардори Раёсати ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд дар авохири моҳи декабри соли гузашта гуфта буд, ки агар Хайрулло Мирсаидов ба матбуот дар бораи 1000 доллар ришвае, ки гӯё аз вай талаб карда бошанд, хабар намедод, дар нисбати вай тафтишот сурат намегирифт.

“Вақте, ки дар матбуот хабари бардурӯғ дар мавриди ришватситонии ман пахш мешавад ва ҳатман барои ҳимояи шаъну шарафи худ ва маълум кардани асли қазия ба прокуратураи вилоят барои сарфу харҷи маблағҳои ҳукумати вилоят ба КВН муроҷиат кардам, ки пули сарфшударо тафтиш кунанд, ки куҷо шуд.” — нақли карда буд Зоҳидзода ба Қаршибоев, раиси НАНСМИТ.

Хайрулло Мирсаидовро рӯзи 5-уми декабр дар зодгоҳаш дар шаҳри Хуҷанд дастгир карданд. Ӯ баъд аз он дастгир шуд, ки номаи саркушодае ба номи раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон, додситони кулл Юсуф Раҳмон ва Абдураҳмон Қодирӣ, раиси пешини вилояти Суғд номае навишт ва гуфт, ки пеши роҳи мақомоти ба гуфтаи вай ришвахорро бигиранд.

Хайрулло Мирсаидовро ҳоло ба тақаллуби молӣ, баёноти дурӯғ ба милиса, барангехтани адовати милливу мазҳабӣ муттаҳам карданд. Барои ин ҷиноятҳо дар Тоҷикистон мумкин аст, фарди гунаҳкорро ба 21 соли зиндон маҳкум кунанд.

Падараш ба Радиои Озодӣ гуфт, ки Хайрулло иттиҳомоти эълоншударо беасос медонад ва мегӯяд, ки бегуноҳ аст. Ҳафтаи гузашта дар додситонии вилояти Суғд ба хабаргузории Азия Плюс гуфтаанд, ки бо дархости додситонӣ ва барои “таҳқиқи комил ва бетарафонаи парванда” мӯҳлати боздошти Хайрулло Мирсаидовро барои ду моҳи дигар тамдид кардаанд.

Мирсаидов дар гузашта барои “Азия Плюс” ва радиои «Садои Олмон» кор кардааст. Ӯ узви тими миллии КВН-и Тоҷикистон буд, ки маҳфили гурӯҳи ҳозирҷавобон аст. Давлати Тоҷикистонро барои боздошти Хайрулло Мирсаидов, танқид кардаанд. Созмони Афви Байналмилал, қароргоҳаш дар Лондон, Мирсаидовро фарде номидааст, ки барои “истифода аз ҳаққи озодии баён” боздошт шудааст.

Манбаъ: Радиои Озодӣ

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s