Ахбори Анҷуман

Вокуниши Шӯрои уламои Тоҷикистон ба таъсиси “Анҷумани Озодандешони Тоҷик”

Ба гузориши сойти Ахбор, Раёсати Шӯрои уламои Тоҷикистон бо изҳори нигаронӣ аз таъсиси “Анҷумани Озодандешони Тоҷик” гуфтааст: “Таъсиси як созмони нави шубҳанок дар хориҷи кишвар аслан ба суди ҳеҷ ҷонибе нест.”

Бар пояи ин гузориш, Раёсати Шӯрои уламои Маркази исломӣ (собиқ муфтиёт)-и Тоҷикистон рӯзи 13 феврал бо нашри як изҳороти вижа аз таъсиси “Анҷумани Озодандешони Тоҷик” дар хориҷи кишвар изҳори нигаронӣ кард ва гуфтааст: “Вуҷуди чунин ниҳодеро, ки зери баёнияи он як гурӯҳ шахсиятҳои ба ном зиёӣ, аммо дар асл мубаллиғони афкору мулоҳизоти ба нафъи Тоҷикистони соҳибистиқлол мухолиф имзо гузоштаанд, намепазирад ва маҳкум мекунад.”

Дар изҳороти раёсати Шӯрои уламо, ки дар сомонаи расмии Кумитаи дин нашр шудааст, гуфта мешавад, ки “нафарони масъули “Анҷумани Озодандешон” барои мардуми кишвар бо нуқтаи назари “хос”-ашон шиносанд, онҳое, ки аз ягон далели пешрафт ва тараққии Тоҷикистон қаноатманд набуданд ва намешаванд. Хоссатан, Сайидюнуси Истаравшанӣ, ки мудом ба сари давлату миллат борони туҳмату буҳтон мерезад.”

Ба ақидаи рӯҳониёни тоҷик, ҳадафу вазифаи ин анҷуман “суханони обшуста ва такрор аз даҳҳо оиномаҳое ҳастанд, ки қаблан амал мекарданд. Чунин тасаввур ҳосил мешавад, ки гӯиё Тоҷикистон ба тӯфони азиме гирифтор бошад ва маҳз чунин афрод кишварро наҷот медода бошанд.” Ва ин дар ҳолест, ки ба эътиқоди аъзои раёсати Шӯрои уламо, «Ҷумҳурии Тоҷикистон айни замон вазъи хуби иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангӣ дорад, роҳи пешрафт муайян ва талошҳо барои ободии мулк ҷараён дорад. Аз ҳама муҳим, мардуми кишвар вазъи осуда дошта, тинҷиву оромӣ ва сулҳу ваҳдат дар мамлакат ҳукмфармост. Ваҳдати давлату ҷамъият таъмин аст.”

Дар поёни изҳорот эътироф карда мешавад, ки Тоҷикистон низ орӣ аз мушкилу камбудӣ нест, вале ба ақидаи раёсати Шӯрои уламо: «Дар ҷумҳурии мо низ на ҳама мушкилот ҳал шудаанд, аммо ин чунин маънӣ надорад, ки барои ҳалли масъалаҳои дохилӣ дар хориҷа анҷуману созмонҳо таъсис дода шаванд. Ба андешаи мо, масъалаҳои дохилиро дар дохили кишвар, бо роҳҳои қонунӣ, бо маслиҳату машварат, тибқи қонунҳои дохилӣ ҳал намудан лозим аст. Аз ин хотир, таъсиси як созмони нави шубҳанок дар хориҷи кишвар аслан ба суди ҳеҷ ҷонибе нест.”

Сойти Ахбор дар гузориши худ афзудааст, рӯзи 12 феврал як гурӯҳи зиёиёни тоҷик, ки дар хориҷ аз кишвар ба сар мебаранд, дар шаҳри Вена, пойтахти Австрия созмони наверо бо номи Анҷумани озодандешони тоҷик таъсис доданд. Зери баёнияи таъсиси Анҷумани озодандешони тоҷик Алим Шерзамонов ба унвони масъули Раёсати иҷроия ва сухангӯи Анҷуман, ҳамчунин Темур Варқӣ, Равшан Темуриён, Сайидюнус Истаравшанӣ, Ҳаким Раббимпур ва Аюб Эгамов имзо гузоштаанд.

Ин анҷуман масоилеро, чун «ниҳодина кардани фарҳанги демукросӣ (мардумсолорӣ) дар ҷомеа ва ҳифзи чеҳраи дунявият дар сохтори сиёсии Тоҷикистон; талош барои бунёди ҷомеаи инсонмеҳвар, ки дар он, давлат манофеи кишварро дар таъмини ҳаддиаксари ҳуқуқ ва озодиҳои инсон бидонад; ҳимоят аз ҳуқуқи тоҷикон ва тоҷикистониён дар ҳар ҷое аз дунё ва ҳамкорӣ бо ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандии миллӣ ва байналмилалӣ ҷиҳати барқарории ҳуқуқи поймолшудаи шаҳрвандон ба хусус маҳбусони сиёсӣ ва хонаводаҳои онон” аз ҷумлаи аҳдоф ва вазифаҳои асосиаш ном мебарад.

Ба иддаои сойти Ахбор, таъсиси “Анҷумани Озодандешони Тоҷик” билофосила ба мавҷи маҳкумиятҳо аз ҷониби тарафдорони ҳукумат рӯбарӯ шуд. Ба ақидаи онҳо, дар пушти ин анҷуман ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ (ҲНИТ) ва Эрон истодаанд. Аммо Темур Варқӣ, шоир ва хабарнигори тоҷики муқими Аврупо, ки аз муассисони ин анҷуман аст, дар сӯҳбат бо сомонаи Ахбор гуфт, ки ин даъвоҳо асос надоранд. Ва афзудааст:

Дӯст ва бародар будан маънии он надорад ки мо аз ақидаи хеш даст кашем. Маълум аст, ки одами Кабирӣ мегӯянд, ин нашавад, ягон баҳонаи дигар мекобанд барои ҳамла. Фарқи мо аз рақибони мо дар он аст ки мо дӯстиву бародарӣ мехоҳем, онҳо бошанд аз тамоми дигарандешон душман метарошанд ва хатар барои қудрат ва имконияти дуздиву ғоратгариашон мебинанд.”

Реклама

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s