Ахбори Анҷуман

Нахустин вокуниши ҲХДТ (ҳизби ҳоким) ба таъсиси Анҷуман

Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон (ҲХДТ) дар вилояти Суғд дар баёнияе дар вокуниш ба таъсиси “Анҷумани Озодандешони Тоҷик”, бо таъкид бар ин ки “дар кишвари мо таҳти сиёсати хирадмандона ва оқилонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳама соҳаҳо пеш рафта, зина ба зина сатҳи зуҳуроти номатлуби ришваситонӣ кам гардида истодааст”, дар бораи муассисони Анҷуман иддао кардааст: “Ин нафарон, олимони кундзеҳн, журналистони шикастақалам, маддоҳони «исломпарасати дурӯғин» хатои маҳз мекунанд.”

Ба гузориши Ahborfakt, ҲХДТ дар вилояти Суғд, дар ин баёния овардааст: “Мо, аъзоёни Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ҷавоб ба изҳороти “Анҷумани озодандешони Тоҷик”, ки худро аз пешравон ва донотарошони ҷомеаи пешрави берун аз Тоҷикистон мегиранд, гуфтанием, ки аз суханҳои по дар ҳавои худ даст кашида, мағлубияти худро ҳамчун “рақиби ноӯҳдабаро” қабул намоянд.”

Дар идома афзудааст: “Воқеияти ҳол он аст, ки душманони миллат пешравии кишварамонро нодида мегиранд. Дар кишвари мо таҳти сиёсати хирадмандона ва оқилонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳама соҳаҳо пеш рафта, зина ба зина сатҳи зуҳуроти номатлуби ришваситонӣ кам гардида истодааст. Мисоли барҷаста он аст, ки як гурӯҳи калони коркунони соҳаи Агентии коррупсионӣ бинобар даст доштан ба амалҳои коррупсионӣ маҳкум ба зиндон шуданд. Дар кишвари мо ягон амали зӯроварӣ нест ва наҳоҳад шуд. Мо роҳ ба сӯи якдиливу якмаромӣ пеш гирифтаем. Дар Тоҷикистон манфиатҳои ҳамаи ҳизбҳо, ки расман ба қайд гирифта шудааст, таҳти ҳимояи давлат қарор дорад. Ва ин худ нишони он аст, ки дар Тоҷикистон демократияи ҳақиқии пойдор аст.”

ҲХДТ дар идома ёдовар шудааст: “Аммо ин нафарони “равшанфикр”, ки имрӯз дар хориҷи кишвар таҳти дастгирии хоҷагони беруна қарор дорад, мехоҳанд бо дасти дигарон дар Тоҷикистон табадуллот кунанд. Гуиё онҳо як қувваи бузурганд ва идеяҳои пешрави онҳоро халқ дастгирӣ мекунанд. Аммо ин нафарон, олимони кундзеҳн, журналистони шикастақалам, маддоҳони “исломпарасати дурӯғин” хатои маҳз мекунанд. Зеро халки вахдатшиор, ҳушёру огоҳ атрофи Давлат ва Ҳукумат, Барномаи созандаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон сарҷамъ омада, қотеъона аз ин майдагурӯҳони хоинони миллат талаб дорад, ки даст аз аз чунин изҳороти иғвоангез бардоранд. Зеро мо якдилем ва моро ягон қувва ва нерӯ пароканда намесозад.”

Реклама

Рубрики:Ахбори Анҷуман

Помечен как:,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s