Хабарҳо

Шикояти як номзади интихоботи риёсати ҷумҳурии Русия аз Путин ба Додгоҳи олӣ

Ксения Собчак, номзади интихоботи риёсати ҷумҳурии 2018 Русия, рӯзи чаҳоршанбе алайҳи Владимир Путин, раисиҷумҳури ин кишвар ба Додгоҳи олии Русия шикоят кард ва хостори лағви номзадии Путин дар интихоботи пеши рӯ шуд.

Ба гузориши РИА Новости, Собчак дар шикоятномаи худ алайҳи Путин, ки ба Додгоҳи олии Русия ироа шуда, хотирнишон кард, ки Путин ҳаққи номзадӣ дар интихоботи риёсати ҷумҳурӣ ва тасаддии ин мақомро дар давраи баъд, надорад.

Собчак дар шикоятномаи худ гуфтааст: “Бо таваҷҷӯҳ ба ин ки Путин борҳо мақоми раисиҷумҳурии Русияро тасаддӣ карда ва як бор ҳам аз рӯзи 31 декабри 1999 то 7 майи 2000 кафили мақоми риёсати ҷумҳурии Русия буда, наметавонад барои давраи дигаре ин мақомро тасаддӣ кунад.”

Мая Гришина, дабири Комиссия марказии интихоботи Русия гуфт, ки шикоятномаи Собчак алайҳи Путинро мушоҳида кардааст, аммо истидлоле, ки ин номзади риёсати ҷумҳурӣ барои дархости лағви номзадии Путин матраҳ карда, мантиқӣ ва қобили қабул нест.

Дар ин гузориш гуфта шудааст, Додгоҳи олии Русия низ дарёфти шикоятномаи Собчакро таъйид карда ва қарор аст онро барои тасмимгирӣ ба дабирхонаи Додгоҳ вогузор кунад.

Интихоботи риёсати ҷумҳурии Русия 18 марти 2018 баргузор мешавад. Қонуни асосии Русия тасреҳ мекунад, ки як фард метавонад ба муддати ду давраи паёпай раисиҷумҳур бошад ва Путин низ ин имконро дорад, ки дар интихоботи соли 2018 номзад шавад.

Вай аз 31 декабри 1999 ба муддати ду давраи чаҳорсола раисиҷумҳури Русия буд ва пас аз он ба муддати чаҳор сол то 2012 ва дар давраи риёсати ҷумҳурии Медведев, симати нахуствазирии кишварашро бар ӯҳда дошт.

Путин аз оғози давраи севвуми риёсати ҷумҳурии худ (марти 2012), Медведевро ба унвони нахуствазири Русия мансуб кард ва бар асоси ислоҳоти қонуни асосӣ низ метавонад барои бар ӯҳда гирифтани масъулияти риёсати ҷумҳурӣ барои як давраи 6-солаи дигар дар интихоботи пеш рӯ ширкат кунад.

Рубрики:Хабарҳо

Помечен как:,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s