Ахбори Анҷуман

Алим Шерзамонов: «Ҳамаи гурӯҳҳо ва шахсиятҳоро ба эътилоф даъват мекунем»

Алим Шерзамонов, сухангӯи Анҷумани Озодандешони Тоҷик ба Востокнюз гуфт: «Мо барои васл кардан омадем на фасл кардан ва ҳанӯз дер нашудааст, дарк кунед инро. Тоҷикистон ба муколамаи васеъи иҷтимоӣ ниёз дорад.»

Дар таърихи 12-уми феврал, хабари таъсиси Анҷумани Озодандешони Тоҷик дар ВАО паҳн шуд ва сару садоҳои зиёдеро ба по кард. Аз вокуниши ҲХДТ ва Шӯрои уламо то мақолаҳои сари ҳами расонаҳои вобаста ба КДАМ. Ба ҳамин манзур хабарнигори Востокнюз ба суроғи Раиси иҷроия ва сухангӯи расмии АОТ рафт ва суолоти худро бо вай дар миён гузошт.

Матни комили ин мусоҳибаро дар зайл мехонед:

VostokNews: Мехоҳам ингуна суханро шурӯъ намоям; чигуна шуд, ки ба фикри бунёди чунин анҷумане афтидед?

Алим Шерзамонов: Соли 2015 буд, ки бар асари саркӯбҳои густардаи дигарандешон дар Тоҷикистон бо ҳар гуна баҳонаҳои сохта гурӯҳи калони истифодабарандагони шабакаи иҷтимоиро хеле нигарон карданд. Ҳамон вақт ҳама дар фикру андеша шуданд, ки чи бояд кард, ки бо чунин беадолатиҳо, дастаҷамъона вокуниши шаҳрвандӣ ба хотири ҳимоят аз ҳуқуқҳои ҳар як фард шавад. Ба ин хотир ташаббуси таъсиси чунин як ташаккули фаросиёсӣ ва ҳатто фаромарзии нухбагони тоҷик таъсис шавад, ки тавонад гирди худ бо аҳдофи возеҳву равшан чеҳраҳои саршиноси миллиро дар куҷои олам, ки набошанд, ҷамъ оварад.

Ҳанӯз худи ҳамон солу моҳ дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук дар ҳайъати дар баёния эъломшуда як Анҷуман таъсис шуд, ки дар байнашон Равшани Темуриён, роҳбари Ҷомеъаи тоҷикони Канада; Темур Варқӣ, рӯзноманигор ва шоири шинохтаи тоҷик; Сайидюнуси Истаравшанӣ, донишманди шинохтаи тоҷик; Ҳаким Раббимпур, яке аз роҳбарони ҳаракати сиёсӣ ва фарҳангии тоҷикони Ӯзбекистон; Аюб Эгамов, аз фаъолони сиёсии шинохтаи тоҷик аз ҳудуди ҷумҳурӣ қарор доштанд ва камина ягона узви он дар дохили Тоҷикистон қарор доштам.

VostokNews: Гуфтед «фаромарзӣ», яъне тоҷикони дигар нуқоти оламро низ шомил мешавад. Оё бо тоҷикони Афғонистон ҳам иртиботе барқарор шудааст?

Алим Шерзамонов: Албатта. Ҳанӯз аз ибтидо устоди ниҳоят гиромиамон Ҳакими Раббимпур тоҷики зодаи Ӯзбекистон ба ҳайси яке аз ташаббускорон саҳиманд ва бо бародарони тоҷики Афғонистон ҳам иртибот дорем ва шояд моҳҳои наздик аз эшон низ нафаронеро муаррифӣ намоем. Бояд қайд кунам, ки дар чанд ҷои ойинномаамон ба ду вожа-и «тоҷик» ва «тоҷикистонӣ» ишораҳои махсус мешавад чун дар анҷумани мо шаҳраандони Тоҷикистон новобаста аз мансубияти қавмӣ метавонанд узв шаванд ва Анҷуман худаш азони тоҷикон хоҳад буд новобаста аз марзҳои сиёсии мавҷуда.

VostokNews: Шумо ба унвони Раиси иҷроияи ин анҷумани навтаъсис метавонед бигӯед, ки чигуна афроде ки ҳеч кадом дар як кишвар нестанд ва ҳама дар нуқтаҳои мухталиф аз олам қарор доранд бо ҳам ҳамоҳангӣ ва машварат мекунед?

Алим Шерзамонов: Марзҳои физикӣ хеле сареҳ дар ҷаҳон зудуда шудан доранд ва имрӯз васоили иртиботии муосир масофатҳои дурро наздик мекунанд, дар аксаш дар баъзе давлатҳо ба таври сунъӣ мекӯшанд, ки наздикро дур кунанд. Шояд дар ин росто мо қадаме пеш ҳам бошем ва банда аминам, ки дар ояндаи начандон дур нақшаи мо аз муваффақтарин нақшаҳо гардад. Бояд қайд кунам, ки ҳадафҳои аслии мо ва мӯҳлати иҷроишавияшон хеле тӯлонитар аз тӯли ҳаёти як ё ду насл аст. Мо таьсиси ин Анҷуманро чӣ хеле бадбинҳои мо гумон мекунанд, ба мақсади як рӯз ё ду рӯз не балки барои даҳсолаҳо таъсис додаем.

VostokNews: Пас аз эълони таъсиси АОТ ва ҳамлаи камсобиқа ба аъзои ин анҷуман, ки баъд аз чанд соат аз эъломи таъсиси Анҷуман шурӯъ шуд, иллати ин ҳамлаҳо ва мавзеъгириҳои ниҳодҳои ҳукуматӣ алайҳи ин анҷумани навпо чӣ метавонад бошад?

Алим Шерзамонов: Банда чунин интизор надоштам, ки мақомоти расмии Тоҷикистон то ҳамин ҳад ҳассос ба чунин як ҳаракатҳои шаҳрвандонаш дар хориҷ бошад. Чунин бардошт кардан мумкин аст, ки воқеъан Тоҷикистон на фақат дучори уфти бесобиқаи иқтисодӣ шудаст, балки аз ин ҳам амиқтар давлат дучори бӯҳрони амиқи маъмурӣ ва сиёсӣ низ шудааст, ки дар ҳар фарде ё гурӯҳе аз афрод, рақиби хатарноки ҷониро эҳсос мекунад. Мо гуфтанием ба онҳо, ки ҳаргиз ба мо ва ҳамчунин ба дигар гурӯҳҳо ҳамчун ба душман нанигаред. Мо ташаккули шаффоф ва кушод барои ҳамагуна мулоқотем. Мо ҳамаро ба муттаҳидӣ даъват мекунем. Наҳаросед аз мо. Мо барои васл кардан омадем на фасл кардан ва ҳанӯз дер нашудааст, дарк кунед инро. Тоҷикистон ба муколамаи васеъи иҷтимоӣ ниёз дорад ва ҳанӯз фурсат аст ва ҳар соат ва дақиқа ин имконро аз дастамон мегирад.

VostokNews: Яке аз раҳбарони ин Анҷуман эълом карда, ки ҳозир аст бо давлат ҳамкорӣ кунад, ин ба чӣ маъност?

Алим Шерзамонов: На фақат бо давлат, балки бо тамоми гурӯҳҳо ва аз давлат низ тақозо дорем омодаи муколамаи васеъ бошанд.

Он вазъи бӯҳроние, ки давлат имрӯз бо он дасту панҷа нарм мекунад, иҷоза намедиҳад, ки хости мардуми онро нодида гирем. Таърих моро нахохад бахшид.

VostokNews: Яъне шумо бо ҳизбу ҳаракатҳое, ки характери динӣ низ доранд, ҳамкорӣ мекунед? Охир дар ойинномаи шумо омадааст, ки Анҷмуман ҳофизи сохтори секулор аст? Метавонед ибораи «таърих моро нахоҳад бахшид»-ро бештар тафсил диҳед?

Алим Шерзамонов: Бале, мо ҷонибдори сохти секулории давлатем ва ҳар гурӯҳе бо аҳдофамон розӣ бошад, минҷумла бо ҳамин банд, мо омодаи ҳамкорием чӣ ҳизби сиёсии характери динӣ бошад ва чӣ муфтиёти расмӣ ва ё қозиёт. Мо як ҳаракати маданием ва ҳар як ташкилоти ҷамъиятӣ хоҳ динӣ бошад хоҳ ғайридинӣ, сиёсӣ ва ё иҷтимоӣ мавриди таваҷҷӯҳи мост чун ҳар яке аз ин ба пои худ аз ниҳодҳои ҷомеъаи маданианд.

Таърих моро нахоҳад бахшид ба он хотир, ки ҳадди ақалли садамаеро, ки метавонад ҷомеъа таҷруба кунад, ин ба хотири манфиатҳои гурӯҳӣ ё шахсӣ ба нухбагони миллӣ дар ҳамаи сатҳҳои — бо ибораи шӯравӣ хоҷагии халқ — иҷоза надиҳем, ки дар идораи давлат саҳим бошанд ва маҷбур ба тарки ватанашон кунем, ва дуввум Худой нохоста ин ҳамдигар бадбинӣ ва хушунат моро боз ба як даргирии сиёсӣ наоварад.

VostokNews: Дақиқан як рӯз пас аз эълони мавҷудияти Анҷуман буд, ки хабар аз эҳтимоли истирдодатон баён кардед. Достон аз чи қарор буд?

Алим Шерзамонов: Дар фурудгоҳи Варшава марзбонони Лаҳистон аз ман бо исрор мехостанд то ба сафорати Тоҷикистон ба хотири шиносномаи хориҷӣ ариза имзо кунам ва онро ба ман ҳамчун як дархостнома муаррифӣ карданд, ки умедашон аз бесаводии ман, ҳароси ман буд, ки фиребашонро мехӯрам, чун шояд фисади қобили таваҷҷӯҳи шаҳрвандони мо шояд аз тарс онро пур мекарданд. Чун эътироз кардам, гуфтанд, ки дархости паноҳандагиамро дар ин ҳолат қабул карда наметавонанд. Мантиқан бар меомад, ки ягона гузина истирдод мемонад.

Банда албатта мефаҳмидам, ки ин амал ғайриимкон аст, вале ба назар чунин омад, ки кадом сохтори лаҳистонӣ бо ниҳодҳои давлатии Тоҷикистон додугирифти номашрӯъ дорад ва ин боиси нигаронист ва чунин бонг задан лозим буд, чун ман охирин паноҳҷӯи тоҷик мутаассифона нахоҳам буд. Бо дахолати Омбудсмени Лаҳистон масъала ҳал шуд. Вале мо пайгирӣ хоҳем кард, ки ин бланкаи бо забони «ноб»- и тоҷикӣ дар дасти марзбонони Лаҳистон чӣ кор мекард?

VostokNews: Пас ҳимоят аз ҳуқуқи муҳоҷирони тоҷик яке аз авлавиятҳои АОТ аст?

Алим Шерзамонов: Албатта ҳимоят аз ҳуқуқҳои тоҷикон дар кулли олам аз дохили Тоҷикистон сар карда дар тамоми гӯша ва канори олам аз авлавиятҳои мо ҳастанд ва ниҳоди ҳуқуқии Анҷумани мо хеле бақувват ва ҷавонанд.

VostokNews: Оё барои таъсиси АОТ бо ягон гурӯҳҳои дигари тоҷик, ки дар хориҷ аз кишвар ҳастанд машварат карда будед?

Алим Шерзамонов: Мо хеле шаффоф дар ибтидо ва дар соли 2015 шурӯъ кардем; ва ҳама аз мо дарак доштанд. Фақат ба хотири бо қавли тоҷик «пеш аз пода чанг накардан» як каме фаъолиятамонро реклама намекардем, лекин дастҷамъона фаъолият ҳам мекардем.

VostokNews: Устод, яъне бо дигар гурӯҳҳо машварат мекардед?

Алим Шерзамонов: Расман бо кадом як гурӯҳе машварат надоштем, вале ҳамагон медонистанд узви ин Анҷуман мебошам ва пурсон мекарданд, ки кай ба фаъолияти расмӣ шурӯъ мекунед. Не маслиҳату машварат бо кадом як ташкилоте нашуда.

VostokNews: АОТ чигуна ҳазинаҳои худро таъмин мекунад? Оё аз тарафи ягон давлат пуштибонӣ мешавад ё ин ки ҳазинаҳои ин Анҷуман аз ҳисоби шӯрои ин Анҷуман таъмин мешавад?

Алим Шерзамонов: Ҳанӯз хазинаҳои ночизе, ки масраф мекунем, аз ҳисоби аъзои Анҷуман аст ва минбаъд низ аз ҳисоби аъзо ва ҳаводорони Анҷуман хоҳад буд.

VostokNews: Оё қасд доред бо ҲНИТ эътилоф намоед? Зеро, ки аз ҳамон соати аввал расонаҳо ба ин масъала доман заданд ва мехоҳем ба ин масъала равшанӣ андозед. 

Алим Шерзамонов: На фақат омодаи эътилофем, балки даъват ба эътилоф мекунем ва дигар гурӯҳ ва ашхоси алоҳидаро низ ба эътилоф даъват мекунем.

VostokNews: Яъне ҳатто ба ҲХДТ низ пешниҳоди ҳамкорӣ медиҳад?

Алим Шерзамонов: Бале кадом ҳизбе ё созмоне, ки бо аҳдофи мо розӣ бошад.

VostokNews: Оё аз шахсиятҳои мустақил ва ё ғайри мустақилли сиёсӣ ва ё фарҳангӣ дар Тоҷикистон, касе ба Анҷуман эъломи пайвастан кардааст?

Алим Шерзамонов: Дар дохил зиёданд зиёиён, вале ба хотири амнияти худашон ва аҳли оилаҳояшон аз ҷалби бевоситаи онҳо ба узвияти Анҷуман худдорӣ мекунем.

VostokNews: Дар охир аз шумо мехоҳем дар муқобили иборатҳое, ки ба шумо мегӯем, тавсифатонро ба сурати кӯтоҳ баён кунед:

Миллати тоҷик: Миллати тоҷик арзиши чунин давлатеро дорад, ки улгӯи тамоми минтақа ва соири миллатҳои мусалмон бошад.

АОТ: АОТ ин ибтидои ташаккули умумиҷаҳонии тоҷикон ва шаҳрвандони Тоҷикистон ва шаҳрвандони шӯравии зодаи Тоҷикистон новобаста аз табаияти имрӯза, ва миллияташон барои садсолаҳо хоҳад шуд.

Эмомалӣ Раҳмон: Эмомалӣ Раҳмон тамоми имконоти фардиашро дар ин симат ба итмом расонд ва бо тамоми хубиҳо ва бадиҳояш чеҳраи сиёсии Тоҷикистони асри 20 шуд. Ҳамин пешвохониҳо барояш эътирофи беҳтарин аст.

Умаралӣ Қувватов: Офтобе буд кӯтоҳ, ки дар ҳавои сарди зимистони тоҷик шӯълавар шуд ва баҳори онро қадре наздик кард.

Устод Нурӣ (р): Улгӯест барои ҳар мусалмони тақводор ва ҷояш дар таърих дар канори олимони бузврги дин хоҳад буд.

Муҳиддин Кабирӣ ва ҲНИТ: Қисмати талх ва рисолати сангин ва бори гарон. На ҳар кас қудрати бардошти онро дорад.

Насиҳат ба Саймумин Ятимов: Саидмӯъмин, ба исми муборакатон арзанда бошед, ва як каме эҳтимол кунед, ки Худо ҳаст ва рӯзи қиёмат низ.

Манбаъ: VostokNews

Реклама

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

w

Connecting to %s