Ҳуқуқи башар

Ахбор: «Мусодираи бӯстонсарои Зайд Саидов аз ҷониби дастгоҳи президент»

Ба гузориши сойти Ахбор, бо онки аз соҳбикори шинохта Зайд Саидов қариб 5 сол боз дар зиндон аст, мақомоти Тоҷикистон то ҳол аз мусодираи молу амволи ӯ даст намебардоранд. Нимаи дуюми рӯзи 16 феврал 5 нафар аз Дастгоҳи президенти Тоҷикистон барои мусодираи ҳарду бӯстонсарои Зайд Саидов ба дараи Варзоб омада, молу амволи ин бӯстонсароҳоро ҳисобу китоб доранд.

Нимаи дуюми рӯзи 16 феврал, соати тақрибан 16 ба вақти маҳаллӣ 5 нафар аз намояндагони Дастгои президенти Тоҷикистон барои мусодираи ду бӯстонсарои соҳибкори зиндонӣ Зайд Саидов омаданд. Зайд Саидов ин бӯстонсароҳои яке ду ва дувумӣ сеқабатаро қабл аз боздошташ дар соли 2013 дар як замини нообод дар километри 21-уми роҳи Душанбе – Хуҷанд дар минтақаи Ғузғарфи ноҳияи Варзоб сохта буд.

Манобеи «Ахбор” мегӯянд, намояндагони Дастгоҳи президент баробари омадан ба ҳисобу китоби молу амволи ҳарду бӯстонсаро пардохтанд.

Ҳамсари Зайд Саидов қаблан дар робита ба баҳси молу мулки ӯ ба додгоҳ шикоят бурда, хостори бар асоси қонун ба вай ҳамчун ҳамсари қонунии ин соҳибкор додани нисфи молу мулкаш шуда буд. Вале намояндагони дастгоҳи президент гуфтаанд, ки онҳо ба ин даъвои додгоҳӣ кор надоранд ва бояд ҳоло ин бӯстонсароҳоро ба мувозинати дастгоҳи президент гузаронанд. Агар додгоҳ қарори дигар қабул кунад, молу мулкатонро бармегардонанд, — гуфтаанд онҳо.

Зайд Саидов, ки як моҳ баъд ба синни 60 мерасад, 20 марти соли 1958 дар деҳаи Шодмонии ноҳияи Нуробод ба дунё омада ва соли 1983 риштаи иқтисодии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм кардааст. Ӯ солҳои 1984-1983 сармуҳандиси корхонаи «Ритуал”-и Душанбе, солҳои 1987-1988 сардори бахши қаннодии корхонаи кулчапазиву қаннодии пойтахт, сипас то соли 1991 сардори коргоҳи коркарди сангҳои мармари ширкати «Промстройматериали” ва солҳои 1991-1992 разбари корхонаи «Лаъл” буд.

Вақте нирӯҳои Фронти халқӣ дар поёни соли 1992 вориди Душанбе шуданд, манзили Зайд Саидовро дар кӯчаи Қаротегин оташ заданд ва ӯ ба Маскав фирор кард. Зайд Саидов дар солҳои муҳоҷират ба яке аз соҳибкорони муваффақи тоҷик табдил ёфт ва дар музокироти сулҳ байни давлат ва мухолифин низ ширкат кард. Соли 1998 бар асоси саҳмияи 30-фоизаи мухолифин раиси Кумитаи саноати Тоҷикистон таъйин шуд. Зайд Саидов аз соли 2002 то 2006 вазири саноати Тоҷикистон буд ва баъди рафтанаш аз ин мақом ширкати «Тоҷ сохтмон”-ро ташкил дод.

Бунёди чандин бино дар пойтахт, аз ҷумла «Душанбе – Плаза”, ки бо 22 қабаташ баландтарин бино дар шаҳри Душанбе дониста мешавад, мактаби рақами 8, меҳмонхонаи «Гулистон-Тур” ва дафтари марказии ширкати «TCell”-ро ба номи ширкатҳои наздик ба Зайд Саидов марбут медонанд.

Зайд Саидов 19 майи соли 2013, як моҳ баъъ аз эълони азмаш барои таъсиси ҳизби сиёсии Тоҷикистони нав ҳангоми бозгашт аз сафари Фаронса дар фурудгоҳи Душанбе дастгир шуд. Додгоҳ ӯро бо ҷурмҳое, чун бисёрзанӣ, тасарруфи пули буҷа ва ҳатто таҷовуз ба номус дар маҷмӯъ ба 29 соли зиндон маҳкум кард. Зайд Саидов ҳоло дар зиндони маъруф ба «Кирпичний” дар минтақаи Роҳатӣ адои ҳукм мекунад.

Баъди маҳкум ба зиндон шудани Зайд Саидов, мусодираи молу мулки ӯ оғоз ёфт. Мақомот аз ҷумла меҳмонхонаи «Гулистон -Тур”, корхонаи шарбатсозии «Табаррук”, бинои корхонаи собиқи тиллои марбут ба хонаводаи ин соҳибкор, 33 дарсад саҳми ӯ дар Маркази тиҷоратии «Пойтахт”, воқеъ дар канори варзишгоҳи «Спартак”-ро мусодира карданд.

Аммо ин мусодираҳо бештар ба талаву тороҷ мемонд. Аз ҷумла 33 дарсад саҳми Зайд Саидов дар Маркази 6-қабатаи «Пойтахт” дар маркази Душанберо бо нархи ҳамагӣ 400 ҳазор доллар, ки нархи як ҳавлии миёна дар пойтахт буд, ба соҳибкори қазоқ Окушев доданд ва Окушев баъдан онро ба як хеши наздики яке аз муфаттишони парвандаи Зайд Саидов «туҳфа” кард.

Дар соли 2017 дар ҷараёни амалиёти поккорӣ дар Агентии мубориза бо коррупсия тақрибан ҳамаи аъзои гуруҳи тафтишотии парвандаи Зайд Саидов дастгир ва бо ҷурмҳое, чун қонуншиканӣ дар ҷараёни тафтиши парвандаҳо, сохтакорӣ, ришвагирӣ ва коррупсия ба муҳлати аз 6 то 15 сол маҳкум ба зиндон шуданд. Аз ҷумла Фирӯз Холмуродзода, роҳбари гуруҳи тафтишотии парвандаи Зайд Саидов низ 15 сол ҳукми зиндон гирифт.

Баъди боздошти муфаттишони парвандааш, наздикони Зайд Саидов умедвор буданд, ки дар қазияи ин соҳибкори шинохта низ бозбинӣ сурат хоҳад гирифт, вале чунин нашуд. Баракс бино ба гузоришҳои расида, Зайд Саидовро бо вуҷуди маъюби модарзод буданаш дар маҳбаси «Кирпичний” ба рӯйхати маҳбусони моил ба фирор ворид кардаанд. Ин тамғаи «моил ба фирор” Зайд Саидовро дар маҳбас дар вазъи боз ҳам тоқатфарсотаре қарор медиҳад.

Реклама

Рубрики:Ҳуқуқи башар

Помечен как:

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s