Сиёсат

Тошканд нақшофарини ҷадид дар субот ва амнияти минтақа

Боздиди вазири умури хориҷаи Ӯзбакистон аз Эрон, Ҳинд ва Покистон нишон медиҳад Тошканд ба дунболи нақшофаринии ҷадид дар ростои субот ва амнияти минтақа аст.

Эсен Усубалиев, коршиноси масоили сиёсии минтақа, дар як ёддошт барои хабаргузории Форс, ба баррасии аҳдофи боздиди ахири Абдулазиз Комилов, вазири умури хориҷаи Ӯзбакистон аз Эрон, Ҳинд ва Покистон пардохтааст. Дар ин ёддошт омадааст:

Тайи 10-12 феврали соли ҷорӣ вазири умури хориҷаи Ӯзбакистон аз Эрон, Ҳинд ва Покистон боздид ба амал овард ва бо вузарои умури хориҷаи ин кишварҳо музокироте анҷом дод.

Бар асоси иттилооти манобеи расмӣ, ҳадафи боздиди Комилов аз Эрон, Ҳинд ва Покистон, баррасии равобити дуҷониба ва тақвияти ҳамкориҳо дар заминаҳои сиёсӣ, тиҷорӣ, иқтисодӣ, сармоягузорӣ, ҳамлу нақл, иртиботот ва таомулоти фарҳангӣ ва ҳамчунин омодасозии конфронси байналмилалии Афғонистон таҳти унвони “Раванди сулҳ, ҳамкориҳои амниятӣ ва таомулоти минтақаӣ” мебошад, ки қарор аст дар ояндаи начандон дур дар шаҳри Тошканд баргузор шавад.

Зарфияти болои ҳамкорӣ бо Эрон

Ҳамкориҳои байни Ӯзбакистон ва Эрон аз замони барқарории равобити диплумотик дар 10 майи соли 1992 ҳеч гоҳ аз субот ва самарбахшии лозим бархӯрдор набудааст.

Фаъолиятҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ миёни ду кишвар гоҳе фаъол шуда ва гоҳе дигар бо уфти қобили таваҷҷӯҳе мувоҷеҳ буда, ки суизаннҳои мутақобил ва беэътимодиро низ ба ҳамроҳ доштааст.

Эрон бо ин ки ҳам ба лиҳози иртибототӣ ва ҳамлу нақл ва дастрасӣ ба бозорҳои Ховари Миёна ва ҳам ба унвони бозори дорои зарфияти матлуб барои коло ва хадамот, як кишвари муҳим ва стратегӣ барои Ӯзбакистон ба шумор меравад, вале ба ин мавзӯъ на аз нуқта назари манофеи иқтисодӣ ва сиёсӣ, балки аз нуқта назари чолишҳо ва таҳдидоти дохилӣ таваҷҷӯҳ мешуд.

Дар ҳақиқат зарфияти равобит байни Ӯзбакистон ва Эрон бисёр боло буда ва ҳанӯз аз он баҳрабардории лозим сурат нагирифтааст.

Бо тағйири қудрат дар Ӯзбакистон дар поёни соли 2016, равобит миёни ду кишвар аз имкони дастёбӣ ба тавсиъаи стратегӣ дар фазои Осиёи Марказӣ ва Ховари Миёна бархӯрдор шудааст.

То ҳоли ҳозир 5 давр ройзаниҳои сиёсӣ байни вазоратхонаҳои умури хориҷаи ду кишвар анҷом шуда ва ҳамкориҳои тиҷорӣ ва иқтисодӣ низ ба тадриҷ аз шароити матлубтаре бархӯрдор мешаванд.

Дар ин росто баҳрабардории муносиб аз деҳлизи ҳамлу нақли Ӯзбакистон-Туркманистон-Эрон-Уммон, ки дар воқеъ метавонад ба тавсиъаи иқтисодии Ӯзбакистон кӯмак кунад, аз аҳаммиятм вежае бархӯрдор мебошад.

Дар робита бо баҳси амнияти минтақаӣ, вазъияти шимоли Афғонистон, ки бо Осиёи Марказӣ ҳаммарз буда ва тайи як соли ахир печидатар шуда, Тошкандро нигарон кардааст.

Дар робита бо мавориди нигаронии Тошканд метавон ба мавзӯъоте назири афзоиши ҳузури аъзои ДОЪИШ аз ҷумла шибҳинизомиёни пешини Ҳаракати Исломии Ӯзбакистон дар вилоятҳои шимолии Афғонистон, ташдиди фаъолиятҳои Толибон ва вуҷуди мушкилоти ҷиддӣ барои ӯзбактаборони ин кишвар дар таъмини амнияти манотиқи таҳти контроли женерол Абдуррашид Дӯстум ва бисёре аз авомили дигар ишора кард.

Гузашта аз он тағйироти ҷиддии кодрӣ дар ниҳодҳои амниятӣ ва интизомии Ӯзбакистон, ки аз соли 2016 шурӯъ ва мунҷар ба истеъфои Шӯҳрат Ғуломов, муовини аввали раиси Созмони амнияти миллӣ ва сипас Рустам Иноятов, раиси Созмони амнияти миллӣ (дар моҳи январи соли 2018) шуд, эҳтимолан зарфиятҳои дохилии ин кишвар барои муқобила бо теруризм ва ифротгароӣ аз ҷумла вокуниш дар баробари таҳдидоти ношӣ аз Афғонистонро ба таври ҷиддӣ тазъиф кардааст.

Ба назар мерасад, ки Ӯзбакистон ба дунболи ҷалби ҳимояти кишварҳои калидӣ аст, ки қодир ба таъсиргузорӣ рӯи вазъияти Афғонистон мебошанд ва ба ин манзур анҷоми ройзаниҳои наздик бо Эрон, Ҳинд ва Покистон дар робита бо ҳалли мушкилоти амниятии афғон‎ҳо дар дастури кори мақомоти ин кишвар қарор гирифтааст.

Аз ин ҷост, ки вазири умури хориҷаи Ӯзбакистон дар дидор бо раисиҷумҳури Эрон таъкид кард: “Таъмини суботи пойдор ва муқобила бо таҳдидоте назири ифротгароӣ ва қочоқи маводди мухаддир, ки баҳси бисёр муҳимме мебошад, мусталзими тақвияти равобит ва ҳамкориҳои миёни ду кишвар ва ҳамчунин кишварҳои дигари минтақа аст.”

Бинобар ин, Тошканд ба тақвияти бештари равобити худ бо Теҳрон умедвор мебошад, ки албатта Теҳрон низ омодагии комиле дар ин замина дорад.

Ин ки Комилов тайи боздиди худ аз Теҳрон, бо раисиҷумҳури Эрон ҳам мулоқот кард, таъйиди омодагии Ҷумҳурии Исломӣ мебошад, зеро вай дар Ҳинд ва Покистон бо руасои ҷумҳур мулоқот надошт.

Таваҷҷӯҳ ба ҳамкорӣ бо Ҳинд ва Покистон

Дар мавриди боздиди вазири умури хориҷаи Ӯзбакистон аз Ҳинд ва Покистон, иттилооти нисбатан маҳдуде мунташир шуд.

Бино бар гузоришҳои мавҷуд, Комилов бо мақомоти Ҳинд ва Покистон, дар канори масоили ҳамкориҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва тиҷории дуҷониба ва омодагӣ бароӣ баргузории конфронси байналмилалии Афғонистон дар Тошканд, ҳамчунин перомуни чашмандози таомулот ва ҳамкориҳо дар робита бо вазъияти Афғонистон, ройзанӣ анҷом додааст.

Мақомоти олии Осиёи Марказӣ ва ба хусус кишварҳое, ки бо Афғонистон дорои марзи муштарак мебошанд, ҳамеша дар музокироти худ бо раҳбарони кишварҳои муҳим ва таъсиргузор дар минтақа, мавзӯи афғонҳо ва таҳдидоти муштараки ношӣ аз ҳузури гурӯҳҳои теруристӣ ва ифротӣ дар ин минтақа ва зарурати иқдомоти ҳамоҳангро мавриди таъкид қарор медиҳанд.

Вазири умури хориҷаи Ӯзбакистон дар Исломобод ҳамчунин бо Зубайр Маҳмуд Ҳаёт, раиси ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи Покистон музокирот анҷом дод, ки баррасии вазъияти ҳамкориҳои низомӣ ва амниятӣ миёни ду кишвар ва субот ва амнияти минтақаӣ, аз муҳимтарин меҳварҳои он унвон шудааст.

Дар маҷмӯъ метавон гуфт, ки тақвияти ба истилоҳ “буъди шарқӣ”-и сиёсати хориҷии Ӯзбакистон ҳокӣ аз иродаи ҷиддии мақомоти олии ин кишвар барои бозӣ кардани нақши фаъолтаре дар фароянди гуфтугӯҳои амниятии минтақа аз тариқи кӯмак ба оддисозии авзоъи Афғонистон мебошад.

Бинобар ин, боздиди вазири умури хориҷаи Ӯзбакистон аз Эрон, Ҳинд ва Покистон ба унвони ҳаракати ҳисобшуда дар ин масир, бисёр ба мавқеъ буда ва ҳамзамон нақши ҷадид ва фаъолтари ин кишвар дар масоили минтақаиро бозгӯ мекунад, ки мутаъоқибан метавонад мунҷар ба густариши нақши қобили таваҷҷӯҳи Тошканд дар фароянди шаклгирии системи амниятии минтақаӣ дар Осиёи Марказӣ ва Ховари Миёна шавад.

Манбаъ: хабаргузории Форс

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s