Дар кишвари мо ахиран ҷоизае байналмилалӣ бо унвони “Пешвои миллат — Эмомалӣ Раҳмон” бунён ниҳоданд. Дар фармони раисиҷумҳур дар робита ба таъсиси ин ҷоиза омадааст, ҷоизаи мазкур барои “саҳми хос дар рушди демукросӣ”, “барои устувор кардани сулҳу субот дар ҷомеа” ва “барои рушди дӯстӣ миёни халқҳо” ба шаҳрвандони Тоҷикистон, шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсиятҳои бидуни тобеият эъто мешавад.
Бо ин ки ғолибан ҷоизаҳое ба номи афрод, пас аз маргашон бунён ниҳода мешавад, аммо дар таърихи муосир буданд раҳбарони баъзе кишварҳо, ки дар ҳангоми зинда будан, ба номи худ ҷоиза таъсис намудаанд. Дар ин навиштор, нигоҳе хоҳем афканд ба шуморе аз ин навъ раҳбарон:
1) Ҷоизаи Истолин (Сталин):
Жузеф Истолин (Иосиф Сталин), раҳбари Шӯравии собиқ, ки ба худкомагӣ маъруф аст, дар соли 1940 ҷоизаеро ба номи “Ҷоизаи Истолин” бунёд гузошт, ва ин ҷоиза ба афроде, ки дар ҳавзаи илм, адабиёт ва ҳунар саҳм гузоштаанд эъто мешуд. Албатта ин ҷоиза пас аз рӯи кор омадани Хрушев ва Истолинзудоӣ, тағйири ном кард.
Аз ҷумлаи барандагони тоҷикистониии ин ҷоиза афроди зайланд: Садриддин Айнӣ, Мирзо Турсунзода, Мирсаид Миршакар ва ғайра…
2) Ду ҷоизаи байналмилалии Ким Ир Сен:
Ким Ир Сен, поягузор ва раҳбар ва нахустин дабири кулли Ҳизби кумунисти Куреи шимолӣ, дар ҳангоми зинда будан, ду ҷоизаи байналмилалӣ ба номи худ бунён ниҳод: яке “Ҷоизаи Ким Ир Сен”, ки дар соли 1973 таъсис шуд, ва дигар “Ҷоизаи байналмилалии Ким Ир Сен”.
Ҷоизаи дуввум бештар ба кумунистҳо дар кишварҳои ҷаҳон эъто мешуд.
3) Ҷоизаи байналмилалии Ким Чен Ир:
Ким Чен Ир, дуввумин раҳбари Куреи шимолӣ ва писари Ким Ир Сен низ ба пайравӣ аз падар, ҷоизае ба номи худ бо унвони “Ҷоизаи байналмилалии Ким Чен Ир” таъсис намуд.
Ин ҷоиза ба сиёсатмадорон, муҳаққиқон ва раҳбароне, ки ба манзури истиқлол дар кишварашон талош карда бошанд, эъто мешуд.
Ин ҷоиза ва низ ду ҷоизаи падари вай ҳанӯз пойбарҷост.
4) Ҷоизаи байналмилалии ҳуқуқи башари Муаммар Қаззофӣ:
“Ҷоизаи байналмилалии ҳуқуқи башари Қаззофӣ” ҷоизае солона буд, ки тавассути Муаммар Қаззофӣ, раҳбари сарнагуншудаи Либӣ, дар соли 1988 бунён ниҳода шуд. Қаззофӣ дар ибтидо 10 милюн дулор ба бунёди мустақар дар Суис, ки баъдҳо идораи ҷоизаро бар ӯҳда гирифт эҳдо кард. Маблағи ҷоиза маҷмӯан 250 000 дулор буд, ки гоҳе байни барандагон тақсим мешуд. Пас аз инқилоб дар Либӣ ва сарнагунии Қаззофӣ, ин ҷоиза ба “Ҷоизаи Умар Мухтор” тағйир ном дода шуд.
Муҳимтарин шахсиятҳое, ки ин ҷоизаро дарёфт кардаанд афроде чун Фидел Костру, Ҳугу Човез, Дониил Уртего, Моҳотир Муҳаммад ва Раҷаб Тайиб Ардуғон ҳастанд.
5) Ду ҷоизаи Сафармурод Ниёзов:
Сафармурод Ниёзов, раисиҷумҳури собиқи Туркманистон, дар ҳангоми зинда будан, ду ҷоиза ба номи худ бунён ниҳод, яке “Медоли Руҳубелент”, ки дар 13 феврали 2002 таъсис дода шуд, ва дигар “Медоли Руҳнома”, ки дар 23 октябри 2004 бунён ниҳода шуд.
Албатта ин ду ҷоизаи Ниёзов бо марги ӯ умрашон поён ёфтанд ва ба сухани дигар, ӯ ин ду ҷоизаро ҳамроҳ ба гӯр бурд ва дигар ному нишоне аз ин ду ҷоиза вуҷуд надорад, балки раисиҷумҳури ҷадид ҷоизаҳои ҷадиде ба номҳои дигар таъсис намуда.
Манбаъ: Кимиёи саодат
Рубрики:Сиёсат