Адабиёт

Оё надонистани забони модарӣ як амри маъмулӣ, вале надонистани русӣ фоҷеъа аст?

Дориюши Раҷабиён

Вазири омӯзишу парвариш (маъориф)-и Тоҷикистон ба як пурсиши русӣ ба забони русӣ посух доду ташти расвоиаш аз бом уфтод. Дар фазои маҷозии марбут ба Тоҷикистон суҳбатҳои Нуриддини Саъидро бо ҳазорон сухраву истеҳзо ва ҳатто дасткории музҳик (хандаовар) мешавад дид. Фазои маҷозии марбут ба Тоҷикистон дар шигифт аст, ки вазири омӯзишу парвариши Тоҷикистон бар забони русӣ мусаллат нест.

Вазир дар воқеъ ба шакли бисёр хандадор ва ҳатто фаҷеъ ба забони русӣ суҳбат мекунад. Ва пайдост, ки ъодитарин қавоъиди забони русиро ҳам намедонад.

Дар ин рӯйдоди бахусус ҳар ду рафтор асафнок ва шармовар аст. Ҳам ҳуҷуми мардум ба вазири тоҷике, ки русӣ намедонад ва ҳам суҳбати вазир ба забони як қудрати ишғолгар. Дақиқан! Иштибоҳҳои лафзии фаровони вазир ин вазъиятро фаҷеъ намекунад, балки суҳбати ӯ дар мақоми вазорати омӯзишу парвариши Тоҷикистон ба як забони ғайр аст, ки ъарақи шарм бар пешонӣ менишонад.

Фаҷеътар он ки суҳбатҳои подарҳавои ҳамин вазир ё мақомҳои буландпояи дигари тоҷик ба забони модаришон мавзӯъи баҳсҳои маҷозии тоҷикон намешавад. Яъне барои бисёре аз тоҷикон надонистани забони порсӣ (забони миллии тоҷикон) як амри маъмулист, аммо вақте ки як мақом русӣ намедонад, фоҷеъа аст. Худи ин вазъият фоҷеъа аст ва вопасмондагӣ, худбохтагӣ ва бегоназадагии бисёре аз тоҷиконро собит мекунад.

Влодимир Путин забони олмониро тақрибан ба хубии дониши русиаш балад аст. Чун ҷосуси Шӯравӣ дар Олмон буда. Онгело Меркел ҳам забони русиро тақрибан ба салосати олмониаш балад аст. Чун парвардаи Олмони Шарқии русизада буда. Аммо ҳар гоҳ ки ин ду мақом бо ҳам дидор доранд, миёни онҳо мутарҷиме нишаста ва суҳбатҳоро тарҷума мекунад. Путин ба ъунвони мақоми рус ба забони русӣ суҳбат мекунад ва Меркел дар мақоми садри аъзамии Олмон ба забони олмонӣ. Ва мутарҷим ҳам тарҷума мекунад. Прутукул ё риволи пазируфташудаи байнулмилалӣ чунин аст.

Аммо як вазири тоҷик, ки чанд вожаи русӣ балад аст, худро муваззаф (вазифадор) медонад, ки ба забони русӣ сухан бигӯяд. Чиро? Оё ин фазлфурӯшист? Оё забони русии Нуриддини Саъид барояш ифтихоре ба бор овард? На. Ин рафтор танҳо ва танҳо аз зеҳнияти як барда (ғулом) бармеояд. Бардае, ки бо гузашти 26 сол аз озодии расмиаш ҳам ҳанӯз бо мафҳуми озодӣ ва истиқлол хӯ нагирифта ва ҳамчунон фикр мекунад, ки ба забони бардадор ё соҳиби собиқаш бояд сухан бигӯяд, вагарна инсони комиле нест…

Ва як нуктаи дигар: Ин рӯйдод собит кард, ки ъумри забони русӣ дар Тоҷикистон рӯ ба поён аст. Вақте ки вазири омӯзишу парвариш бо он ҳама фишоре, ки бар худ ворид карда, наметавонад ба он забон суҳбат кунад, пас бояд забони русиро ҷузъи яке дигар аз забонҳои таҳмилии империёлистӣ донист, ки дар кишварҳои ақмори собиқу феълиаш дер намепояд.

Манбаъ: Гурӯҳи «Забони порсӣ» дар Фейсбук

Рубрики:Адабиёт, Дидгоҳ

Помечен как:

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s