Ҳуқуқи башар

Дарди дили як корманди ОМОН, ки чанд сирро ифшо кард

Як корманди Гурӯҳи зудамали Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон, ки байни мардум бо абреватураи русиаш — ОМОН маъруф аст, номаи доде ба Паём навишта, хоҳиш кардааст бидуни зикри номаш онро нашр кунем.

Ин нома аслан номаи шикоят аз зиндагии қашшоқона ва пур аз зарбаҳои равонии як корманди ҳирфаии Вазорати корҳои дохилист, ки мехоҳад ҳалол зиндагӣ кунад, вале муҳит ва муносибати давлату вазорат бо ӯ, дилашро аз кораш сард кардааст. Ӯ хоста ё нохоста дар номааш чанд сирреро ифшо кардааст, ки то ин замон мақомот пинҳон медоранд.

Аввал хостем номаро бидуни таҳрир нашр кунем. Баъдан ба ин натиҷа расидем, ки нашри бидуни таҳрир бинобар ин ки баъзе аз мушкилоти хонаводагӣ ва ҷои кори иловагиашро зикр кардааст, метавонад ин корманди поквиҷдони вазорати фасодзадаро ифшо кунад. Ва тасмим гирифтем онро мазмунан нақл кунем. Ин корманди ОМОН-ро шартан Парвиз меномем.

Нома тӯлонӣ аст ва бештар дар бораи мушкилоти зиндагӣ ва хонаводагии як пулиси ҳирфаӣ, ки маҷбур аст 18 соат кор кунад, ҳикоя мекунад. Кори бидуни ҷадвал, маоши кам, ҷанҷолҳои ҳамсар, бемории фарзанд ва дигар мушкилоти ҳаррӯзаи зиндагӣ як корманди ВКД-ро ба ҳоле расонидааст, ки маҷбур шудааст ба сомонае нома нависад, ки вазораташ алайҳи он шабонарӯзӣ мубориза мебарад.

Парвиз менависад, ки яке аз вазифаи аслии онҳо ҳимояи Рустами Эмомалӣ аст. “Қабл аз муҳофизони раисҷумҳур аввал мо ба “разведка” меравем. Рустамро муҳофизат мекунем. Хеле зиёд дар “казарма” ҳастем. Вале ҳамагӣ 1500 сомонӣ маош мегирем. Мисли як милисаи оддӣ”.

Аз ин навиштааш маълум мешавад Рустамро ҳам муҳофизони раисҷумҳур муҳофизат мекардаанд.

Парвиз мегӯяд 1500 сомон моҳонааш бештар барои табобати фарзандаш масраф мешавад. Нигоҳубини падару модараш ҳам асосан ба дӯши ӯст. Бинобар ин маҷбур аст вақтҳои холигӣ ба кори иловагӣ машғул шавад. Казармаҳои доимӣ ва кори иловагиаш боис шудаанд ба хонааш камтар равад. Ҳамсараш аз дер-дер дидани шавҳар, бепулии ҳамешагӣ ва бемории фарзандаш рӯҳан хаста шуда, ҳамеша бо ӯ хархаша мекунад.  Барои табобати фарзандаш танҳо роҳе, ки боқӣ мондааст, фурӯши манзили истиқоматиашон аст.

Ӯ аз ин ҳама мушкилоти зиндагӣ хаста шуда, гоҳе худашро идора карда наметавонад. Навиштааст ҳатто боре наздик буд баъди ҷанҷоли оилавӣ ҳамсарашро парронад.

Парвиз дар идома аз муносибати хеле бади сардори ОМОН Маҳмудзода (номашро зикр накардааст) бо кормандони Гурӯҳи зудамал шикоят мекунад. Менависад, ки Маҳмудзода бо фарқ аз Гулмурод Ҳалимов бо зердастонаш хеле муносибати дурушт дорад ва танҳо бо дашному таҳқир ба онҳо муроҷиат мекунад. Порае аз таҳқирҳои сардори ОМОН-ро ҳам зикр кардааст, ки бинобар хеле фаҳш буданашон, аз оварданаш худдорӣ мекунем.

Ӯ менависад ҳар субҳ Маҳмудзода бо дашномҳояш табъи моро хира мекард ва мо бо ҳамон табъи хира ба ҳимояи Эмомалӣ Раҳмону писараш мерафтем. “Танҳо баъди шикояти дастаҷамъӣ ба вазир, дашномҳояшро бас кард, вале муносибаташ то ҳол хеле дурушт аст” — менависад ин корманди Гурӯҳи зудамали ВКД.

Дар идома Парвиз аз Гулмурод Ҳалимов ёд мекунад, ки хеле инсони самимӣ ва хоксор буду бо зердастонаш мисли падар бо фарзанд муносибат мекард. Ӯ дар номааш аз Гулмурод Ҳалимов бо самимият ёд мекунад ва ҳар дафъа дар қиболи ӯ калимаи “командир”-ро истифода мекунад. “Ман то ҳол намефаҳмам, чаро командир ин корро кард”, — менависад Парвиз.

“Командир бо мо “бачам” гуфта муносибат мекард. Ҳамеша аз мушкилотамон мепурсид, дилбардорӣ мекард”, — омадааст дар номаи ин корманди ОМОН. Мегӯяд муносибати хеле хуби Гулмурод Ҳалимов рӯҳан ба онҳо кӯмак мекард ва мушкилоташон сабуктар мешуд.

Аз нома бармеояд, ки Гулмурод Ҳалимов бо Рустами Эмомалӣ муносибати дӯстона доштааст. Баъди рафтанаш ба Сурия гурӯҳи зудамалро тафтиш кардаанд, вале ҳамин муносибати хуби Гулмурод бо Рустам, ки ҳама аз он огоҳ будаанд, боис шудааст тафтиш шадид набошад.

Дар идома Парвиз воқеъиятеро зикр кардааст, ки то ҳол дар ҳеҷ куҷое аз он зикр нашудааст: “Командир ақалан худаш мерафт, дарди ба хайр буд. 12 нафар бачаҳои беҳтаринро бо худ бурд”.

Қаблан баъзе аз расонаҳо навишта буданд, ки Гулмурод Ҳалимов 4-5 нафарро бо худ бурдааст. Вале онҳо киҳо буданд, маълумоте набуд. Ҳеҷ мақоми давлатӣ ё расонае то ин замон аз бо Ҳалимов рафтани 12 корманди Гурӯҳи зудамали Вазорати корҳои дохила чизе нагуфтааст.

Манбаъ: Паём

Реклама

Рубрики:Ҳуқуқи башар, Ҷомеа

Помечен как:

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s