Хабарҳо

Радиои Озодӣ: «Боздошти Рашид Қодиров, собиқ додситони кулли Узбакистон»

Рашид Қодиров, собиқ додситони кулли Узбакистон, рӯзи 22-юми феврал дар шаҳри Тошканд боздошт шудааст. Як мақоми Додситонии кулл таъйид кардааст, ки Қодирови 64-сола «бозпурсӣ мешавад».

Як манбаи наздик ба хонаводаи Рашид Қодиров ҳам ба бахши узбакии Радиои Озодӣ гуфт, ин хабар аъзои хонаводаи ӯро «бисёр ғамгину афсурда кардааст». Бино ба иттилои бахши узбакии Радиои Озодӣ, Рашид Қодиров феълан ба азхудкунии амволи давлатӣ ва пулшӯӣ муттаҳам аст.

Аммо дафтари матбуоти Додситонии кулли Узбакистон соати ҳаштуними бегоҳи панҷшанбе ин хабарро тасдиқ ё такзиб накард. Рашид Қодиров, ки 15 сол раёсати Додситонии кулли Узбакистонро бар уҳда дошт, моҳи апрели соли 2015 аз мансабаш барканор шуд.

Боздошти ӯ баъд аз як танқиди Шавкат Мирзиёев аз кори додситонҳо дар ним соли пеш сурат мегирад. Мирзиёев моҳи августи соли гузашта дар як ҷаласа танқиди сохторҳои интизомиву қудратии кишварашро аз Додситонии кулл, бахусус аз додситонҳои даврони Ислом Каримов, шуруъ карда буд. Ӯ он вақт прокурорҳоро “дуздони аз ҳама калон” ном бурд.

“Вақте ба мақоми додситонӣ мерасанд, ҳатто роҳгардияшон иваз мешавад ва дигар касеро ба назар намегиранд. Ҳамаи инҳоро хуб медонам”, — гуфта буд Мирзиёев. Раиси ҷумҳури Узбакистон мақомоти додситонии давраи президенти пешини Узбакистон Ислом Каримовро «партов» номид ва гуфт, дар ҳар сурат маъмурони ин соҳаро то охирин нафар иваз хоҳад кард.

Рашид Қодиров кадри Кумитаи амнияти миллии Узбакистон ба шумор меравад. Ӯ дар соли 1952 дар оилаи котиби якуми кумитаи ҳизбии Андиҷон ба дунё омада, баъд аз хатми бахши ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии Тошканд дар соли 1980 муфаттиши Кумитаи амнияти миллии Узбакистон ё КГБ таъин шудааст. Баъд аз 12 соли кор дар инҷо ӯ ҷонишини раиси ин хадамот ва дар соли 1994 ноиби додситони кулл таъин шуд ва соли 2000 ба мақоми додситони кул расид.

Соли 2015 бархе аз коршиносон дар Узбакистон барканории Рашид Қодировро ба ришвату фасод пайванд дода буданд. Онҳо гуфтанд, додситони кулли Узбакистон яке аз сарватмандтарин афроди ин кишвар ба шумор меравад ва бештари моликияти ӯ дар хориҷ аз Узбакистон аст.

Соли 2014 мухолифони давлати Узбакистон аксҳои ду виллаеро дар Латвия нашр карда ва гуфтанд, ки ҳарду манзили гаронбаҳо ба додситони кулли Узбакистон Рашид Қодиров тааллуқ дорад. Дар ҳамин изҳорот низ гуфта мешуд, ки Қодиров дар Швейтсария, Австрия ва Чехия низ молу мулк дорад. Хабарнигорони Радиои Озодӣ ҳуҷҷатҳоеро дар реестри амволи ғайриманқули Латвия дидаанд, ки иддаои мухолифонро тасдиқ мекунад.

Ҳамчунин дар шабакаҳои имҷтимоӣ ин иттилоъ паҳн гашта буд, ки писари ӯ Алишер Қодиров ва домодаш Темур Каримов маҷрои сармояҳои бузургеро таҳти назорат доранд.

Манбаъ: Радиои Озодӣ

Рубрики:Хабарҳо

Помечен как:,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s