Дидгоҳ

Системаи тандурустӣ дар Тоҷикистон ниёз ба ислоҳоти ҷиддӣ дорад

Аюб Эгамов

Баҳори соли 2011 буд. Охирин соле, ки ман дар Ватан будам. Азбаски аз стрессҳои ҳамарӯза каме саломатиам бад шуда, фишори хунам баланд шуда буд, бо маслиҳати дӯстам, ки дар беморхонаи шаҳри Хуҷанд кор мекард, тӯли ду ҳафта дар шӯъбаи ӯ муоина ва муолиҷа мегирифтам.

Дар ҳуҷрае, ки ман бистарӣ будам, як навраси 14-15 сола аз ноҳияи Ашт низ табобат мегирифт. Ба гуфтаи пизишк, гурдаҳояш аз кор монда бо приступ оварда буданд.

Чанд рӯзе гузашту ман бо дӯстам дар утоқи табибон сӯҳбат доштем, ки ба он ҷо баъди тақ-тақи дар, як зане даромаду гуфт, ки духтур ӯро барои сӯҳбат даъват кардааст. Ман пурсидам, ки берун бароям, вале дӯстам гуфт, шиштан гир. Суханони духтур ба модари бечора мазмунан чунин буд:

— Мо ҳама ташхисҳоро гузарондем. Баччаи шуморо муолиҷа карда мешавад, вале каме пул лозим мешавад. Дафъаи гузашта гуфтед, ки шумо шароити зиндагии вазнин доред. Барои ҳамин мо бо ҳамкорон маслиҳат кардем, ки фақат доруҳоро харед шуд. Хижмати мо бепул. Лекин доруҳо қиммат меистад, баъзеашро мо бояд “заказ” кунем. Мана ин рӯйхат, тахминан чанд сад сомонӣ мешавад.”

Росташ ёд надорам бо сомонӣ чанд пул гуфт, вале ба ҳисоби ман, тахминан 300 доллар мешуд. Модари бечора гуфт:

— Духтур! Мо ин хел пул надорем. Падари ӯ Россия муҳоҷират рафтагӣ, вале як сол гузашт ягон хатту хабар нест. Худам дар саҳро кор мекунам, ёфтагиам ба хӯрок базӯр мерасад.

Духтур чунин маслиҳат дод:

— Хайр, худатон надошта бошед, хешу табор мумкин дошта бошанд. Сухан дар бораи ҳаёти баччаатон меравад. Агар муолиҷа накунед, аз даст медиҳед.

Баъди ин суханон, модари бечора — майлаш пул мекобам — гуфта баромада рафт.

Наврас (ҳеч натавонистам номашро ба хотир оварам) хеле камгап буд, вале аз ҳамон сӯҳбатҳои кӯтоҳ фаҳмидам, ки хеле зиндагии қашшоқона доранд.

Аз байн чанд рӯз гузашту ман бояд ба плазмофарез (ивази хун) мерафтам, ки ба ҳуҷра модари ҳамон бачча даромад. Ман пурсон шудам, ки чӣ кор кардед. Гуфт, пул ёфт нашуд ва акнун “эсинаш аз Худо”…

Зери капелнитса ба фикр ғӯтидам: наход 300 доллар ёфт нашуда бошад? Наход аз ягон хешу табор низ кӯмак пайдо нашуда бошад? Баъд ба хулосае омадам, ки барои ман низ 300 доллар пули ҷиддӣ бошад ҳам, пули муолиҷаи ӯро пардохт мекунам.

Бо ҳамин фикрҳо ба палата баргаштам, ки аллакай чизҳояшонро ҷамъ карда рафтаанд. Ба назди духтур дароям, гуфт — рафтанд. Пурсидам — акнун чӣ мешавад? Гуфт – гурдааш хушк мешавад. Бо қаҳр гуфтам, ҳамон бечорая дорую дармонаша ҳамин чанд духтур ба гардан гиред намешуд? Ҷавоби ӯ хеле вазнин буд:

– Медонӣ, дар як моҳ чанд бечора мебиёяд, агар ба ҳамаи он аз ҳисоби худ дору харем, худамон чӣ хел зиндагӣ мекунем?…

Ман ин қиссаи талхро барои чӣ дар ин ҷо овардам. Дар Тоҷикистон ҳоло ҳам ин хел бечорагон хеле бисёр аст. Мумкин се сад доллар неву се ҳазор надошта, бе муолиҷа мемонад. Аз камбизоатӣ, кӯдакон хӯроки хуб нахӯрда дучори касалиҳо мешаванд. Барои беморони пиронсол, аллакай солхӯрда гуфта аз пули калон масраф кардан даст мекашанд. Ҳама аз бемористон метарсанд, ки пули ҳангуфт масраф мешавад.

Хуб аст, ки ҳоло худи мардум бо Фейсбуку смс барои бемори камбизоат пул ҷамъ мекунанд. Вале ин ҳалли муаммо нест, зеро фақат шумораи ночизи беморонро дарбар мегирад.

Системаи тандурустӣ ба ислоҳот ниёз дорад, ки ин системаи мавҷуд дар Тоҷикистон дар ягон гӯшаи дунё вуҷуд надорад. Гарчанде мувофиқи қонун дармон бепул аст, дар асл бемористон ба бозор табдил ёфтааст, ки “фурӯшандаи” боинсоф ҳам дорад, беинсоф ҳам.

Барои мисол меорам системаи тандурустии Италияро, ки бо он каме шинос ҳастам. Барои қишри пойини аҳолӣ, муолиҷа, дору дармон тамоман бепул аст ва ҳамчунин:

— Барои ҳамаи кӯдакони то 6 сола, ки даромади солонаи оила камтар аз 36 ҳазор евро (3 ҳазор евро дар як моҳ);

— Барои пиронсолони аз синни 65 боло, ки даромади оилавиашон дар як сол камтар аз 36 ҳазор евро;

— Барои оилаҳои муваққатан бекор, ки даромади солонаашон камтар аз 8 ҳазор евро;

— Барои оилаҳои серфарзанд, ки даромади моҳонаашон камтар аз 516 евро барои ҳар як аъзои оила…

Боз як чанд категорияи дигар, ки аз ниҳодҳои иҷтимоӣ иҷозатнома мегиранд, хидматрасонии тиббӣ бепул аст, ҳатто табобате, ки сад ҳазор евро бошад.

Албатта шояд бигӯед, ки Тоҷикистон Италия нест ё Тоҷикистон барои Италия шуданаш камаш чанд садсола лозим аст ва ғайра. Вале аз ҳисоби расмигардонии тибби пулакӣ барои қисме аз аҳолӣ (бо назардошти даромади оилавӣ), метавон шароит барои таъмини бепули табобат барои қишри камбизоатро фароҳам овард. Ғайр аз ин, ба рушди тандурустӣ равон кардани масрафҳои ҳамасолаи будҷаи Тоҷикистон, ки дар ҷашнҳои гуногуни бемаънӣ ва иншоотҳои нолозима сарф мешаванд, метавон қисман ин муамморо ҳал кард. Ҳамон миллионҳо доллари ба ҳаво рафта, саломатии ҳазорҳо кӯдакро ҳифз мекунад.

Албатта барои ислоҳоти соҳаи тандурустӣ, таҳлили пурра ва ҳаматарафаи мутахассисони соҳа лозим аст. Вале як чиз қатъӣ аст; вазияти мавҷуд дар Тоҷикистон ҷавобгӯи замони муосир намебошад.

Рум, Италия

23/02/2018

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s