Дидгоҳ

Рамазон Мирзоев: “Дидаву шунидаҳои худро дар бораи ҳодисаҳои тақрибан 30 соли пеш баён кардаам” — Видео

Ба гузориши Радиои Озодӣ, яке аз дипломатҳои собиқадори тоҷик китоби хотироти худро дар бораи рӯйдодҳои солҳои 90-ум нашр намуд. Рамазон Мирзоев, сафири собиқи Тоҷикистон дар Русия ва Эрон гуфт, бо чопи “Давлати безавол”, дидаву шунидаҳои худро дар бораи ҳодисаҳои тақрибан сӣ соли пеш баён кардааст.

Бар пояи ин гузориш, ин дипломати собиқадор 72 сол дорад ва ҳоло, ба гуфтаи худаш деҳқон асту ба ҳеч сиёсат кор надорад. Аммо шоми 22-юми феврал дар расми муаррифии китобаш дар Душанбе гуфт, бо навиштаҳои худ парда аз рӯи баъзе ҳодисаҳое бардоштааст, ки то ҳол дар бораашон касе ошкоро нанавишта буд. Яке аз ин хотираҳо – ҳодисаи гаравгонгирии ӯву чанд сиёсатмадори дигар, чӣ гуна аз Душанбе то Хуҷанд рафтани Раҳмон Набиев ва роҳи Эмомалӣ Раҳмон то раёсати ҷумҳури Тоҷикистон буд.

Хулосаи сӯҳбатҳои Рамазон Мирзоевро, ки дар бораи муносибати Тоҷикистону Эрон ҳам изҳори назар кардааст, дар ин навори 12-дақиқаӣ бибинед:

Рамазон Мирзоев соли 1945 дар деҳаи Сарсибулоқи ноҳияи Данғара таваллуд шуда, соли 1967 Донишкадаи кишоварзии Тоҷикистон ва соли 1983 Академияи илмҳои ҷамъиятӣ дар Москваро хатм кардааст. Аз ҳамон сол дар сохторҳои сохтмонии собиқ вилояти Кӯлоб ва сипас ба унвони мушовири корҳои обёрӣ дар Афғонистон кор кардааст.

Тӯли чанд сол ба ҳайси муовини вазири кишоварзии Тоҷикистони Шӯравӣ ва сипас дабири аввали Кумитаи ҳизби коммунистии ноҳияи Данғара кор кардааст. Аз соли 1995 то соли 2001 сафири Тоҷикистон дар Русия ва аз он вақт то соли 2010 сафири Тоҷикистон дар Эрон буд.

Реклама

Рубрики:Дидгоҳ, Сиёсат

Помечен как:

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s