Дидгоҳ

Дар ҳошияи расмӣ шудани фурӯши замин дар Тоҷикистон

Шумори қобили таваҷҷӯҳе аз корбарони тоҷики шабакаи иҷтимоии Фейсбук аз ҷумла коршиносон, “қонунӣ” кардани фурӯши замин дар кишварро хилофи қонуни асосӣ ва “як фалокати бузург ва идомаи густариши варта байни қишрҳои иҷтимоӣ” шумурда мӯътақиданд, ки “дар поёни кор як гурӯҳи хурди заминдорони пурсарват пайдо мешавад, ки бақия бояд дар замини онҳо чоряккору панҷяккор шавад ва кафолату замонате нест, ки замин зери номи афроди маҳаллӣ аз тарафи хориҷиён, бавижа чиноиҳо, харида шавад.”

Дар гузориши имрӯзи (27.02.2018) пойгоҳи интернетии Радиои Озодӣ таҳти унвони “Дар Тоҷикистон фурӯши замин расмӣ мешавад” омадааст, ба зудӣ дар Тоҷикистон дар баробари чандин навъи бозор — бозори чорво, бозори мошин ва даҳҳои дигар, “бозори замин” арзи вуҷуд мекунад. Дар ин бозор харидорон метавонанд “ҳуқуқи истифодаи замин”-ро расман бар ивази пул, дарёфт кунанд.

Бар асоси ин гузориш, пайдоиши чунин бозоре дар Тоҷикистон бо қабули як зумра тағйиру иловаҳо ба қонун “Дар бораи бақайдгирии давлатии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба он” мумкин шуд. Шакли нави ин қонун баъди нашри он дар рӯзномаҳои давлатӣ ҳукми иҷро гирифт.

Бар пояи ин қонун, дар Тоҷикистон бозори дасти аввал ва дасти дуввуми хариду фурӯши “ҳуқуқи истифодаи замин таъсис” хоҳад шуд. Умдафурӯши бозори аввалия худи давлат хоҳад буд. Чун дар Тоҷикистон бино бар меъёри муқарраркардаи Конститутсия, “замин моликияти истисноии давлат” шинохта шудааст. Тибқи ин қонун, давлат ҳуқуқ дорад як қисмати заминҳоро ба фурӯш гузорад. Нафароне, ки аз ин бозори дасти аввал ҳуқуқи истифодаи заминро ба даст меоранд ҳамчунон ҳақ пайдо мекунанд, дар оянда ин ҳуқуқро ба шахсони дигар бо нархи бозорӣ бифурӯшанд.

Ин тарҳи ҷадид баҳсу табодуи назарҳои доғеро дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук ба дунболи дошт (ва ҳанӯз идома дорад). Аз ҷумла Сайидмуҳиддин Дӯстов, рӯзноманигор ва коршиноси тоҷик изҳор доштааст:

Нахустин кӯшиши нодида гирифтани Сарқонуну ташкили бозори замин дар Тоҷикистон бо маблағгузории созмони амрикоии USAID солҳои 2007-2009 сурат гирифта буд. Тарҳ амалӣ нашуд. Бозори сертификати замин ба вуҷуд наомад. Ҳилаи шаръӣ кор надод. Дақиқтараш, ҳиларо бекор карданд, бозорро ташкил накарданд. Барои ин кор мардуми зидди тарҳ бояд аз Муродалӣ Алимардон миннатдор бошанд. Ӯ, ки пуштибони асосии ин тарҳ буд, мавқеашро дигар кард.”

Вай дар идома бо баёни ин ки “бо даст додани вақт, камина ё сармуҳаррири вақти “Нигоҳ” он қиссаро нақл хоҳем кард” ёдовар шудааст: “Акнун ба назар мерасад, ки ин тарҳро мехоҳанд дубора эҳё кунанд. Чӣ касоне? Бо кадомин аҳдоф? Оқибати он чӣ мешавад? Мутмаиннам аз ин тарҳ дида, хатаре бузургтар ва риске идоранашаванда давлату ҷомеаи Тоҷикистон надоранд.

Салим Аююзод, рӯзноманигор ва нависандаи тоҷик менависад: “Ин як фалокати бузург ва идомаи густариши варта байни қишрҳои иҷтимоӣ хоҳад буд. Баъд аз чанд сол, дар поёни кор як гурӯҳи хурди заминдорони пурсарват пайдо мешавад, ки бақия бояд дар замини онҳо чоряккору панҷяккор шавад. Кафолату замонате нест, ки замин зери номи афроди маҳаллӣ аз тарафи хориҷиён, бавижа чиноиҳо, харида шавад. Қарори иҷораи дарозмуддати замин дар Қазоқистон эътирозҳои густардаеро ба миён оварда буд.”

Ҳафиз Бобоёров, файласуфи тоҷик, яке аз омилҳои ин иқдомро “камбуди буҷа ва аз ин ҳисоб пур кардани он” дониста афзудааст: “Ду омили дигар: яке, манфиатдор будани элитаи сиёсӣ ва иқтисодӣ ва дуюм, ҳимояти ниҳодҳои молии ҷаҳоние чун Бонки Ҷаҳонӣ аз чунин тарҳ. Албатта, ин фарзияҳои ман аст, чун дар ин самт огоҳии кофӣ надорам. Умедворам дар ин маврид таҳлили коршиносон нашр мешаванд ва мо аз ҳақиқати ҳол беҳтар огоҳ мешавем.”

Азизони хонанда метавонанд ин баҳсу табодули назарҳоро дар инҷо бихонанд:

Реклама

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

w

Connecting to %s