Ахбори Анҷуман

Темур Варқӣ: “Дар ин вазъият, қонунӣ кардани заминфурӯшӣ хиёнат ба мардум аст”

Темур Варқӣ, узви Шӯрои Раҳбарии “Анҷумани Озодандешони Тоҷик”, дар гуфтугӯ бо сойти Паём, гуфт: “Дар ин вазъият ва ҳолате, ки Тоҷикистон ва мардумаш қарор доранд, қонунӣ кардани заминфурӯшӣ ба назари ман хиёнат ба мардум ва ба ватан ҳисобида мешавад.”

Ба гузориши сойти Паём, бо даровардани тағйиру иловаҳо аз ҷониби порлумон ба Қонуни ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи бақайдгирии давлатии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба он” дар Тоҷикистон, фурӯши замин қонунӣ шуд. Минбаъд ҳар шахс метавонад қонунан замин харидорӣ кунад ва ё онро бифурӯшад. Чун дар Тоҷикистон бино бар меъёри муқарраркардаи Конститутсия, “замин моликияти истисноии давлат” шинохта шудааст, дасти аввали фурӯши замин ҳам давлат хоҳад буд.

Бар пояи ин гузориш, ин қонун бидуни гирифтани назари мардум қабул шуд ва метавонад ба фоҷеъаи дигари миллат табдил ёбад. Бидуни баррасии амиқ, қонунӣ шудани фурӯши замин дар баробари ҷанбаҳои мусбӣ доштанаш, метавонад ҳазорҳо ҷониби дигари манфӣ ҳам дошта бошад.

Темур Варқӣ, узви Шӯрои Раҳбарии “Анҷумани Озодандешони Тоҷик”, дар гуфтугӯ бо сойти Паём, бо баёни ин ки “дар ин вазъият ва ҳолате, ки Тоҷикистон ва мардумаш қарор доранд қонунӣ кардани заминфурӯшӣ ба назари ман хиёнат ба мардум ва ба ватан ҳисобида мешавад” гуфт: “Ин заминфурӯшӣ не балки ватанфурӯшӣ аст. Чун мардуми мо дар ватан пулро барои як бурида нон наёфта, ба Русия мардикорӣ меравад, тақрибан 2 миллион берун аз ватан ғуломӣ мекунанд, дар ин вақт ҳукумат дар байни пулдорҳо замин тақсим мекунад. Оё ин хиёнат нест?

Вай афзуд: “Чизи дигар, дар Тоҷикистон ҳамагӣ 7 дар сади замин, ки ҳамвор ҳисобида мешавад ва аз ин на ҳама замини обдор аст. Дар навбати аввал ҳамин замини хушрӯву ободро тақсим мекунанд ва 8 миллион тоҷик дар ватани хеш бе як порчаи замин мемонад, фақат дар қабристон шояд ҷо монад, агар ба ватан баргарданд. Дар Сарқонун омадааст, ки давлат якпорчагиро кафолат медиҳад, аммо чаро порча-порча тақсимаш мекунед? Чаро дороии тамоми мардумро аз худ мекунед? Оё ин асли суханатон доир ба ваҳдати миллӣ мебошад?

Варқӣ дар идома хотирнишон кард: “Ман мушоҳида мекунам, ки дар ҳақиқат ба ҷои демократия ва мардумсолорӣ, ҳукумат Тоҷикистонро ба қафо ба асрҳои миёна мебарад ва нафақат қасд дорад бар хилофи Сарқонуни давлати демократӣ ба сохтори монархия табдил диҳад, балки ба феодализми шадид, ки сабаби ҷангҳои хунини садсолаҳо дар Аврупои асрҳои миёна буд, барад. Барои чи худи ҳукумат даст ба ин фитнаву иғво мезанад ва бар зидди устувории давлат даст мезанад? Магар ҳадафҳояшон таркиши Тоҷикистон аз дарун мебошад ё аз иштиҳои бепоёнашон мағзу инсофашон аз кор рафта бошад.”

Реклама

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

w

Connecting to %s