Гуфтугӯ

Файзинисо Воҳидова: “Дар парвандаи афроди зиндонишуда бо иттиҳоми насби парчами ДОЪИШ, бояд бознигарӣ шавад”

Файзинисо Воҳидова, ҳуқуқшинос ва фаъоли иҷтимоии тоҷик, дар як гуфтугӯи ихтисосӣ бо сайти “Анҷумани Озодандешони Тоҷик”, бо баёни ин ки “чун имрӯз маълум гардид, ки имконияти аз ҷониби шахси дигар насб кардани парчами ДОЪИШ бо ҳадафи бадном кардани ашхоси алоҳида мавҷуд будааст, пас бояд парвандаи нафарони бо ин модда ва айнан бо ҳамин фарзия судшуда бознигарӣ карда шавад.”

Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон (КДАМ) фардеро боздошт кардааст, ки дар боми ширкати марбут ба Нусратулло Саидов, бародарзодаи марҳум Устод Нурӣ, поягузори ҲНИТ, парчами ДОЪИШ-ро насб кардааст. Бар пояи гузориши пойгоҳи интернетии Радиои Озодӣ, ин фард, ки Қурбоналӣ Партоев ном доштааст, худаш парчамҳои ДОЪИШ-ро таҳия карда будааст ва ангезаи вай аз насби онҳо бар боми ширкати Нусратулло Саидов, “бадном ва таҳти боздошт қарор гирифтани Нусратулло Саидов” будааст. Ӯ гуфтааст: “Дар сарам омад, ки Нусратулло Саидовро «подстава» кунем ва мақомот омада ӯро биқапанд. Матоъву рангро аз бозор гирифта, парчамро сохтам. Аввал се донаашро дар бом гузоштам. Баъдан ду донаи дигарро бо истифода аз суратҳои интернет сохта, дар онҷо гузоштам.”

Бар асоси ин гузориш, мақомот гуфтаанд, ки Партоев ҳеч рабт ба ДОЪИШ надорад. Аммо бо ин ҳол, дар робита бо ин қазия, бар асоси ду моддаи Кодекси ҷиноӣ (32, қисми 1 ва 307, қисми 1) парванда боз шуда, тафтиш идома дорад.

Файзинисо Воҳидова, ҳуқуқшинос ва фаъоли иҷтимоии тоҷик, дар як гуфтугӯи ихтисосӣ бо сайти “Анҷумани Озодандешони Тоҷик”, дар ин хусус баён дошт: “Ба гуфтаи мақомоти амниятӣ, Қурбоналӣ Партоеви 31-сола ҳеч иртиботе ба ДОЪИШ надорад, танҳо 5 адад парчами муталлиқ ба ин созмони ифротиро бо мақсади “подстава” кардани бародарзодаи Саид Абдуллоҳи Нурӣ омода карда, дар боми ширкати ӯ насб кардаааст. Вале, бо ин вуҷуд, нисбати Партоев бо моддаи 32-307 қисми 1 КҶ ҶТ парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.”

Ин ҳуқуқдони тоҷик афзуд: “Агар Партоев танҳо бо ҳадафи интиқом, ба хотири вуҷуди хусумати шахсӣ, ин амалро анҷом додааст, пас чӣ тавр ба ӯ иттиҳоми экстремист баста шуда ва нисбаташ бар асоси моддаи 307 КҶ парвандаи ҷиноӣ боз мешавад?

Воҳидова, бо баёни ин ки “унсури ҷиноят дар кирдори шахс, аз рӯи мақсади вай муайян карда мешавад” гуфт: “Агар воқеан мақомоти тафтишотӣ собит кардаанд, ки Партоев нисбат ба оилаи бародарзодаи Нурӣ хусумат дошт, пас ӯ бояд ба хотири расондани хабари бардурӯғ, яъне ба таври сунъӣ ҷавобгар намудани шахси бегуноҳ, бо моддаи 346 КҶ ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида мешуд.”

Лозим ба зикр аст, ки насби парчамҳои ДОЪИШ, дар Тоҷикистон ҳодисаи ҷадиде нест. Пештар, ниҳодҳои қудратии Тоҷикистон, шуморе аз аъзои ҲНИТ дар Кӯлоб ва Норакро низ бо ҳамин иттиҳом боздошт ва равонаи зиндон кардаанд.

Файзинисо Воҳидова дар ин хусус баён дошт: “Аз ин қабл низ чандин нафарон бо иттиҳоми насби парчами ДОЪИШ дар болои боми манзилашон равонаи зиндон шуданд. Аз он ҷумла, нафароне аз аъзои ҳизби мамнӯъаи Наҳзати Исломӣ (ҲНИТ), ки албатта он иттиҳомҳоро рад карда буданд. Аммо ваҷҳҳои онҳо ба назар гирифта нашуда, додгоҳ онҳоро равони зиндон намуд.”

Ин ҳуқудони тоҷик дар идома афзуд: “Чун имрӯз маълум гардид, ки имконияти аз ҷониби шахси дигар насб кардани парчами ДОЪИШ бо ҳадафи бадном кардани ашхоси алоҳида мавҷуд будааст ва ин ҳолатро аллакай мақомоти зидахл собит намуд, бояд парвандаи нафарони бо ин модда ва айнан бо ҳамин фарзия судшуда бознигарӣ карда шавад. Аслан, Кодекси ҷинояти Ҷумҳурии Тоқикистон низ тақозо менамояд, ки таснифи кирдори шахси мутаҳҳам ба ҷиноят ва ҳукми содирнамудаи додгоҳ, бояд якхела бошад.”

Воҳидова хотирнишон кард: “Фикр мекунам, ки Тоҷикистон дар як марҳилаи ҳассос қарор дошта, бо мақсади мубориза алайҳи терроризм ва экстремизм, ки яке аз мушкилоти рақами яки ҷаҳон дониста шудааст, дар бархе аз парвандаҳои ҷиноятӣ ва шахсияти ҷавобгаршудаҳо ба иштибоҳ роҳ дода, бисёре аз бегуноҳон равонаи зиндон шудаанд. Акнун, ки шумораи террористу ифротиҳо кам шудааст, амнияти миллат ва ҷомеа ба эътидол расидааст, вақти он расидааст, ки бисёре аз парвандаҳо бояд бозбинӣ карда шаванд.”

Реклама

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s