Дидгоҳ

Ҷамшед Ёров: “Қурбон Маннонов ҳеч иртиботе ба барафроштани парчами ДОЪИШ дар Норак надошт”

Дар пайи кашфи сохтакорӣ будани насби парчами ДОЪИШ дар боми ширкати Нусратулло Саидов, бародарзодаи марҳум Устод Нурӣ ва аз нав матраҳ шудани парвандаи афроде, ки собиқан бо ҳамин иттиҳом боздошт ва зиндонӣ шудаанд, Ҷамшед Ёров, фаъоли ҳуқуқии тоҷик ва вакили мудофеи Қурбон Маннонов, ки ба мисли ҳамин иттиҳом зиндонӣ шуда ва сипас дар зиндон фавтид, дар мақолае ихтисосӣ барои сойти “Анҷумани Озодандешони Тоҷик” ба тафсил дар бораи парвандаи Қурбон Маннонов шарҳу тавзеҳ додааст, ки машрӯҳи он ба ин шарҳ аст:

* * *

Қазияи сардори шӯъбаи ҲНИТ дар шаҳри Норак, марҳум Қурбон Маннонон ва ҳамчунин аъзои ин ҳизб Маҳмадалӣ Исломов ва дигарон, ки ба иттиҳоми барафроштани парчами ДОЪИШ боздошт шуда буданд, дар хотири ҳама ҳаст.

Мақомоти тафтишотии тоҷик нисбати онҳо бо моддаи 307 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парванда боз намуда буданд, вале холисона, беғаразӣ ва ҳаматарафа бурдани тафтишот, зери шубҳа мемонад. Азбаски мақомоти қудратии Тоҷикистон, аз ҷумла мақомоти судӣ, мустақил нестанд, ва зери фишор ва роҳбарияти бевоситаи ҲХДТ қарор дорад, парвандаҳо нисбати аъзоёни ҲНИТ дар Тоҷикистон бо дағалона вайрон кардани муқаррароти қонунгузории ҷиноятии кишвар, баррасӣ мешаванд.

Азбаски ҲНИТ дар Тоҷикистон як ҳизби опозитсионии калону маъруф буд, роҳбарияти кишвар онро чун хатар барои ҳокимияти мутлақи худ шуморида, ба ҳар роҳу восита кӯшиш ба харҷ медод, ки онро аз арсаи майдони сиёсӣ берун кунад.

Барои ҳамин, дар санаи 24.11.2011 бо иштироки Қаҳҳоров А.А. – вазири Корҳои Дохила, Худоёров Б.Т. – вазири Адлия, Ятимов С.С. – котиби шӯрои Амнияти Миллӣ, Салимзода Ш.А. – Прокурори генералӣ , Азизов А.А. ва Фаттоев С.С. – машваратчиёни Президенти Тоҷикистон, Холиқов А.Г. – Сардори Комитет оид ба дин, Асадов А.А. – сардори котиботи Президенти Тоҷикистон ва Эмомалӣ Раҳмон – Президенти Тоҷикистон, шӯрое баргузор мегардад, ки дар он муфассал нақшаи аз байн бурдани ҲНИТ баррасӣ мешавад.

Натиҷаи шӯрои мазкур дар протоколи №32-20 дарҷ мегардад. Ҳарчанде, ки Ҳукумати Тоҷикистон мавҷудияти ин гуна протоколро на рад мекард ва на қабул, вале ҳодисаҳои оянда ба пуррагӣ нишон доданд, ки тамоми амалҳои Ҳукумат ва мақомоти қудратии кишвар дар ин самт аз рӯи он амалӣ шуда истодаанд.

Барои бадном ва аз байн бурдани ҲНИТ, ё тамоми аъзоёнаш ин ҳизбро тарк мекарданд ва ё мақомоти судӣ онро ташкилоти экстремистию террористӣ эълон мекард. Барои ҳамин, фурсатро истифода бурда, нисбати ашхосе, ки ихтиёрӣ аз ҳизб хориҷ намешуд, бо ҳар баҳона парванда боз намуда, онҳоро боздошт ва сипас зиндон мекарданд.

Ман, шахсан худ вакили дифои Қурбон Маннонов будам. Дар ёдам ҳаст, ки чӣ тавр дар муддати қариб 20 рӯз ман ӯро дар тамоми мақомоти қудратӣ кофтукоб мекардам. Чанд маротиба бо ариза ба КДАМ, Прокуратураи генералӣ, ВКД, ВКД-и шаҳри Қурғонтеппа, шӯъбаи КДАМ дар вилояти Хатлон муроҷиат намудам. Бо аризаам, нусхаи ваколатнома (ордерро) ҳамроҳ менамудам, ки ман вакил хастам ва бояд бе мумониат ва бе маҳдудияти вақт бо зерҳимояам вохӯраму ба ӯ ёрии ҳуқуқӣ расонам. Вале на ягон мақомот ҷавобе медод, ки Қурбон Маннонов куҷост ва на бароям маълум мешуд, ки нисбати ӯ бо кадом ҷурм парванда боз шудааст. Ба ӯ имконият намедоданд, ки бо вакилаш ҳамсӯҳбат шавад.

Билохира ман ӯро дар Муассисаи тафтишотии шаҳри Қӯргонтеппа пайдо кардам ва ҳангоми сӯҳбат маълум шуд, ки Қурбон Маннонов ҳеч иртиботе ба барафроштани парчами ДОЪИШ дар Норак надорад. Ва гумонбаршудагони дигари ин праванда, дар зери фишору шиканҷа, нишондод нисбати ӯ додаанд. Вале дар расонаҳои давлатӣ Манноновро бошад ҳамчун сардори гурӯҳи ҷиноятӣ муаррифӣ намудаанд. Дар чунин ҳолат, на фақат аъзоёни ҲНИТ, балки садҳою ҳазорон мардуми оддии кишвар буданд ва ҳастанд.

Ва ин ҳама дар ҳоле аст, ки бар асоси қонун, агар ягон аъзои ҳизб ва ё собиқ аъзои он ҷинояте содир кунад – ин ҳеч гоҳ маънои онро надорад, ки ҳизби матбуъаш ӯро ба ин амал равона намудааст ва ӯ барномаи ин ҳизбро пеш мебарад.

Агар ҷиноятҳои аъзоён ё собиқ аъзоёни ҲНИТ-ро ба дӯши ҳизб мепартоянд ва онро ҳизби ҷинояткор меноманд, пас чаро дигар ҳизбхоро, ба мисол ҲХДТ-ро ҳизби коррупсионӣ ва ҷинояткорона наменомад?!

Ҷавоби ин савол чунин аст: аз тарафи Ҳукумати Тоҷикистон нақшаҳо ва барномаҳои мухталифи бадном ва аз байн бурдани мухолифин, аз он ҷумла ҲНИТ, тарҳрезӣ шудааст. Ва дар ин ҳолат, парвандаҳои сунӣ нисбати аъзоён ва ё тарафдори ин ҳизбҳою ҳаракатҳо боз шуд, ки тафтишот ва баррасии судии онҳо, ба ҳеч як аз меъёри ҳуқуқи ҷиноятӣ ҷавобгӯ нест. Ва агар дар ҳақиқат ин гуна ашхос ҷиноят содир карда бошанд ҳам, парвандаҳои онҳо нопурра, ғайриобъективона ва ғаразнок дида баромада мешаванд.

Ба назари ман бояд, ки тамоми парвандаҳои бозшудаи се–чор соли охир бо моддаҳои 187 (ташкили иттиҳодияи ҷиноятӣ), 189 (барангехтани кинаву адовати миллӣ, маҳалгароӣ ва динӣ), 313 (исёни масаллаҳона), моддаҳои гурӯҳии 307, моддаҳои гурӯҳии 401 КҶ ва моддаҳои гурӯҳии 179 Ҷумхурии Тоҷикистон бознигарӣ шаванд.

Вале барои ин, дар аввал бояд мақомоти тафтишотии кишвар ҳақиқатан мустақил бошанд. Муфаттишон дар рафти тафтиши парвандаҳои ҷиноятӣ ба ғайр аз қонун, ба дигар ашхос итоат накунанд. Муфаттиш, на сардори шӯъбаи Вазорати корҳои дохилӣ, самти тафтишотро муайян мекунад. Ва маҳз муфаттиш, на сардори ӯ, бо кадом модда айбдор кардани боздоштшударо интихоб мекунад.

Дар зинаи дуюм, бояд судҳои Тоҷикистон мустақил бошанд. Судҳо бояд интихобӣ бошанд, на ин ки аз тарафи Сардори ҲХДТ ва барои манфиати он хидмат кунанд. Прокуратура бошад бояд дар ҳақиқат ба иҷрои рисолати худ: “назорати иҷрои дуруст ва якхелаи қонунҳо дар қаламрави Тоҷикистон” амал кунад.

Фақат дар ин ҳолат, метавон гуфт, ки бознигарии парвандаҳои солҳои охир натиҷабахш хоҳад буд.

Реклама

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s