Осиёи Миёна

Гармии дасти дӯст агар бошад…

Амина Шарофиддинова, устод ва фаъоли фарҳангии Самарқанд

Соле пеш намояндагони халқи тоҷики саросари ҷумҳурӣ дар қасри мамлакатҳо – Маркази байналмилалии фарҳанги Ӯзбекистон гирдиҳамоӣ намуда, дар ҳузури раҳбарияти ҳукумати ҷумҳурӣ аз маҳдудияти ҳуқуқҳои миллии худ лаб кушода буданд. Аз бобати:

— бо суръати шадид ба нестӣ расида истодани мактабҳои тоҷикӣ;

— норасоии китобҳои дарсӣ;

— кифоя набудани вақти барномаҳои радио ва телевизион;

— вуҷуд надоштани нашрияе тахассусӣ ақаллан барои омӯзгорон ва ё кӯдакон;

— дар даврони истиқлолият – аз соли 1994 то имрӯз, бо вуҷуди зиёда аз 500 нафарро ташкил намудан, ба узвияти Иттиҳоди нависандагон пазируфта нашудани нафаре аз эҷодкорони тоҷик;

— бо сабабҳои номаълум аз назарҳо гум шудани муҷассамаҳои намояндагони илму фарҳанг, аз ҷумла Абӯабдуллои Рӯдакӣ, Ҷомиву Навоӣ;

— ба харобӣ рӯ овардани ёдгориҳои таърихию миллӣ ба сони хона-музеи Садриддин Айнӣ, мақбараҳои Пайрав Сулаймонӣ, Хоҷа Абдулазиз Абдурасулов;

— иваз кардани номҳои таърихии мавзеъҳо;

— бо баҳонаи “кӯҳна гаштани соли нашр ва ба сиёсат мувофиқат накардан” аз рафу анборҳои китобхонаҳо холӣ карда шудани нашрияҳои гуногун ва китобҳои пурқимати бузургон … ва чанде аз масоили дигар, бонги изтироб зада шуда буд.

Ва ҳамчунин:

— ягона набудани алифбо дар ҷумҳурӣ;

— ба Қонуни забони давлатӣ амал накардан;

— набудани Шӯрои илмии дифоъ ва тестҳои қабул дар макотиби олӣ;

— дар муассисаҳои таълимӣ аз байн бурдани таълими хатти арабиасос;

— вуҷуд доштани мумониатҳо дар номгузорӣ ва насабҳои тоҷикона;

— бартараф намудани қайди нодурусти миллат дар шиносномаи шаҳрвандон;

— душвории раводиди байни ҷумҳуриҳои ҳамсоя…

… аз ҷумлаи масъалаҳои қайдшуда ва ҳалталаби болоӣ дониста шуданд.

Таъкиди он рафт, ки ин рӯйдодҳо ва беэътиборӣ нисбати мардуми таҳҷоии соҳибтаъриху фарҳанги ҷумҳурӣ, аз рӯи мизони адолат набуда, сабаби ба табоҳӣ рӯй овардани ин халқи бузургу қадима гашта истодаанд.

Ин воқеае буд ғайричашмдошт ва гӯшношунид дар давоми 25 соли охир. Шояд ҳамин ҳайрату нобоварӣ аз шунида шудану амалӣ гаштани ин таклифот бештар буд, ки бидуни як паёмаки ноқисе дар ин бобат (хабари А.Субҳон дар «Овози тоҷик», 06.05.2017) дигар чизе дар расонаҳои хабарӣ ва матбуот то дер падид наомад.

Чӣ ҷои руст кардан, ки ҳатто аз се нафар ходимони рӯзномаи «Овози тоҷик», ки дар он гуфтугузор ҳузур доштанд, нафаре таклиферо пеш наовард — ҳама хомӯширо ихтиёр карданд. Ақаллан мегуфтанд, ки «Овози тоҷик» низ чун «Халқ сӯзӣ» ва «Правда Востока» нашрияи Шӯрои Олӣ буда, он низ ҳафтае ду маротиба нею панҷ маротиба ба чоп расад, яъне ҳамаро бо як чашм бояд дид. Аз ҷумла, дар ин бобат мақолаи банда низ рӯи чопро надид.

Имрӯз ҳамагон бо чашми сару дил мебинанд, ки ормонҳо амалӣ шуданӣ будаанд!

Бо саъю хайрхоҳии сарвари оқилу дурбин ва мардумии кишвар мӯҳтарам Шавкат Мирзиёев ҳоло эътибор ба маорифи тоҷик, роҳандозии муносибатҳо бо ҳамсоякишварҳо, аз ҷумла Тоҷикистони бародар, ҷобаҷогузории кадрҳои муносиб, зуҳури барномаҳои телевизионӣ, маводҳо дар саҳифаҳои матбуот бо мақсади эътибор ва таъйини мақому манзалати халқи тоҷик ва намояндагони барҷастаи он зиёд шуда истодааст.

Ба номи сафири сулҳи ҷаҳонӣ — Мирзо Турсунзода номгузорӣ шудани яке аз истгоҳҳои метрои шаҳри Тошканд, таъсиси алманахи тарҷумаи осори адибони тоҷику ӯзбек, ба муноибати 140-солагии Садридди Айнӣ бо мақсади тармими хона-музейи вай ҷудо карда шудани 300 миллион сӯм, бори нахуст гузаштани ҳамоиши фарҳангии тоҷикони ҷумҳурӣ дар мавзӯи «Шеър — пайвандгари миллатҳо» таҳти шиори «Дӯстиро ҷустуҷӯ дорем мо!», моҳе пас шаби дӯстӣ бахшида ба бузургдошти Абдураҳмони Ҷомӣ ва Алишер Навоӣ, дар Самарқанд гузошта шудани муҷассамаҳои Ҷомиву Навоӣ ва чанди дигар мисоли гуфтаҳои болоии мо шуда метавонанд.

Бар замми ин ҳама бо сиёсати хирадмандона ва қарордоди сарварони давлатҳои ба ҳам бародар, яъне Ӯзбекистону Тоҷикистон ба марҳилаи нави замонавӣ барвардани муносибатҳои байниҳамро дар мисоли соддагардонии сарҳадҳои байни ин ду кишвар метавон дид, ки дар чанд рӯзи охир ҳафт гузаргоҳи байнисарҳадӣ дар вилояти Фарғона, ноҳияи Ашт, Зафаробод, Спитамен, ноҳияи Истаравшан, Саразм дарҳои ба рӯи ҳам махкам бастаро боз карданд. Хусусан, имрӯз тантанаҳои ба ин муносибат бахшидашудаи байни вилоятҳои Самарқанд ва Суғд хотирмон ва қайд карданист.

Дар рӯзи авали баҳор саҳарии барвақт аз дили шаҳр сӯи Ҷартеппа, равон шудани автобусҳои замонавии пуродам, партавафшонии даҳҳо байрақҳои ду кишвар, пазироии ҳазорон ҳазор аҳолии атрофи сарҳаду донишомӯзон бо гулу байрақу дастафшонӣ, салом ва нидоҳои шодбошӣ дар дидаҳои меҳмонон нур, дар дилҳо сурур ва дар лабҳо табассуму дар чеҳраҳо мамнуниятро афзун мегардониданд. Анбӯҳи мардум ба сони дарё ба пеш мешитофтанд, ки зудтар ба дидори ҳам бирасанд, оғӯш боз кунанд, ҳамдигарро меҳрборон кунанд.
Расиданд он лаҳзаҳои деринтизор, ки нахуст намояндагони ҳукумат ва паси онҳо халқи ташнаи ин дамҳо ба ҳам омаданд. Зери кафкӯбиҳои дуру дароз лентаҳо бурида шуданд, ба якдигар тӯҳфаҳо, ҷомаҳои заррину гулдастаҳо тақдим гаштанд, зеро дар ҳадисҳои Муҳаммад пайғамбар с.а.в. омадааст, ки ба якдигар ҳадяҳо кунед, то меҳрҳо афзун шаванд. Нону намак чашида шуд. Кабӯтарони беҳисоб – қосидони сулҳ ба осмон париданд. Қурбониҳо карда, аз Қуръон сураҳо тиловат карда шуданд. Сарони вилоятҳои Самарқанду Суғд Туробҷон Ҷӯраев ва Раҷаббой Аҳмадзода рӯи саҳна омаданд, то ҷамъомадагонро бо ин санаи муҳим ва тақдирсоз табрик гӯянд. Инчунин симои Рӯдакӣ, Чомиву Навоӣ зинда карда шуданду ба забон омаданд. Намоиши молҳои саноатӣ ва ҳунари дастии ин ду кишвар ба маъраз гузошта шуда буданд.

Сурудҳои дилнишин, рақсу бозиҳои муштараки чи ӯзбекистонӣ ва чи тоҷикистонӣ, ки ҳама бозгӯи дилу рӯҳ буданд, падид омаданд. Самимият ва таппиши дили якдигар эҳсос мешуд, ки ин ҳамаро бо қалам тасвир кардан душвор аст.

Аҷиб он, ки аз байни ба ҳам омадагон тақрибан наметавон фарқ кард, ки кадоме аз ин тарафу кадом аз он тараф. Пас чӣ тавр метавон инҳоро аз ҳам ҷудо кард? Солиёни дароз зӯран аз ҳам ҷудо кардани мардуми ин кишварҳо ва дар азияту уқубат нигаҳ доштани онон амале буд пурнангу нафрин. Аз ин боис, баробари хушҳолӣ дар дидагони бисёреҳо ашк намудор буд.

Ин муждаест аз фарорасии баҳори гулрезу гулбези ду кишвар, ки бо ҳусну тароват ва рангу бӯи хоса омада!

Шукри Ҳақ, ки он каҷравиҳо ислоҳ ва адолати таърихиву иҷтимоӣ барқарор мешаванд. Ҷасорати сарвари кишвар Шавкат Мирзиёев дар бобати куллан дигаргун сохтани афкору кирдори ҷомеа ҳар яки моро намунаи ибрат бояд бошад. Мо вазифадорем, ки ташаббус пеша намуда, навсозӣ кунем, қолаб шиканем, ғояҳои созандаро дастгирӣ намуда, дар роҳи амалӣ гаштани онҳо бо руҳияи баланду эҳсоси ватанпарварона камарбаста бошем, ки ҳоло роҳи дигареро намебинам. Ин аст роҳи аз варта халос шудани мо, зеро беасос нест, ки мегӯянд: «Роҳи халосии ғарқшаванда дар дасти худи ӯст!»

Кормандони радио ва телевизион, васоити расонаҳои ҳамагонии ҷумҳурӣ аз асоситарин вазифадоронанд, ки дар тарғибу густариши мақсадҳои болоина саҳми арзишманде доранд ва умед бар он мебандем, ки дар ин ҷода сидқан камари ҳиммат мебанданд.

Ба гуфтаи шоир:

Гармии дасти дӯст агар бошад,

Аз зимистон баҳор хоҳам сохт!

Манбаъ: Фейсбук

Акс аз Радиои Озодӣ

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s