Дидгоҳ

«Спальный район»-и Русия ва бозори бузурги Чин

Абдуқодири Рустам

Оморро навъе аз дурӯғ меноманд, вале дар иқтисод ҷуз иттико ба омор роҳе нест; ва мо бар тибқи масали «беҳтарини корҳо миёнаи он аст» амал мекунем ва миёнаи ду дурӯғро истифода мекунем, ки агарчи мутмаин нестем, ки рости рост аст, ба ҳар сурат аз ду тарафи ифротию тафритӣ ба дур аст ва ба ҳақиқат наздиктар.

Сухан аз муҳоҷирони тоҷик аст, ки теъдодашонро мухолифин то 2 млн нафар, давлати Тоҷикистон (хадамоти муҳоҷират (аз 500 то 800 ҳазор) ва давлати Русия аз як то 1.2 млн. нафар медонанд. Мо ба 500 ҳазор пӯзханд мезанем, аз 2 млн. тааҷҷуб мекунем ва мегирем 1 млн. 300 ҳазорро ва таваққуф мекунем. Ва мегӯем, ки дар хориҷ аз кишвар будани 1 млн. 300 ҳазор шаҳрвандони як кишваре, ки ҳамагӣ 8,5 млн. ҷамъият дорад ва ҳама неруи фаъоли корӣ мебошанд, агар фоҷиаи миллӣ ҳам набошад (ки ҳаст), ҳароина бохти иқтисоди ин кишвар аст.

Суханро дароз намекунем ва мегӯем, ки агар ин 1 млн. 300 ҳазор нафар дар кишвари худ ба кор машғул буданд ва фарз кардем, ҳама баробар бо 1083, 7 сомонӣ ё 127 дулор (ки ҳадди васати маош дар Тоҷикистон мутобиқи омори расмӣ аст) моҳона мегирифтанд, пас инҳо дар маҷмуъ ба давлат моҳона 516 млн. 100 ҳазор сомонӣ ва солона 6 млрд. 193 млн. 100 ҳазор сомонӣ молиёт пардохт мекарданд. Ҳамчунин ба сандуқи нафақаи ҷумҳурӣ моҳона 13 млн 910 ҳазор ва солона 156 млн 920 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби моҳонаи инон ворид ворид мегардид. Вале инҳо на фақат молиёт ба давлат месупурданд, балки боиси рушди риштаҳои дигари иқтисод ва хидматрасонӣ ҳам мешуданд.

Ҳоло ин 1.млну 300 ҳазор нафар ҳамарӯза аз нонвойӣ ва фурӯшгоҳҳои Русия ва Қазоқистон 2 млн.-у 600 ҳазор дона нон, тақрибан 130 тонна қанди сафеду шакар, 130 тонна гӯшт, ҳудуди 90 ҳазор литр равғани растанӣ харидорӣ мекунанд. Ва ба ҳамин мизон нону қанди сафеду гӯшту равғани растанӣ дар Тоҷикистон камтар фурӯхта мешавад ва ба ҳамин андоза гардиши коло дар бозори истеъмолии Тоҷикистон камтар мешавад ва шахсони ҳуқуқию ҳақиқии фурӯшандаи маводи ғизоӣ ба ҳамин андоза камтар даромад мегиранд ва низ садҳо нафар аз ҷойи кории билқувва маҳрум мемонанд.

Вале, албатта, суоле матраҳ мешавад, ки ин теъдод неруи кор дар куҷо машғул хоҳанд шуд? Дар корхонаҳои санъатӣ, албатта? Кудом корхонаҳо, корхона, ки надорем? Дорем, вале кам, албатта… Боз бояд сохт… Ва дар навбати аввал мо ба корхонаҳое ниёз дорем, ки ин ҷамъияти 8.5 млн-ро бо маводди ғизоӣ ва пӯшок таъмин мекунанд. Дар ин боб қаблан ҳам навишта будам ва ҳоло муфассалтар такрор мекунам… Мо бояд дар давоми ду-се соли оянда 80 то 90 дарсади орд, 70-80 дарсади макарон, 70-80 дарсади равғани рустанӣ, ҳадди ақалл 40-50 дарсади шакар ва қанди сафед, 50-60 дарсади карамелу шоколод, ҳамчун қисмати умдаи маска, пани рва соири фуровардаҳои шириро дар дохили кишвар тавлид бикунем, ки боиси афзоиши неруи истеҳсолӣ ва ҷойҳои корӣ дар саноати хӯрокорӣ мешавад.

Агар фарз кардем, ки ҳар сокини кишвар солана ба 10 ҷуфт ҷуроб, 5 пероҳан, 5 майка ва зерпӯш ниёз дорад ва кишварамон тавликунанда ва содиркунандаи нахи пунба ҳам ҳаст мо ба корхонаҳое ниёз дорем, ки солона 85 млн. ҷуроб, 42-43 млн. пероҳани мардона, ба ҳамин миқдор майкаю зерпӯш тавлид бикунанд… Дар мавриди матоъҳои занона ҳоҷати гап ҳам нест… Ҳамчунин мардум ба дастмолҳои хурду бузург (дастурӯйшӯӣ ва ҳаммомӣ), дастпоккун, болокаши кӯрпаю болишт ниёзи шадид доранд, ки барои онҳо низ корхонаҳои тавлидӣ бояд эҳдос кард ва ҳазорон нафарро бок ор таъмин метавон кард…

Ман танҳо аз корхонаҳои саноеъи хӯрокворӣ ва сабук гуфтам, чун сохтанашон маблағ ва вақти камтар талаб мекунад… Ҳоло мо 90 дарсади маҳсулоти саноеъи сабукро аз хориҷи кишвар – бахусус Чин, Туркия, Қирғизистон ва Ӯзбакистон ворид мекунем… То мо машғул ба таърифу тавсифҳои бебунёду ва «ура»-гӯйию зинда бод гӯйӣ ва мубориза бо осиёбҳои бодӣ машғул шудем, ки ҳамсоягонамон — Ӯзбакистону Туркманисон ва Қазоқистону Қирғизистон корхонаҳои фаровони саноати сабук эҳдос карданд ва на танҳо аҳолии худро тақрибан бо тавлидоти худӣ таъмин мекунанд, ки ба садҳо миллион ва болиғ бар миллиорд дулор либос ва дигар маҳсулоти саноеъи сабук (аз ҷумла бо Тоҷикистон) содир мекунанд.

Ва аммо кор танҳо бо эҳдоси корхона ки буд намешавад, корхонаро сохтан як буъди масъала аст, буъди дигар тавлиди маҳсулоти қобили рақобат аз лиҳози нарху кайфият низ ҳаст…

Чанд сол пеш – дақиқ намедонам кудом сол, аммо шояд як моҳ пас аз он ки президент дар ноҳияи Зафаробод наворро қайчӣ зад ва корхонаи ҷуроббофиро бо иқтидори солонаи тавлиди 400 ҳазор ҷуфт ҷуроб ба истифода дод, ба бозори «Корвон» рафтам. Аз ҷумла, бояст ҷуроб мехаридам. Чуфте ҷорубро гирифтаму баргаашро хондам: 85% нахи пунба ва 15 % нахи сунъӣ дошт. Фурӯшанда ба таърифи молаш пардохт, босифат, боқувват, тавлиди Узбакистон, арзон — ду сомонию 70 дирам.

Он сол душмании Узбакистони Ислом Каримов бо Тоҷикистон ба авч расида буд, рохи оханро баста ва қаторҳои Тоҷикистонро моҳҳо нигоҳ медоштанд. Ҷуробро ба ҷояш гузоштам.

— Ҷуробе бидеҳ, ки аз Узбакистон набошад.

— Марҳамат, моли Туркия, хушсифат, бадошт, пой арақ намекунад, се сомонӣ.

Ин ҳам 85% нахи пунба ва 15 % дар сад нахи маснуъӣ дошт. Панҷто аз ин ҷоруб харидам ва аз дил гузарондам, чаро мумкин нест, ки ҷорубҳои корхонаи Зафарободро биёваранду дар Душанбе ҳам бифурӯшанд. Зоҳиран, ин фикр на фақат ба сари мани аз тиҷорат дур омада буд. Як ҳафта баъд аз канори фурӯшгоҳи марказӣ (СУМ) гузаштам ва чашмам ба лавҳае уфтод, ки мағозаи ҷуробҳои Зафаробод буд. Даромад, духтаре танҳо менишаст ва дар рафҳо ҷуробҳоро рахт зада буданд. Якеро гирифтам ва баргаашро хондам, ҷуробҳои тоҷикӣ низ 85 % нахи пунба ва 15% нахи маснуъӣ доштанд.

— Чанд?

— Панҷ сомонӣ!

— Нафаҳмидам!

— Панҷ сомонӣ!

Ғазабу алам зарфи танамро пур кард:

— Кадом аблаҳ ин нархро гузошт?

— Ман фурӯшанда.

— Медонам. Ба соҳибаш бигӯ, ки ягон аблаҳ ин ҷуробҳоро ба ин нарх намехарад.

Дар «Корвон» ҳамин гунна ҷуробҳои Ӯзбакистонро ба дую ҳафтод, аз они Туркияро се сомонӣ мефурӯшанд.

Пас аз як ҳафтаи дигар аз он ҷо гузаштам ва дидам, дукони ҷуробфурӯширо барчидаанд ва ба ҷояш аккосӣ боз шуда.

Муқоисаи қиматҳои се ҷуроби яксони тавлиди худию бегонагон он қадар ба назарам ҳайратовар буд, ки ба чанд кас ҳикоят кардам ва дӯстоне, ки иқтисодро беҳтар аз ман медонистанд, гуфтанд, дар ин амр на гуноҳи соҳиби фурӯшгоҳ аст, на ҷурми соҳиби корхона, иллати аслӣ мизони андозҳои мавҷуд дар Тоҷикистон аст, ки колоро ҳанӯз тавлид нашуда рақобатнопазир мекунад ва корхонаро ба вартаи варшикастагӣ наздик меорад. Пас гуноҳи аслӣ аз ҳукумат аст: аз ҳукумати иҷроӣ ва қонунгузор. Ва ин ҳукумат аст, ки Тоҷикистонро ба «спальный район»-и Русия ва бозори Чин табдил додааст. Ва зимнан, Тоҷикистонро ба ҷуз парчами баландтаринаш, ки ҳоло дигар баландтарин нест, бо «ду дастовард»- и бузурги дигар низ метавон ба китоби рекорди Гиннес ворид кард: бузургтарин «спальный район» ва бузургтарин бозори фурӯши колои ҷаҳон. Ва боз ин ки Тоҷикистони фақир ду бюарқудтари ҷаҳон – Русия ва Чинро сармогузорӣ мекунад..

Ва ман тахмин задам ва агар ҷомеъашиносон таҳқиқ бикунанд, ба воқеияти ҷолибе хоҳанд расид, ки аз охирҳои солҳои даҳаи 90 қарни гузашта ва то имсол ки соли 2018 аст, дарсади бештари тифлони тоҷик дар моҳҳои май то сентябр ба дунё омадаанд, зеро падаронашон танҳо дар моҳҳои ноябр то март метавонанд ба дидори хонаводаашон бирасанд ва бо модарашон ҳамхоба бишаванд…

Манбаъ: Фейсбук

 

Реклама

Рубрики:Дидгоҳ, Иқтисод

Помечен как:

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s