Андеша

“Еndowment effect”–и қурутоб. Ҷоизаи Нобел 2017 ва пашша

Сайидмуҳиддин Дӯстмуҳаммадиён

Чандест, ки дар Фейсбук баҳси қурутоб гардон аст. Ин баҳс фазои маҷозиро, ки бо барҳам задани муҳити расонаии мустақил дар кишвар, акнун ба майдони асосии баррасиҳои масоили иҷтимоиву илмӣ табдил ёфтан дорад, басо гарм кард.

Омили хабарӣ, ки боиси ин баҳс буд, як иқтибос аз китоби шарқшинос Давлаталӣ Давлатзода буд.

Баҳс тафсиду ба расонаҳо кӯчид. Ҳарчанд китоб соле пеш ба нашр расидаву мавриди таваҷҷӯҳи расонаҳо қарор нагирифта буд. Тафсидани муҳити маҷозӣ ба таҷзияи он расонд:
— ҷонибдорони баҳс (1);

— онҳое, ки муқобили баррасии ҳамчунин мавзӯъ (2) ҳастанд;

— онҳое, ки қурутоб истеъмол мекунанд (3) ва онҳое, ки қурутоб истеъмол намекунанд (4) дар баробари ҳам қарор гирифтанд.

Гурӯҳи аввал бар он буданд, ки қурутоб мол ё коди фарҳангии мо тоҷикон нест, балки зода ва моли фарҳанги муғул аст.

Гурӯҳи дуввум бар ин буданд, ки ин гуна баҳсҳо саргармие беш нестанду қурутоб солҳо боз ғизои аслии мардум дар ҷануб ва маркази кишвар асту онро бояд моли тоҷикон донист.

Бархӯрди ин ду гурӯҳ ба мавзӯъ то ҷое илмӣ буд, яъне аз тафаккури илмӣ бармеомад, ё ба донишҳои кӯҳнашуда такя мекард, аммо бархӯрди гурӯҳи сеюм ва чаҳорум ба ин мавзӯъ аз тафаккури иҷтимоӣ маншаъ мегирифт, ки бо назардошти дар ихтиёри фард будани истеъмоли ғизо гуё аҳамият надорад.

Хушо ба ҳоли ҳамаашон!

Аммо оё воқеъан чунин аст?

Чаро маҳз ин баҳс тафсид?

Оё тафсири илмии он мавҷуд мебошад?

Билахира, оё месазад, ки афроди фарҳехтаи як миллат ин гуна мавзӯъҳоро ҷиддан баррасӣ кунанд?

Ба назари инҷониб, назарияи Иқтисоди рафторӣ ба ин чаҳор суол ва суолҳои ҳамсон посухи илмии мушаххас медиҳад.

Бале, посухи сирф илмӣ.

Иқтисоди рафторӣ бахше аз илми иқтисод аст, ки таъсири омилҳои иҷтимоӣ ва эҳсосоти инсонҳоро зимни қабули қарорҳои иқтисодӣ ва таъсири мустақиму ғайримустақими ин қарорҳоро ба иқтисоди миллӣ меомӯзад. Илми ҷиддӣ

Ногуфта намонад, ки барои ин назария иқтисоддон Ричард Таллер ҷоизаи Нобелро дар соли 2017 дарёфт карда буд.

Барои исботи ин назария садҳо озмоиш баргузор шудааст, ки ду озмоиш аз миёни онҳо ба ин суолҳо посух медиҳанд:

Озмоиши аввал ё “Пиёла ва шоколад / шукулад”:

Зимни ин озмоиш ба донишҷӯён пешниҳод мешавад, ки аз ду яке шоколад ё пиёларо интихоб кунанд. Аксарияти кулл шоколадро интихоб мекунанд. Дар даври дигар ба донишҷӯён пиёла туҳфа мекунанду сипас хоҳиш менамоянд, ки пиёларо ба шоколад иваз кунанд. Аксарияти кулл розӣ намешаванд. Бале, амали носанҷида, вале воқеъият аст.

Ин падидаро дар илми Иқтисоди рафторӣ Endowment effect (ендовмент эффект) ё эффекти “дорам” меноманд.

Яъне он чи, ки одамон ҳамин ҳоло доранд, ҳарчанд арзише ҳам мисли ҳамон пиёла надошта бошад, барояшон азизтар аст. Ҳатто агар онро муғули истилогар ҳам ба мерос монда бошад. Табиати падидаи “шукрона” дар ҷомеаи навини мо ҳам ҳамин аст.

Озмоиши дувум ё “Пашша дар ҳоҷатхона”:

Барои аҳдофи ин озмоиш дар писуарҳои ҳоҷатхонаҳои шаҳрҳои калон сурати пашшае кашиданд, ки хеле воқеъӣ менамуд. (Ба акс бингаред.)

Аксарияти кулли мардон талош мекарданд пашшаро “бишӯянд”… Бале, бобо! Бале. Аксарияти кулли мардон. Чун натиҷа заҳмати фаррошон ду маротиба кам мегардаду назария исбот.

Ман, ки ду соат ё зиёдтар аз онро ба харҷ додам, то ин нигоштаро иншо кунаму рӯи саҳфаам бикорам, мехоҳам ҳаммиҳанонам зарари «эндовмент эффект» — қурутоб, “машрутка”, заминфурӯшӣ, фасоди густурдаи мансабдорон, раису раисчаҳои ҷаълӣ ва даҳҳо “дорам”-у “дорем”-ҳоро ба рӯзгори худашону фарзандонашон, ба имрӯзу фардои ҷомеа ва миллати шарифамон бидоданд.

Ба он зинҳор тан надиҳанд.

Покиза бимонанд ё бишаванд.

Дар асл кори хеле осон аст.

Бовар накунед, озмоиш кунед ва мебинед, ки наҷобат ба шумо чӣ қадар фараҳ мебахшад.

Дар акси ҳол, коди фарҳангӣ ё одати ғосиберо моли худ дониста, барои ҳифзи он талош хоҳем кард ё зиёдтар аз он ба “пашшашӯӣ” машғул хоҳем буд.

PS: “Як ҷаҳон ташаккур” ба онҳое, ки матлабро то охир хонданд…

Поянда бошед, азизон!

Манбаъ: Фейсбук

Реклама

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

w

Connecting to %s