Фарҳанг

Бухорои Шариф, нахустин рӯзномаи тоҷикӣ

Ба муносибати Рӯзи матбуот дар Тоҷикистон

Бо ташаббуси ҷадидони Бухоро аввалин рӯзномаи форсии тоҷикӣ “Бухорои Шариф” — аз 11 марти соли 1912 (4 рабеулохири 1330 ҳиҷрӣ) дар матбааи хусусии тоҷири яҳудитабор Л.Н. Левин, воқеъ дар шаҳраки Когон (Бухорои Нав, наздикии Бухоро) нашр гардид.

Рӯзнома дар матбааи Когон бо ташаббуси равшанфикрони машҳури тоҷик — тоҷир ва миллионери бухороӣ Мирзо Муҳиддин Мансуров (Мансурзода) (1862 – 1934) ва шоир, сайёҳ, ҳаким, публисисти бухороӣ Мирзо Сироҷи Ҳаким (1877 — 1914) чоп шуда буд. Муҳарририи рӯзнома ба ӯҳдаи яке аз донишманди забону адабиёти форсии тоҷикӣ, адиб ва журналисти маъруф Мирзо Ҷалол Юсуфзода (1862 — 1931), ки ӯро аз Боку ба Бухоро даъват кардаанд, гузошта шуда буд.

Таърих

Маорифпарварони Бухоро илоҷи таъсис додани рӯзномаро бо забони мардуми таҳҷойии Бухоро ба воситаи мудири матбаа Левини яҳудӣ, ки ӯро барои фоидаи зиёд дидан аз чопи рӯзнома шавқманд гардонида розӣ кунониданд. Дар мактуб ба Элчихонаи рус (Консулигарии Империяи Русия дар аморати Бухоро воқеъ дар Когон) таъкид доштанд, ки таъсис додани нашрияе ба забони мардуми маҳаллии Бухоро ба рушду ривоҷи муносибатҳои тиҷоратии Бухорову Русия кӯмак мекунад. Инчунин барои итминони амири Бухоро ва Элчихонаи рус, Мирзохоҷа Мирзобадаловро, ки дар Элчихонаи рус мутарҷим буд, ба ҳайси мудири масъули нашрия муаррифӣ карданд. (1)

Рӯзномаи “Бухорои Шариф” дар мавқеи маорифпарварӣ истода, хонандагони худро бо забони сода аз воқеаҳои ҷаҳон, масъалаҳои гуногуни таърихӣ, ҷуғрофӣ, адабиёт ва ғайра огоҳ мекард. Дар саҳифаҳои он махсусан зарурияти омӯхтани илму дониш ва мақолаҳои ташвиқотӣ, оид ба ин масъала чоп мешуданд.

Рӯзномаии “Бухорои Шариф” аввалин бор хонандагони тоҷик ва тоҷикзабони бухороиро бо асарҳои нависандаи бузурги рус Л.Н.Толстой (таҳти сарлавҳаи “Осори Гроф Толстой” 12 асари ӯро чоп кардааст), “Хикояҳои чини”-и адиби фаронса Анри д. Рине, “Данко” ва “Кампир Изергил”-и А.М.Горкий ва бо дигар асарҳои нависандагони дунё шинос намудааст.

Ҷадидони Бухоро, инчунин дар аморати Бухоро мавҷудияти туркзабонҳоро ба инобат гирифта аз 14 июли соли 1912 сар карда, то 2 январи соли 1913 рӯзномаи “Тӯрон”-ро (ҳамагӣ 49 шумора) низ ба забони ӯзбакӣ нашр намуданд. (2)

Баста шудани рӯзнома

“Бухорои Шариф” пас аз шаш моҳи фаъолият ба мушкилиҳо дучор шуд. Аввал? Левини яҳудӣ, ки аз чопи нашрия фоидаи кам дид, аз чопи он даст кашид. Аз тарафи дигар, умедвории ноширони “Бухорои Шариф” аз дастгирии оммавӣ, торафт афзудани муштариёну харидорони нашрия, бароварда шуд. Вале умри кӯтоҳи “Бухорои Шариф”-ро танҳо сабаби молӣ набуд.

Садриддин Айнӣ бо ишора ба ин менависад, ки “Бухорои Шариф” ва “Турон” “рӯз ба рӯз диққати мардумро ба худ бештар ҷалб мекарданд… Дар тасаввури хонандагон, фикрҳои нав пайдо шудан гирифт. Ин вазъ ба кайфи Элчихона мувофиқ наомад.”

Рӯзномаи “Бухорои Шариф” ҳамагӣ 153 шумора нашр гардид ва ниҳоят, баста шуд. 2 январи соли 1913 аз ҷониби Элчихонаи Россия ба унвони идораи нашрия мактубе расид, ки бо хоҳиши амир аз нашр боздошта шудани рӯзномаҳои “Бухорои Шариф” ва “Турон” хабар медод. (3)

Давраи муосир

Дар Тоҷикистони соҳибистиқлол 11 март ҳамчун “Рӯзи матбуот” — иди касбии рӯзноманигорони ҷумҳурӣ ҷашн гирифта мешавад.

Марти соли 2012 — 100-солагии рӯзномаи “Бухорои Шариф” дар ҷумҳурӣ ботантана ҷашн гирифта шуд.

Манбаъ: Донишномаи озоди Википедиа

Поварақӣ:

1) Шарифзода Қироншоҳ. “Бухорои Шариф”: назаре пас аз 100 сол. – Душанбе, 2012, с. 13-14.

2) Ҳотамов Н.Б., Довуди Д., Муллоҷонов С., Исоматов М. Таърихи халқи тоҷик (Китоби дарсӣ). – Душанбе,2011.

3) Шарифзода Қироншоҳ. “Бухорои Шариф”: назаре пас аз 100 сол. – Душанбе, 2012, с. 31-32.

Реклама

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

w

Connecting to %s