Дидгоҳ

“Озодандешони Тоҷик” бояд интерфейси сиёсӣ бошад

Ба қалами Абдулло Давлатов

Сафари раиси ҷумҳурии Ӯзбакистон нишон дод, ки ду тарафи ноошно бо истифода аз ақли солим ва пойин шудан аз аспи ҷаҳлу хушунат метавонанд:

— ҳам дили мардумро гарм кунанд

— ҳам обрӯи хешро боло баранд

— ва ҳам роҳҳои ободии давлатҳояшонро фаррохтар гардонанд.

Хушо, ки тасмимгирандагони имрӯзаи Тоҷикистон ин иқдоми Шавкат Мирзиёевро пазируфтанд ва ҳусни тафоҳум пайдо шуд. Ва акнун мардуми тоҷику ӯзбак бояд дуъо кунанд ва нагузоранд, ки масъулини ҷоҳили фасодзада ин дастовардро ба чоҳи ҷаҳлу фасод афкананд.
Боиси ёдоварист, ки Шавкат Мирзиёев на танҳо ба хотири барқарор кардани равобити хуби ҳамсоягӣ бо давлатҳои ҳаммарз дар муколама шудааст. Ӯ яке аз камтаринҳост, ки дар чорчӯбаи давлатҳои ҳамсуди собиқ Шӯравӣ дигаргунсозҳои чашмрасро роҳандозӣ дорад. Аз ҷумла, дарҳои ватанашро барои мухолифини ҳукумати Ӯзбакистон боз кард.
Ин фаъолияти президенти навинтихоб, ки ба зудӣ маҳбубияти мардумро пайдо кардааст, бояд сабақомӯз бошад. Ба хусус, бо назардошти он ки ширкатҳои хориҷӣ навсозиҳои Ӯзбакистонро пайгирӣ доранду соҳибкорони ӯзбак барои рушди ояндаи ватанашон маблағгузориро ба иқтисодӣ он аллакай оғоз кардаанд. Боварӣ дорам, ки тоҷикон бояд бо диққат ин навовариҳои ҷумҳурии ҳамсояро омӯзанд. На танҳо Э. Раҳмон бояд ба ҳамтои ӯзбакаш рашк бингарад, балки ҳамаи тоҷикистониёнро мебояд бо “рашки дӯстона” суи ҳамсоя назар афкананд. Агар дар ҷалби сармоя ва сохтани ҷомеъаи озод дар Тоҷикистон фалаҷ боқӣ монад ва Ӯзбакистон бо суръат пеш равад, ақиб монӣ ногузир аст, ки оқибати хуб надорад.

Ҳоло фурсати рақобати солим расидааст. Маҳз рақобати солим, ки аз роҳи душманӣ ба суи ободӣ мебарад. Рақобати сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва ғайра. Ш. Мирзиёев инро хуб дарк мекунад ва аз инҷост, ки қувваи асосияшро барои тоза кардани майдон аз фасодзадаҳову ноӯҳдабароҳои золим равона кардааст. Ӯ мехоҳад, ки на танҳо муттаҳидкунанда ва пешвои ӯзбакистониёни дунё бошад, балки талош дорад, ки дар кишвараш имконоти хуби иқтисодӣ ва шароити мусоид барои ҷалби сармояи хориҷӣ муҳайё гардад. Аз ин ҷост, ки талош дорад шароити мувофиқи сиёсиву иҷтимоӣ фароҳам оварад ва бо ҳамсояҳояш муносибати хуб барқарор кунад. Гумон дорам, ки дар ояндаи наздик дар Ӯзбакистон зерсохтҳои лозима ва зарурӣ сохта хоҳанд шуд ва барои васоити ахбори омма низ озодӣ дода мешавад. Аагар ин тахминҳо амалӣ шаванд, хуш ба ҳоли ӯзбакистониён, ки баъди салҳои тӯлонии ҷаҳолату зулми Ислом Каримуф, қадам ба роҳи ободӣ ва рушд хоҳанд гузошт.

Албатта, ҳамсояи бой ва дӯст барои ҳама хуб аст ва тоҷикон аз пешравии Ӯзбакистон албатта хушҳол хоҳанд гашт. Вале, маълум аст, ки барои хушбахтии аҳли байти худ ҳамсояи хонаобод ва бой кам аст – бояд аз пайи ободиву бойигарии хона худ шуд. Ба хусус бо назардошти мушкилоти таърихӣ ва сабақҳои нохуши он дар муносибати байни миллатҳои ҳамсоя. Болотар аз ин, бояд ба инобат гирифт, ки Осиёи Миёна минтақаи бархӯрди манфиатҳои, ҳадди аққал, абарқудратҳое ба моманди Русия ва Чин аст. Албатта, Амрикову Туркиёву Ирону Ҳиндустону ғайра низ истисно нестанд. Ҳамаи ин кишварҳо на танҳо фарқиятҳои миллӣ, забонӣ ва мушкилотҳои ҷуғрофиву таърихиро ба манфиатҳои худ истифода хоҳанд бурд, балки аз тавон ва ё заъфи иқтисодӣ, аз душвориҳои иҷтимоӣ низ “яроқ” месозанд. Бубинед, ки бо ворид шудани соҳибкорони ӯзбакистонӣ ба бозорҳои Тоҷикистон ва пойин шудани нархи ғизо аллакай байни тоҷирон мушкилот пайдо шудааст.

Президеенти Тоҷикистон аз “ҳушёрии сиёсӣ” ҳарф заданро дӯст медорад. Мавриди ёдоварист, ки раҳбарони ҳарду давлат бояд ҳамин “ҳушёрии сиёсӣро” аз даст надиҳанд ва барои ҳамкории судманд шароити хуб муҳайё кунанд то душманон аз кашмакашҳои собиҳкорон суистифода нанамоянд. Дар ҳоле, ки “ҳушёрии сиёсӣ” кори сиёсатмадорону ҳукуматдорон аст, на кори соҳибкорону деҳқонону коргарону муҳоҷирони корӣ. Фаразан, ман ҳеҷ бовар намекунам, ки соҳибкорони чинӣ барномаи “ҷанг” андохтани тоҷирони тоҷику ӯзбакро роҳандозӣ накунанд – ҳамкории судмаанди ин ду ҷумҳурии ҳамсоя бозори чиниҳоро халалдор мекунад.

Ободӣ, рушди иқтисодӣ ва пешрафти ҷомеъа бе мусолиҳаи миллӣ, фароҳам овардани шароити сиёсиву иҷтимоӣ ва озодии баён номумкин ҳастанд. Афсӯс, ки рӯз то рӯз Тоҷикистон аз он ҳамоиш ва ваҳдати миллие, ки пештар ба даст оварда буд, дур мегардад. Душманиву тӯҳмату таҳқиру таҳдид то дараҷае расидааст, ки тафриқа байни қишрҳои гуногуни ҷомеъа рӯзафзун шудааст. Ба хусус, ҷавононе кӣ бо истифода аз васоити алоқаи ҳозиразамон аз имкониятҳои бесобиқаи ҳамсолонашон дар кишварҳои озод иттилоъ доранд ва худ низ мехоҳанд нерӯи худро амалӣ кунанду муваффақ бошанд. Афсӯс, ки бисёре аз ҷавонони лаёқатманд бо сабабҳои гуногун оҷиз мондаанд ва истеъдоди модарзодиву донишу ҳунари ба даст овардаашон бар бод мераванд. Ин қишри ҷомеъаро як “шарори ленинӣ” кифоя аст, ки оташ хезад. Ба хотири пешгирӣ аз чунин аланга, бояд дигаргуниҳои воқеӣ, на декларативӣ, роҳандозӣ шаванд.

Аввалин иқдом дар ин роҳ, бояд ҳамдигарбахшӣ бошад. Шояд ин пешниҳодро тамасхуромез “оштии миллӣ 2” номанд. Аммо, биёед иқрор кунем, ки аз он “оштии миллӣ” гарде намондааст. Ҳоло кор то ҷое расидааст, ки ҳукумат бо норозиёни системааш намехоҳад ошкоро ва рӯ ба рӯ дар гуфтугӯ бошад. Агар кӣ чунин аст, пас бояд миёнравҳои солиме бошанд, ки ин корро анҷом диҳанд. Агар ба забони технологии имрӯза гуем, байни ҳукумат ва мухолифинаш бояд интерфейс бошад. Нақши интерфейсро равшанфикрон ва рӯзноманигорони озод метавонанд иҷро кунанд. Ба гумонам ҳамин ду қишри ҷомеъа дар озодандешӣ ва ошкоргӯйи метавонанд аз дигарон пешқадам бошанд.

Аммо, дар ин марҳилаи ҳасос, муваққатан нақши интерфейсро метавонад Анҷумани навбунёди “Озодандешони Тоҷик” иҷро намояд. То ҷое, ки аз расонаҳои хабарӣ иттилоъ дорам, “Озодандешони Тоҷик” даъвои сиёсӣ надоранд ва барояшон ободии кишвар ва бардоштани манзалати миллат шарти асосӣ аст. Яъне, онҳо ҳукумат ва мухолифинро дар ду паллаи як тарозӯ мегузоранд ва метавонанд миёнрави холис бошанд.

Бе чунин интерфейс барқарор кардани алоқа байни ҳукумату қувваҳои мухолифи рӯзафзун номумкин менамояд. Агар тасмимгирандагони Тоҷикистон дурбини сиёсӣ дошта бошанд, бояд аз пайдо шудани Анҷумани “Озодандешони тоҷик” хуш истиқбол кунанд ва аз нерӯи он ба нафъи Ватану миллат истифода баранд.

Ин анҷумани навбунёд, ки ҳамватанони равшанфикрро ба ҳам овардааст, талош дорад як қувваи созанда бошад. Пас, айни ҳол аст, ки маҳз “Озодандешони тоҷик” нақши интерфейсро иҷро кунанд. Зеро, айбу гуноҳи бузург мешавад, агар кор то ҷое расад, ки қувваҳои берунаи манфиатбардор дубора ба оташи худкушии тоҷикон равған резанд ва миллати захмин муҳтоҷи ташкилотҳои байналхалқӣ шавад, то дубора биёянду миёнрави тоҷикон шаванд. Ин нуктаро низ бояд қайд кунем, ки ба фарқ аз солҳои навадум вазъияти байналхалқӣ хеле фалокатзост ва он кишварҳое, ки замоне миёнравӣ тоҷикон буданд, ҳоло саргарми кашмакашҳои худанд.

Ҳукумат ва мухолифин ин ҳассосияти таърихиро бояд хеле ҷиддӣ дарк кунанд ва умед аз Худову худашон кунанд. Вақте расидааст, ки ба сандуқи манфиатҳои шахсиву гурӯҳӣ қулфӣ ақл зада шавад, вагарна кор аз кор мегузарад. Ин чиниҳои раҳсози замингир, ин Русияе, ки бо неруҳои ҳарбияш имрӯз ҳимоятгар аст ва ғайраву ғайрааш ба хотири манфиатҳои худ бо мансабдорони имрӯза бӯсобӯсӣ доранд. Боварӣ дорам, ки инро ҳукумат, мухолифин ва умуман ҳар як солимақл хуб дарк мекунад.

Хуб мешуд агар ҳукумати Тоҷикистон ва мухолифини тоҷик (ҲНИТ, “Гурӯҳи 24” ва ғайра) аз ин имконияти фароҳам омада боақлона истифода баранд ва ҳарчи зудтар тавассути ин интерфейс дар гуфтугӯ шаванд, то нерӯи сиёсиву иҷтимоиву иқтисодиву ақливу зеҳниву фарҳангиву имонии тоҷикон дар роҳи рушди Ватан ва муаррифии Миллат равона гардад. Вагарна, ба такрор мегуям, ки тафриқа байни қишрҳои гуногуни ҷомеъа, ба хусус — ҷавонон афзудааст, ҷинояткорӣ рӯзафзун шудааст ва аждаҳои маҳалгароӣ, ки ба бахти тоҷикон бояд аз байн мерафт, дубора заҳрчаккон шудааст…

Ҳарчӣ набошад, ман ба тавону ақлу заковати таърихии тоҷикон боварӣ дорам! Бовар дорам, ки бе кӯмаки бегонагон тарафҳои аз ҳам норозӣ роҳҳои ба ҳам даст дароз карданро пайдо мекунанд. Шояд бунёд шудани “Озодандешони тоҷик” як имконияти хубе бошад ва ҳарду тарафро меарзад, ки аз он истифода кунанд?

 

Манбаъ: Фейсбук

 

Реклама

Рубрики:Дидгоҳ

Tagged as:

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

w

Connecting to %s