Хабарҳо

Таъсиси ҷунбиши мардумии “Ислоҳот ва рушди Тоҷикистон”

Гурӯҳе аз фаъолони сиёсии тоҷик аз Амстердами Ҳолланд таъсиси ҷунбишеро ба номи “Ислоҳот ва рушди Тоҷикистон” эълом намуданд. Ин ҷунбиш, ки тибқи баёнияаш, Анвар Қувватов (бародари Умаралӣ Қувватов), Мавҷуда Соҳибназарова, Боир Саидов, Шарофиддин Гадоев ва Алишер Абдураҳмонов муассисони он ба шумор мераванд, аз ҷумлаи ҳадафҳои худро “бунёди кишвари қудратманд ва озод бо иқтисоди тавоно, модерн, рақобатпазир, дорои хусусияти миллӣ ва дорои бахшҳои нави иқтисодиву истеҳсолӣ, саноат, кишоварзии пешрафта, таъмини амнияти шуғлӣ ва касбу кори муносиб барои шаҳрвандон ва эҷоди фурсатҳои шуғлии обрӯмандона” донистаанд.

Матни баёнияи ин ҷунбиш ба шарҳи зерин аст:

Мо, гурӯҳе аз тоҷикистониён, бо назардошти вазъи нобасомони сиёсӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодии кишвар, таъсиси ҷунбиши мардумии “Ислоҳот ва рушди Тоҷикистон”-ро эълон мекунем.

Ҷунбиши “Ислоҳот ва рушди Тоҷикистон” пас аз дархостҳои мардумӣ ва баҳсу гуфтугӯҳои лозим байни муассисони он таъсис гарида, ҳадафҳоеро пешбинӣ намудааст, ки бар асоси он, бояд як давлати модерн, посухгӯ ва масъулиятпазир бар сари қудрат қарор бигирад; давлате, ки барояш фақат манофеи кишвар ва мардум муҳим бошад.

Роҳе, ки барои расидан ба ин ҳадафҳо дар пеш хоҳем гирифт, роҳи ислоҳот ва тағйирот аст. Роҳе, ки бо ба кор гирифтани он, кишваре озод, дорои адолати иҷтимоӣ ва соҳиби иқтисоди пешрафтаву шароити маишии муносиб барои зиндагии мардум дар пай хоҳад дошт.

Муҳимтарин аҳдофи ҷунбиши мардумии “Ислоҳот ва рушди Тоҷикистон” иборатанд аз:

— бунёди кишвари қудратманд ва озод бо иқтисоди тавоно, модерн, рақобатпазир, дорои хусусияти миллӣ ва дорои бахшҳои нави иқтисодиву истеҳсолӣ, саноат, кишоварзии пешрафта, таъмини амнияти шуғлӣ ва касбу кори муносиб барои шаҳрвандон ва эҷоди фурсатҳои шуғлии обрӯмандона;

— бунёди кишваре бо меъёрҳои модерни зиндагӣ, ҳифзи муҳити зист, зерсохтҳои пешрафта ва таъмини маишати мардум, эҷоди ҷомеаи озод ва муваффақ бо арзишҳое ҳамчун эҳтиром ба Ватан, муҳаббат, адолат, эҳтироми ҳамдигар ва ҳамбастагии миллию маданӣ;

— авлавиятбахшӣ ба озодии сухан, озодии ақида бо такя бар арзишҳои суннатии хонаводагӣ, анъанаҳои миллии мардуми тоҷик ва миллиятҳои Тоҷикистон, ғамхории давлат ва ҷамъият ба наслҳои оянда;

— пешбурди маориф, тандурустӣ, илму фарҳанг;

— таъмини иртибот ва гуфтугӯи мустақиму доимӣ байни ниҳодҳои давлатӣ ва ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, ҳизбҳои сиёсӣ ва ҷамъиятӣ, мониторинги чамъиятӣ ва назорати шаҳрвандии фаъол, ибтикороти шаҳрвандӣ ва дигар барномаҳои авлавиятдошта барои мардуми Тоҷикистон;

— ҷалби шаҳрвандон, ташкилот ва институтҳо ва ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ҳамкории доимӣ, барои расидан ба пешрафти ҳамаҷонибаи Тоҷиикистон, мусоидат дар тавсеаи имконоти ҳокимияти мардумӣ дар татбиқи арзишҳои демократӣ ва умумибашарӣ, идеяҳои озодӣ ва баробарҳуқуқӣ, мушорикати воқеии шаҳрвандони фаъол ва масъулиятшинос дар тасвиби қарору қонунҳои муҳимми давлатӣ ва таъсиргузор дар ояндаи миллат;

— фароҳамсозии шароит барои рушди озод ва ҳамаҷонибаи инсон ва ҷомеа;

— иҷрои ислоҳоти иҷтимоӣ-иқтисодӣ дар масири рушди устувории кишвар, некӯаҳволии моддӣ ва маънавии мардум.

— мустаҳкам намудани равобит ва муносибот бо созмонҳои байналмилалӣ ва кишварҳое, ки аз лиҳози фарҳангӣ, торихӣ ва маънавӣ бо Тоҷикистон таносуб доранд (мисли ҳамаи кишварҳои ҳамҷивор алалхусус Ҷумҳури Ӯзбекистон, Ҷумҳурии Исломии Эрон, Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Федератсияи Русия, кишварҳои ИДМ) ва дигар кишварҳо.

Мо бо боварӣ ва итминони комил мегӯем, ки ҷунбиши мо нерӯи нав ва тозанафасе дар арсаи сиёсӣ-фарҳангӣ ва иҷтимоии Тоҷикистон хоҳад буд, ки тавоноии тағйир дар ҷомеаи азизи Тоҷикистонро дорад.

Мо аз ҳамаи касоне, ки ба ояндаи Тоҷикистон бетафовут нестанд ва воқеияти мушкилотеро, ки ҳаллашро ҳаракати сиёсии мо ба дӯш хоҳад гирифт, дарк мекунанд, даъват мекунем ба мо бипайванданд.

Бо ташаккур:

Ҳайъати муассисони ҷунбиши мардумии “Ислоҳот ва рушди Тоҷикистон”, ки аз 11 нафар иборатанд, аз ҷумла:

Анвар Қувватов

Боир Саидов

Алишер Абдураҳмонов

Шарофиддин Гадоев, ҳамоҳангкунанда

Мавҷуда Соҳибназарова, сухангӯи ҷунбиш

15 март соли 2018

Амстердам, Ҳолланд

Реклама

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s