Ахбори Анҷуман

Паёми табрики Иди Наврӯз

Наврӯз дар сарзамини мо ҳамеша азиз будааст. Ҳама Наврӯзро азиз шумурдаанд ва бо забони хеш аз он сухан гуфтаанд. Ҳаким Фирдавсӣ дар достони падид омадани Наврӯз нақл мекунад, ки вақте Ҷамшед аз корҳои кишварӣ биёсуд, бар тахти киёнӣ нишаст ва ҳамаи бузургони лашкарӣ ва кишварӣ бар гирди тахти ӯ фароҳам омаданд… Ҷамшед он рӯзро, ки нахустин рӯз аз фарвардин ва оғози сол буд, Наврӯз номид ва ҷашн гирифт.

Ба фарри каёнӣ яке тахт сохт, 

Чӣ моя бад-ӯ гавҳар андарнишохт.

Ки чун хостӣ, дев бардоштӣ, 

Зи ҳомун ба гардун барафроштӣ.

Чу хуршеди тобон миёни ҳаво

Нишаста бар ӯ шоҳи фармонраво.

Ҷаҳон анҷуман шуд бари тахти ӯй, 

Фурӯ монда аз фарраи бахти ӯй.

Ба Ҷамшед-бар гавҳар афшонданд,

Мар он рӯзро рӯзи нав хонданд.

Сари соли нав Ҳурмузи фарвадин 

Баросуда аз ранҷ тан, дил зи кин.

Бузургон ба шодӣ биёростанд, 

Маю ҷому ромишгарон хостанд.

Анҷумани Озодандешони Тоҷик фаро расидани Наврӯзи Аҷам ва соли нави шамсиро ба ҳамаи ҳаммиҳанон ва ҳамзабонони азизамон табрик ва таҳниат гуфта, дар ин соли ҷадид, барои кишвар пешрафт ва тараққӣ, ва барои мардум зиндагии хуш ва пурбаракат орзу мекунад.

Бо эҳтиром,

Анҷумани Озодандешони Тоҷик

20.03.2018

Рубрики:Ахбори Анҷуман, Баёнияҳо

Помечен как:

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s