Гуфтугӯ

Анвар Қувватов: «Қотилони Умаралиро ном ба ном медонем»

(Бознашр аз сойти Ахбор)

«Ман замоне ором хоҳам гирифт, ки қотилони Ҳоҷӣ Умаралӣ ва фармоишгарони ин террор ҷазо бигиранд. Мо дар ин самт фаъолият дорем ва алакай ному насаби иҷрогар ва роҳи бозгашташро аз Истамбул ба Тоҷикистон маълум кардаем.Натиҷаҳои тафтишоти мақомоти Туркия ва журналистони тадқиқотгар дер ё зуд нашр мешаванд ва мардум фармоишгари шоиртабъ, қотили гадозодаи «Лексус”савор ва сармоягузори онҳоро хоҳанд шинохт. Ба дурустист, ки Худованд мефармояд, «ҳеҷ сирре пӯшида нахоҳад монд.”

Анвар Қувватов, бародари асосгузори «Гурӯҳи 24” Умаралӣ Қувватов, ки дар Аврупо паноҳ бурдааст, ахиран аз худ дар ҷумлаи асосгузорони ҳаракати нави сиёсӣ бо номи Ҷунбиши «Ислоҳот ва рушди Тоҷикистон” аз худ дарак дод.

Чаро Анвар Қувватов дар вақташ аз сафи милиса рафт? Чаро ӯ ба «Гурӯҳи 24”-и бародараш напайваст? Ӯ дар Ҷунбиши «Ислоҳот ва рушди Тоҷикистон” чӣ вазифа дорад? Ва оё чӣ алтернативаҳоеро барои бунёди ояндаи беҳтаре дар кишвар мебинад?

Бо ин суолҳо рафтем пои сӯҳбати ихтисосие бо Анвар Қувватов:

Ҷаноби Қувватов, азбаски шумо бародари асосгузори «Гурӯҳи 24» Умаралӣ Қувватов ҳастед, мехостам ибтидо дар бораи хонаводаатонсуҳбат кунем. Овозаҳо дар бораи хонаводаи шумо мухталифанд. Гуфта мешавад, ки шумо ҳама ба Аврупо паноҳ овардед. Хуб, аз ҳамин сар кунем, ки шумо чанд нафар хоҳарубародаред ва дар куҷоед?

— Фикр намекунам, ки овозаҳо азфаъолияту шахсияти бародари шаҳидаму ман муҳимтар бошанд, вале чун суол кардед, посух мегӯям. Мо як оилаи қатории тоҷик ҳастем, ки дар шаҳри Душанбе зиндагӣ доштем. Падари бузургворамон духтур ва иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ буданд. Як умр дар хизмати мардум буд раҳматӣ. Кӯдак будем, ки падару модар мо – чор хоҳару ду бародарро тарк карданд. Ман писари калонӣ 14 солу Умаралӣ 9 сол доштем, ки қиблагоҳамон даргузашт. Рӯзу рӯзгоре сахте буд. Дар хонаи бачаҳо бузург шудем. Оғози солҳои 80-ум ба кор даромадаму соҳиби маош шудам. Оиладор шудему рӯзгори осуда сохтем. Шукри Худованд, мисли ҳама тоҷикҳо хешу табори зиёд дорем.

Ҳарчанд имрӯз хукуматдорони мо барои як гуфта ё амал, ки бо фаҳмиши хукуматдорон созгор нест аз инсонҳо душман метарошанду бо хешу табор зид мегузоранд, вале боз хам «гӯшт аз нохун ҷудо намешавад” ва хоҳ-нохоҳ пайванди хешу таборӣ боқӣ мемонад. Баъди террори Умаралӣ ману як хоҳарам маҷбур шудем ба Аврупо паноҳ барем, ду хоҳарам дар Ватан ҳастанд. Зиндагии худашонро дорад. Барои хешу таборамон мушкилоти зиёде пеш омада буданд, вале Худованд тадбирсоз аст.

— Дигар наздиконатон ҳам мисли шумо машғули фаъолиятҳои сиёсианд?

— Не, сиёсат танҳо шуғли Умаралӣ буд ва хеле пештар аз он, ки расонаӣ шуд. Онҳое, ки бо ӯ дӯстиву наздикӣ доштанд, инро хуб медонанд. Ман чун бародар дар бараш будам, аммо ба корҳои сиёсии ӯ заррае мудохила намекардам. Фикр мекардам, сиёсат кори ман нест. Ба кору бори худам машғул будам, тиҷорат мекардам. Раҳматӣ ҳунарҳои аҷибу хирад дошт, машваратҳои тиҷоратии хубе медод. Танҳо ба ман не, ба ҳар ки ҳамсуҳбату ҳамнишинаш шавад. Дили бузургу софе дошт. Якҷоя бо маслиҳати ҳамдигар кор мекардем. Бо ӯ ифтихор мекардаму мекунам. Марди майдон буду номаш ҷовидонӣ монд. Қурбони ҳадафҳои некаш шуд. Ҳеч ҳизб ва шахсияте дар 10- 15 соли охир то ӯ натавониста буд, ки ин теъдод мардум, хоса ҷавононро сафарбар кунад, миллатамонро сиёсӣ кунад. Агар аз он террор ҷон ба саломат мебурд, ҳоло мо дар Тоҷикистони дигаре зиндагӣ мекардему ҳукумате мардумӣ доштем. Бачаҳое, ки рӯзҳои охир ҳамроҳаш буданд, мегӯянд, аз чеҳрааш нур меборид. Ин қадар ботақвову пок буд. Рӯи ӯро дар аксҳояш бубинеду бо аксҳои рақибаш қиёс кунед. Дареғи умри ҷавонаш, аммо кори арзишҳову кори ӯ идома дорад. Мисли арзишҳову кори Шириншои Шоҳтемур, Тоҳири Абдуҷаббор, Зайд Саидов ва даҳҳо ҷонсупурдаҳои миллатамон. Баъзан фикр мекунам, агар раҳматии падарам зинда мебуд, боз ҳам ба ҳамин корҳо дуояш медод.

— Чаро тарки Тоҷикистон кардед, то ҷое дарак ёфтам, фаъолияти меҳнатиятон аз сохторҳои низомӣ шурӯъ шудааст.

— Дуруст аст. Баъди хатми мактаби миёна ба Омӯзишгоҳи миёнаи милиса дар шаҳри Душанбе дохил шудам. Баъди хатми омӯзишгоҳ таҳсилро дар Мактаби олии милисаи шаҳри Тошканд идома додам. Он вақт давлат, давлати ятимпарвар буду ятим ҳама имкониятҳоро дошт. Аз соли 1982 то соли 1993 дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе ба ҳайси милиса ва баъдан муфаттиш кор кардам, рутбаи ҳарбии майорро дорам.

— Чаро корро дар милиса тарк кардед?

— Сабабаш беадолатии замона буд. Солҳои ҳаштодум милиса намунаи хуштарбиягӣ буд, эҳтиром дошт. Шиори «милисаи ман — ҳимоятгари ман» воқеъӣ буд. Барои як ҷавонмард боиси ифтихор буд. Бо дигар шудани ҳукумат ба милиса нафароне роҳ ёфтанд, ки на савод доштанду на маърифату на тарбия. Мақсадашон пулёбӣ, шикамчаронӣ ва маъшуқа ёфтан, ҳатто агар тариқи ғорати мардум ҳам муяссар шавад. Аз таҳ то боло. Гуфтам, дигар ин ҷо барои ман нест. Ин соли 1994 буд, агар хато накунам. Ду роҳ буд: ё Русия рафтан ё мондану тиҷорат кардан. Он қадар маблағе ҳам барои тиҷорат надоштам, аммо аз тиҷорати хурд сар кардам. Аз меваю сабзавот, то бензин. Ба инояти Худованд, гуфти мардум «каме худро гирифтам». Қоматам дар тиҷорат рост шуд. Ҳама медонанд, ки тиҷорату савдо, хоҳ майдафурӯшӣ бошад ё тиҷорати бузург дар Тоҷикистон мушкилоти худро дорад.

Агар майдафурӯшони бозориро аз чекчини бозор то милисаҳо ғам диҳанд, тоҷирони миёнаро наҳангҳои калонтар фурӯ мебаранд.

Бозори Тоҷикистон қонунҳои нонавиштаи зиёде дорад, аммо он солҳо кор кардан имкон дошт ба ҳар ҳол. Ҳама чиз монополияи як гурӯҳ набуд. Ин ҳоло аст, ки аз сӯзандору то гӯшти мурғу банану гази табиӣ монополия шудаанд. Фаъолият, ки маҳдуд шудан гирифт, соли 2003 ба Русия рафтам ва то соли 2007 дар он ҷо ба тиҷорати масолехи сохтмон машғул будам. Тиҷорати майда буд, вале даромади доимӣ дошт. Тиҷорате, ки аз ҳисобаш зиндагии худ ва аҳли хонаводаи худро пеш мебурдам, яъне нони шабамро бо меҳнати ҳалол меёфтам. Соли 2007 ба Тоҷикистон баргашта, дар ширкати «Тоҷирон» ба кор даромадам.

То соли 2010 дар ин ширкат кор кардаму ҳамон сол ширкати «Gold Tour Trans” — ро дар шаҳри Оши Қирғизистон таъсис додам, ки ба интиқоли маводи сӯхт сару кор дошт. Тиҷоратам хуб буд, аммо дер давом накард. Моҳи августи соли 2012 таҳти фишори мақомоти кудратии Тоҷикистону Қирғизистон қарор гирифтем. Маълум шуд, ки ба тиҷоратам домоди президент Шамсулло Соҳибов дастдарозӣ мекунад. Майда-майда муқобилат кардем, аммо нашуд…

Таҳти фишор аз тарси зиндонӣ нашудан берун рафтаму интизор мондам, ки ширкатро ба номи хоҳараш Соҳибова Олиҳамоҳ гузаронд. Бо ҳамин тиҷоратам хотима ёфт. Баъди суханрониҳои Ҳоҷӣ Умаралӣ фишору таҳдид нисбати оилаи мо зиёд гардид. Маҷбур шудам, ки бо як хоҳарам дар яке аз кишварҳои Аврупо паноҳгоҳи сиёсӣ пурсам. Аммо чун қабулӣ шудан ҳам осон нест, моҳҳову солҳо сипарӣ шуданд, то тавонам ба фаъолият шурӯъ кунам. Ҳоло, ки ҳаракати «Ислоҳот ва рушди Тоҷикистон”-ро таъсис додем, бо стратегия ва тактикаи нав вориди майдони сиёсат шудем. Натиҷаҳояшро ҳам шумо хоҳед дид ва вақт низ нишон хоҳад дод.

— Суоле дигаре, зеҳнамро такон медиҳад, ки чаро бародари Умаралӣ Қувватов ба «Гурӯҳи 24», ҳаракате, ки бародаратон таъсис дод, напайвасту балки ба ҷунбиши «Ислоҳот ва рушди Тоҷикистон» ҳамроҳ шуд? Вазифаи шумо дар ин ҷунбиш чӣ аст?

— Ман ба ҷунбиши нав напайвастаам, балки аз муассисони он ҳастам. Мо ҷунбишро огоҳона таъсис додаем. Шаҳид Ҳоҷӣ Умаралӣ вақти таъсиси ҳаракат ба ҷавонон такя мекард. Ӯ мехост, ки ин ҷавонони нерӯманд ва боғайрат дар қӯраи сиёсат обу тоб ёбанд, мутахассис шаванд, омӯзанд ва дар хидмати миллату давлат бошанд. Давлати мардумӣ, албатта, на гурӯҳиву қабилавӣ. Ҳамин буд, ки дар «Гурӯҳи 24” ҳама ҷавононҳоянду идеяшон тағйир додани ҳукумат ба ҳар роҳу восита аст. Баъди террори Ҳоҷӣ Умаралӣ гурӯҳ ба ду қанот ҷудо шуд, ки аз он ҷомеа огоҳ аст. Бо кадом сабабу омилҳо ин, албатта, мавзӯи дигар аст. Аммо ман ва Шарофиддин Гадоев бар он ҳастем, ки тафриқа обрӯйи ҳеҷ касро зиёд накардаасту намекунад. Моро ба мақсад наздик намекунад, аз ин рӯ салоҳ аст, ки ҳар кас роҳу равиши худро дошта бошад. Мо ба афроди кордидаву мутахассисон такя мекунем, вале ҷавонон ҳам аз мадди назари мо дур нестанд. Вақт нишон хоҳад дод, ки кӣ ва то куҷо ба арзишҳои асосгузори «Гурӯҳи 24” содиқ аст? Ман умедворам, ки ҳамаи онҳое, ки бо шаҳид Умаралӣ буданд ё аз идеяҳои ӯ ҷонибдорӣ мекунанд, муборизаро идома медиҳанд. Бояд идома диҳанд. Бо стратегия ва тактикаи худ. Бо гурӯҳ ё бе гурӯҳ. Ҳатто як нафар ҳам метавонад муваффақ шавад, агар ба кори худ содиқ бошад. Мо сарҷамъ шудем, то кори самараноктар кунем. Барномаи мо мушаххас аст.

— Чӣ барнома асту мақсад аз таъсиси ҳаракати нав чист?

— Мақсад аз таъсиси ҳаракат нерӯи тоза бахшидан ба мубориза бо режими худкома ва роҳ надодан ба ҳукумати авлодӣ аст. Муборизаи танҳо дар доираи Конститутсияи Тоҷикистон ва дар такя бо мардум. Суд, прокуратура, парламент ва ВАО и мустақилро дар Тоҷикистон барҳам заданд, акнун мехоҳанд сохти конститутсиониро барои як оила дигар кунанд. Мо намегузорем, ки Конститутсияи Тоҷикистон зери по шавад. Дунёи мутамаддин ҳукуматҳои авлодиро қабул надорад, аксарияти мардуми тоҷик зидди ин коранд. Мардумро бо афсонаи » ӯ гушна нашуд, туи серро мемонем”, дигар фиреб карда намешавад. Мардум аз навгониҳои илму техника, технологияи замонавӣ огоҳанд, то занҳои хонашини Кӯлобу Ғарм дар интернетанд. Як видеои мухолифинро 1,5 — 2 миллион одам тамошо мекунад. Ҳадди аққал як миллион одам аз ду миллион муҳоҷир дарк мекунанд, ки кор куҷо рафта истодааст? Мо барномаи кориамонро марҳила ба марҳила ба мардум пешниҳод мекунем. То интихоботи соли 2020 мо ном ба ном, мамлакат ба мамлакат сарвату дороиҳои қабилаи ҳукмронро фош хоҳем кард.

Баъд мебинем, мардум дар вохӯриҳо чи хел нигоҳашон мекунанд. Ин оқибати бо сабру дину мазҳабу номуси мардуми мусалмон бозӣ кардан аст. Мардум аз интернет мебинад, ки вазири маориф, ки академик асту гуё ба забонҳои хориҷӣ чандин мақолаи илмӣ навиштаст, ҳатто забони русиро намедонад. Мардум мебинад, ки як қудо то куҷо хуни ширкатҳои мобилиро мемакад. Мардум мебинад, ки вазири фарҳанг то танзими поҷомаву тагпӯшу каблуки духтарҳои мардум кор дорад. Аз номи ҳукумату давлат.

Аз соли 1997 то имрӯз барои як одам 19 қасру кӯшк сохтан бас набуд, боз имсол дар майдони 10 гектар бо харҷи 130 миллион доллар дар болои кинотеатри «8 март” сохтмони қасри хусусиро шурӯъ карданд? Мо ба мардум ин ҳамаро мерасонем. Мо ба мардум мерасонем, ки як домод ҳуҷҷати ронандагиро монополия карда, нархашро то 700 доллар боло бурдасту дар 600 поликлиника монополияи ташхис сохтааст. Тамоми бозорҳои Тоҷикистонро як домоди дигар гирифтасту 9 банкро аз 11 банки кишвар як оилааз худ кардааст, вале мардум пулашонро аз бонкҳо гирифта наметавонанд.

Хулоса, мо ҳама корро мекунем, ки ҳукумат тағйир ёбаду ислоҳот оғоз шавад.

Рушд бе ислоҳоти ҷиддӣ имкон надорад. Ислоҳот — бе тағйири ҳукумат. Наҷоти миллату давлат фақат бо тағйири ҳукумат ва ҷорӣ кардани ислоҳот имкон дорад. То омода кардани барномаи ҳаракат суҳбатҳои зиёд доштем. Аз вакилони парлумонҳои аврупоӣ дар Брюселу Берлину Варшава то мутахассисон аз Кӯлобу Хуҷанду Душанбе. Хамири тағйироту ислоҳот расидааст. Дар тамоми вазорату корхонаҳои давлатӣ аз 30 то 70 % мардум инро аллакай мефаҳманд. Шумо, журналистон, биёед, як рӯз бо ҳамин 3-4 роҳбари мухолифон ҳамроҳ гардед, сӯҳбатҳояшонро бо мардум аз Тоҷикистону Русия гӯш кунед. Мардум аз мо зиёдтар ташнаи ислоҳотанд. Фишорро сари ҳукумат зиёд кунем, худи хукумат ҳам ислоҳпазир шудан мегирад.

— Бо назардошти собиқаатон дар тиҷорат, мехоҳам бипурсам, ки оё иқтисоди Тоҷикистонроҳи дигари алтернативии рушд ҳам дорад? Ин чӣ роҳҳое буда метавонанд?

— Нахуст ин ки ҳама чиз дар дунёи иқтисоду сиёсат алтернатива дорад. Таърихи даҳҳо кишвару миллатҳои пешрафта инро исбот кардааст. Таърихи пеши чашмамон ҳам. Магар мо алтернатива надоштем, ки соли 2001 ба сохтмони Роғун шурӯъ кунем? Доштем, аммо иродаи сиёсӣ надоштем. Ҳамон вақт ҳам ҳамин ду агрегат дар шаҳраки Ваҳдат буданду 100 миллион аз буҷа мебаромад, аммо пули буҷа барои қасрҳо харҷ шуду рақсу парадҳо.

Ҳасан Асадуллозода бо мақсадҳои худу Ҳоҷӣ Умаралӣ барои мақсадҳои худаш кушодани роҳҳо ба Қирғизистону Ӯзбекистонро маслиҳат мекарданд, мекушоданд, вале калонтарҳо бо «самарқандгирӣ” сабаб мешуданд, ки роҳҳо баста шаванд. Акнун маълум шуд, ки алтернатива будааст.

Тавре прокуратураи генералии Ӯзбекистон фош кард, як корхонаи бузурги Тоҷикистон дар 10 сол ба ширкати оффшории раиси Роҳи оҳани Ӯзбекистон ва як гурҷӣ 1 миллиард доллар додааст. Агар хато накунам 48 доллар — сари ҳар тонна алюминий. Мо суроғу суратҳои ин гурҷиро ёфтем. Тӯйи калон дар пеш аст. Ин 1 миллиард доллар ними пули Роғун нест? Алтернатива нест?! Ҳаст! Касе барои ин алтернативаи аздастрафта ҷавоб дод назди қонун? Не.

Ҳоҷӣ Умаралӣ моро ба Чину, Шарофиддин Гадоевро ба Афғонистон ва дигар бачаҳоро ба Покистон сафарбар кард, бо мардуми Бадахшон кор кард, ки роҳи Вахон кушода шаваду ширкатҳои Тоҷикистон борҳои тоҷирони Афғонистонро аз Урумчӣ тариқи роҳи нави Қароқурум-Ишкошим-Файзобод-Кобул кашонанд. Тоҷикистон кишвари транзитӣ шавад. Фоидаи афғонҳо аз ҳар мошин 1500- 2500 доллар, фоидаи ширкатҳои нақлиётӣ аз ҳар мошин 500-800 доллар. Ҳаҷми бор дар як сол то 70 — 90 ҳазор контейнер. Фоидаи софи ширкатҳои мо 35 миллион доллар солона. Ин тарҳи соли 2009 аст. Осиф Алӣ Зардорӣ, президенти Покистон тарафдор буд ва барои ҳамин ба Тоҷикистон омада буд. Аммо ин алтернатива кор накард. Чаро? Зеро ки мо роҳбари беалтернатива дорему ӯ намехоҳад ё дарк намекунад, ки рушди Бадахшон рушди миллат аст. Ин роҳро дар як моҳ кушодан имкон дораду ҳазорон тонна бори Покистон ба Бадахшон омада, нархҳоро поён мебарад.

Соҳибкор Беҳзод Файзуллоев мехост, ки Тоҷикистонро ба порти интернетии Осиёи Марказӣ табдил диҳаду бозори Афғонистонро мо бигирем. Натиҷааш чӣ шуд? Бек Сабур омад, қудо шуд, Вавилон 60 миллион доллар ҷарима шуд.

Проектҳои Зайд Саид алтернатива набуданд? Ӯ мехост аққалан дар Тоҷикистон 3- 5 тонна тилло коркард шавад, 100 ҳазор заргар дошта бошем. Акнун Зайд Саидов дар зиндону бозори тилло монополияи як зан шудааст ва мардумамон барои арӯсҳо ҷавоҳироти камсифати туркӣ мехаранд.

Роҳҳо зиёданд, шароити сиёсӣ нест.

Бисёриҳо бар ин назаранд, ки сарфи назар аз он ки ҳукумати кунунӣ сари қудрат аст, ё ҳар ҳукумати дигаре ки рӯи кор меомад, вазъи иқтисоди Тоҷикистон чандон тағйир намеёфт. Яъне мардум ҳамчунон маҷбур мешуд ки барои таъмини зиндагиаш ба мардикорӣ биравад, вазифатақсимкунӣ ба ҳамин сурате ки ҳаст, байни хешу наздикон сурат мегирифт, коррупсия побарҷо мемонд, ҷалби сармояҳои бузург ба кишвар ҳамчунон имконнопазир буд… Назари шумо чист?

— Бале, ин хел назарҳо ҳастанд, лекин асос надоранд. Ҳатто таҳқири миллат ҳам ҳастанд, ки гӯё тоҷик беҳтар аз як қазоқ, араб, рус, олмонӣ ё турк зиндагии худро хубтар ташкил карда наметавонад. Ин хел нест. Одамони доно медонанд, ки ин назар як афсонаи ҳукуматӣ аст. Дар бораи Ислом Каримову Ӯзбакистон ҳам айнан ҳаминро мегуфтанд. Мирзиёев исбот кард, ки чунин нест. Вақте гулнораҳо ҳама бизнесҳои хуби як давлатро монополия мекунанду вазифаҳоро мефурӯшанд, албатта, иқтисоду сиёсат хароб мешавад, мардум муҳоҷири меҳнатӣ мешаванд, миллат «ҷамшуду равшан” мегардад.

Фикр мекунам, ин хел фаҳмиш худфиребӣ ҳам ҳаст. Одамон бояд фахманд, ки ин вазъи иқтисод беморӣ аст. Ё онро табобат мекунед ё беморро мекушад. Ман фарзанди духтурам. Бе диагноз муолиҷа намешавад. Барои ҳамин бояд аввал вазъи кишварро ташхис кунем.

Ҳар нафаре, ки тарки Ватан мекунад, албатта, орзуи бозгаштро ҳамеша дорад, оё худи шумо ҳам ин орзуро доред? Ва ба чигуна Тоҷикистоне мехоҳед баргардед?

— Ман шахси табиатан ором ҳастам, бақонун арҷ мегузорам ва волоияти қонун бароям аз ҳама чиз болост. Оре, ман аз Тоҷикистон рафтам, лек Тоҷикистон аз қалбу хуни ман ҳеҷ куҷо намеравад. Ман Ватанамро чун ҳар як тоҷик дӯст медорам. Умед дорам, ки рӯзе дар Тоҷикистон чун кишварҳоиҳамсояи Ӯзбекистон ва Қирғизистон тағйирот ба амал меояд. Шароити кору зиндагӣ барои мардуми оддӣ муҳайё мегардад. Волоияти қонун таъмин мешавад. Ман акнун миён бастпам, ки он рӯз тезтар расад. Чор сол пеш барои ман дар назди се кас гап задан мушкил буд, акнун кӯшиш дорем, ки суҳбати хуб кунем. Ҳеҷ кас аз Чину Арабистон омада, кору бори миллати моро соз намекунад. Худамон бояд кунем. Бовар дорам, ки зиндагӣ дар Тоҷикистон аз ҳар дигар кишварҳои пасошӯравӣ беҳтар мегардад, чунки мардуми мо зеҳни қавӣ доранду меҳнатиянд. Обу хоки Тоҷикистон баракат дорад. Ин бебаракатӣ поён дорад.

Хукумати нав, хоҳ Мирзиёеви тоҷик бошаду хоҳ аз мухолифин оқилтар хоҳад буд. Аз кадом маҳал будани худро фаромӯш хоҳанд карду соҳиби чанд фарзанду чанд қудо доштанашонро ҳам. Сарватҳои табииро дар ихтиёри мардуми тоҷик мегузорад. Вақте мо ин шароитро муҳайё кардем, Тоҷикистон на фақат дар телевизион обод ва гулгулшукуфон нишон дода мешавад. Тоҷикистон, ки падару модарамон аст, барои ҳар кадоми мо кор меёбад. Ба як одам чӣ лозим? Ҷои кор, маоши хуб, вақти хуш.Ба чунин Точикистон на факат ман, балки тамоми тоҷикон бармегарданд. Он рӯзхо дур нестанд.

Ман ҳамчунин замоне ором хоҳам гирифт, ки қотилони Ҳоҷӣ Умаралӣ ва фармоишгарони ин террор ҷазо бигиранд. Мо дар ин самт фаъолият дорем ва алакай ному насаби иҷрогар ва роҳи бозгашташро аз Истамбул ба Тоҷикистон маълум кардаем.

Натиҷаҳои тафтишоти мақомоти Туркия ва журналистони тадқиқотгар дер ё зуд нашр мешаванд ва мардум фармоишгари шоиртабъ, қотили гадозодаи «Лексус”-савор ва сармоягузори онҳоро хоҳанд шинохт. Ба дурустист, ки Худованд мефармояд, «ҳеҷ сирре пӯшида нахоҳад монд” (оятро аз Қуръон ёбед).

Манбаъ: сойти Ахбор

Реклама

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s