Хабарҳо

“Шумо яҳуду насронӣ ҳастед, поятонро мешиканам!”

Аз назари ҳаводорони ҳукумати кунунии Тоҷикистон, зоҳиран масеҳӣ будан як “ҷурм” аст. Зеро яке аз ҳаводорони ин ҳукумат ба номи “Бародари Точик”, бо “яҳуду насронӣ” хондани мухолифони сиёсии ҳукумат, боре дигар онҳоро таҳдид кард, ки ба Олмон омада пойи ҳамаи онҳоро хоҳад шикаст.

Ин ҳаводори ҳукумат, ки барои дуввумин бор аст аз тариқи Ютюб мухолифони сиёсии ҳукуматро таҳдид мекунад, ин навбат аз муқобили мақбараи Исмоили Сомонӣ, поягузори Сомониён дар шаҳри Бухорои Ӯзбекистон, бо “душман” хондани мухолифони сиёсии сокин дар берун аз қаламрави Тоҷикистон гуфт: “Ман аз пеши Исмоили Сомонӣ ваъда мекунам, то рӯзе ки ҷон дар танам ҳаст, бар зидди душмани тоҷик ҷанг мекунам.”

Вай хитоб ба мухолифон тасреҳ кард: “Шумо яҳудед, шумо насрониед. Шумо, ки риш мемонед, садқаи риш шавед… Барои ҳамин, номи тоҷикҳоро паст назанед. Аз қафои кору боратон шавед. Швабраатонро гиред, полҳоро шуста гардед дар Германия (Олмон) ва дигар ба Тоҷикистон наойед.”

Ин ҳаводори ҳукумат хотирнишон кард: “Ҳоло ҳам ба Раҳмонов раҳмат гӯед, ки шуморо мебахшад. Ба ҷойи Раҳмонов дигар одам бошад, аз ҳамон Германия дар даруни линча мепечонатонад ва ба дарёи Вахш оварда оббозӣ медоронадатон.”

Ӯ бори дигар мухолифонро таҳдид кард ва гуфт: “Ман ба ваъдаам меистам ва пойи ҳамаатро мешиканам.”

Реклама

Рубрики:Хабарҳо

Помечен как:

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s