Ҷунбиши тозатаъсиси “Ислоҳот ва рушд дар Тоҷикистон” бо интишори баёнияе, аз роҳандозии сомонаи интернетии худ хабар дод.
Дар баёнияи ин ҷунбиш омадааст: “Ҳамватанони азиз, дӯстони арҷманд, бо як ҷаҳон меҳру муҳаббат ва ихлоси бепоён ба Шумо хабар медиҳем, ки имрӯз сомонаи Ҳаракати мардумии “Ислоҳот ва рушд дар Тоҷикистон” Tajreform.org ба фаъолияти худ ҳусни оғоз мебахшад.”
Ин ҷунбиш дар идома ёдовар шудааст: “Сомонаи мо таҳлилӣ буда, даъвати бузурге дар роҳи рушди иқтисодию иҷтимоии кишвар, иқдоми наве дар такмили худшиносии миллӣ ва саҳифаи нави муаррифии тамаддуну фарҳанги миллати тоҷик дар арсаи ҷаҳонӣ хоҳад буд.”
Ҳамчунин афзудааст: “Бо таъсиси сомона, мо пеши худ иқдом гузоштем, ки барои ноил гардидан ба ин ҳадафи олӣ, яъне муҳайё гардонидани зиндагии арзанда барои ҳар як сокини Тоҷикистон, ҳалли масъалаҳо дар ҳамаи самтҳо ва соҳаҳо, бо нашри маводҳои таҳлилӣ, барномаҳои амал ва ғайра саҳм гузорем.”
Рубрики:Хабарҳо