Ҳуқуқи башар

Зиндон: марги мармузи Давлатмурод Рустамов

Гузориши Амруллоҳи Низом

Зиндонҳои Тоҷикистон, ки аксари зиндониҳояшон бо иттиҳомоти сохта ва бофтаи мақомоти қудратӣ мебошанд, навъҳо ва шаклҳои мухталифи шиканҷаро дар онҳо мушоҳида кардан мумкин аст. Қаҳрамоне, ки ин ҷо дар бораи маргаш нақл мекунем, яке аз онҳоест, ки дар соли 2015 дар саффи садҳо каси дигар боздошт ва маҳкум ба зиндон шуда буд, мебошад.

Наздикону пайвандони ӯ то як моҳи пеш аз марги мармузаш дар зиндони шаҳри Ваҳдат, пайваста аз аҳволи вай бохабар буданд, аммо дар як моҳи ахир бо вуҷуди се маротиба талоши дидорбинӣ, ҳеч хабари дақиқе аз ӯ гирифта натавонистанд.

* * *

Баъди се рӯз

26-уми марти соли 2018, ҳамсару писари Давлатмурод Рустамов, зиндонии тоҷик дар шаҳри Ваҳдат, ба мақсади дидорбинии ӯ мераванд. Зеро онҳоро огаҳ карда буданд, ки вазъи саломатии вай хеб нест, бинобар ин, модару писар тамоми талошҳои худашонро анҷом медиҳанд, то даромада ӯро бубинанд, аммо зиндонбонҳо ба онҳо иҷозат намедиҳанд. Зиндонбонҳо ба ин модару писари маъюб, ки аз роҳи дур, аз ноҳияи Ҷайҳун, барои дидорбинӣ омада буданд, мегӯянд, равед, баъди се рӯз мо худамон ба шумо занг мезанем, баъд омада ӯро мебинед.

Пеш аз модару писар, ки яке аз ноҳияи Ҷайҳун (собиқ Қумсангир) ва дигаре аз шаҳри Душанбе ба қасди мулоқот ва дидорбинӣ рафта буданд, тақрибан се ҳафта қабл духтари Давлатмурод Рустамов, ки дар ноҳияи Вахш зиндагӣ мекунад низ ба қасди зиёрати падари зиндониаш ба шаҳри Ваҳдат рафта буд, аммо зиндонбонҳо ба вай низ иҷозат надода буданд, ки дохили зиндон шаваду падарашро бубинад.

Дар ин миён, бародарони ин зиндонӣ низ вақте огоҳ мешаванд, ки вазъи саломатии ӯ хуб нест, онҳо низ аз ноҳияи Ҷайҳун ба шаҳри Ваҳдат мераванд, вале ҳамоно гапи зиндонбонҳо як буд: “Иҷозат нест, шумо наметавонед, имрӯз даромада ӯро бубинед! Аммо ҳар ҳао чизе, ки барои ӯ оварда бошед, диҳед, мо худамон ба вай мерасонем!

* * *

Хабари вафот

Нимаи дуюми 30-уми март, ҳамсару писари марҳум бо умеде, ки се рӯз пас ӯро мебинанд, писар ба мактабу модар ба хонаашон бармегардад.

Баъд аз рӯзи интизорӣ асри рӯзи ҷумъа, 30-юми март, ба хонаводаи Давлатмурод Рустамов, ки аз сокинони ноҳияи Ҷайҳуни вилояти Хатлон мебошанд, аз зиндони “Кирпичний”-и шаҳри Ваҳдат занг мезананд. Бале, зиндонбонҳо ба хонаводаи ӯ занг зада мегӯянд, ки биёед, ба зиндон ба шаҳри Ваҳдат биёед!

Ҳамсар бо шунидани хабари биёед, дар аввал хеле хушҳол мешавад, ки акнун ҳамсарашро баъди чанд моҳ хоҳад дид ва аз сӯҳбату мулоқоти вай хеле шод хоҳад шуд. Аммо вақте зиндонбонҳо мегӯянд, биёед, вале на барои дидорбинӣ, балки, ба хотири таслими ҷасади беҷони ӯ биёед, бо шунидани ин ҷумла, модар такон мехӯрад ва, яку якбора тамоми орзуҳо ва умедҳои ширине, ки дошт, ба хоки замину хуни дил оғушта мешаванд.

Модар тавони рост истода сӯҳбат карданро аз даст медиҳад. Давоми сӯҳбатро ҳам дигар шунидан намехоҳад, намехоҳад бидонад, ки шавҳараш дар кунҷи зиндон ҷон додааст, зеро ҳамон лаҳза дар сараш чандин фикрҳои хаёлҳои суоолбаренгезе ба вуҷуд меомаданд. Гоҳ ба худаш мегуфт, шояд ӯро ҳам бо усулҳои махсусе аз шиканҷа кушта бошанд, ё барояш доруе додаанду бо ҳамон охирин нафасҳояшро дар зиндон кашида бошад ва ё ин ки пеш аз рафтани ӯ ба зиндон ҳамсараш фавот карда буду зиндонбонҳо чизеро аз вай пинҳон кардан мехостанд ва ғайра…

Кӯтоҳи гап, хабари вафоти ӯ дода шуд. Сокинони маҳаллӣ ба нақл аз қавли ҳамсараш мегӯянд, вақте ин хабари шум ба онҳо расонида шуд, ҳамаи аҳли хонавода ғофилгир шуданд, чун мебоист, дар он рӯз зиндонбонҳо, бар асоси қавли додаашон, ки се рӯз баъд мо худамон ба шумо занг мезанем, сипас омада ӯро мебинед, ғофилгир шуданд.

Ба назар мерасид, гӯё “марги муфоҷот”( нобанҳангоме) рух додааст, аммо вақте каме дуртар андеша мекарданд, боварашон намеомад…

* * *

Даву то тоз ба хотири ҷасад

Ворисони майит ба хотири таҳвил гирифтани ҷасад омода шуданд. Қисме аз онҳо ҳамон шаб худро ба пойтахт, шаҳри Душанбе расониданд, ва қисми дигар субҳи барвақт мошинеро киро карда, худро ба назди бинои зиндони”Кирпичний” дар шаҳри Ваҳдат расониданд. Наздикону пайвандони марҳум ҳам хабари маргро шунида аз дуру наздик худро дар хонаи майит расонданд. Ҳама интизор буданд, ки ҳамин ҳоло ё замони биъдтар мурдаро ба онҳо таслим мекунанд, аммо чунин набуд.

Зиндонбонҳо ҳамоно мисли пешин баҳонаҷӯӣ карда, вақтро ба таъхир меандохтанд. Дар ин лаҳзаҳо ҳамсару бародарону духтараш, ки тайи яку ним моҳи ахир се маротиба ба қасди дидоринии ӯ омада буданд, ҳама як хел фикр намекарданд, хотири ҳама парешон буд, ва касе аз онҳо ҳам бовар намекард, ки таҳвил гирифтани ҷасади марҳум ин қадар тӯл бикашад.

Ҳамин таъхир ва тӯл кашондани замони таҳвили ҷасад, фикри онҳоро ба вазъияти се чор моҳи пеш, ки ҳама аҳли хонавода доштанд, савқ медод. Он замон, на танҳо бародарони ин марҳумро, балки дигар наздикону пайвандонашонро ҳам мақомот пайваста зери назорати қатъӣ ва доимӣ гирифта, онҳоро ба навъе таъқиб ва таҳдид ҳам мекарданд, ки қадамҳояшонро дониста гузоранд ва зери ҳар матлабу шарҳои дигарон “лайк” ва ё “класс” нагузоранд. Дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз мухолифони ҳукумат бо ҳар василае, ки бошад, ҷонибдорӣ накунанд. Он чанд ҷавони муҳоҷиру бегуноҳе, ки аз Русия ба Ватан баргашта буданду мақомот онҳоро бо ҷурми ин, ки шумо дар шабакаҳои иҷтимоӣ навиштаҳои мухолифини ҳукуматро ҷонибдорӣ мекунед, боздошт ва ба муддатҳои 6-7-солӣ равонаи зиндон карда буданд, низ ба хотирашон расид. Инчунин ёдашон омад, ки марҳум чанде қабл ба онҳо таъкид карда буд, ки ба додарашон Ифтихор Рустамов бирасонанд, ки “бо ҳар хел гурӯҳҳо” ҳамроҳ нашавад…

Соат 12:00 шуд, вале ҳамоно ҷасадро таҳвил нагирифтанд, интизоранд, ки кай зиндонбонҳо онҳоро низ садо мекунанд, ки биёед…

* * *

“Мо ҷасадро шустем ва кафан кардем”

Ақрабаки соат аз 12:30 дақиқа ҳам гузашт, вале ҳамоно ҷасадро ба ворисонаш таҳвил надода буданд.

Ҳамсари марҳум ҳам то кунун сухани се рӯз пеш гуфтаи зиндонбоҳо, ки гуфта буданд, “апаҷон шумо ҳоло равед ва пас аз се рӯз мо худамон ба шумо занг мезанем ва шумо бо фарзандатон омада, ин ҷо шаб бо ӯ шаб мемонед”, ором намегузошт. Вай ба худ мегуфт, ки охир, ҳамин зиндонбонҳо рӯзи сешанбе чунин гуфта буданд. Вале рӯзи ҷумъа пас аз шом занг зада гуфтанд, ки ҳамсари шумо вафот кардааст, метавонед омада ҷасади шавҳаратонро аз зиндон бубаред.

Баъд аз соати 13:00 ҳамсар ва наздикони Давлатмуродро ба дохил зиндон даъват карда, гуфтанд, ки мо ҷасадро шустем ва кафан кардем. Агар бовар накунед шахсоне, ки ин ҷасадро шуста кафан карданд, ба наздатон меорем. Онҳо ба назди хонаводаи Давлатмурод чанд нафареро, ки гӯё ҳамутоқиёни вай, ки дар медпункти зиндон, ки бо Давлатмурод дар як утоқ ҳамбистар буданд, оварданд ва онҳо гуфтанд, ки “бо Худораҳматӣ якҷоя намози шомро хондем ва Давлатмурод пас аз он дар ҷогаҳаш дароз кашид ва каме доду вой карда, номи чанд нафарро қабл аз ҷон доданаш гирифт ва бо ҳамин ҷонаш баромад.”

Дар ҳамин асно дар зиндон яке аз зиндониён мегӯяд, Давлатмурод чанд вақт пеш бемор шуда буд, ин аввалин бемориаш набуд…

Ҳамин ҷо буд, ки чандин суоли дигаре низ дар зеҳни ворисони майит пайдо шуд, аз ҷумла дар зиндон кафан аз куҷо пайдо шуд? Кӣ кафанро пора кард, ки инҳо ӯро кафан карданд? Дар ҳоҷатхона ва ё ҳаммомҳои зиндон дар ҳол чӣ гуна шароете сохтанд, ки имкони мурдашӯӣ пайдо шуд?

* * *

“Ҷасад варам карда буд”

Раиси зиндон ба хонаводаи Давлатмурод Рустамов мегӯяд, ана ҳамин хел аст, инҳо ҳамутоқиҳояш ҳастанд, мурдаро шуста кафан кардаанд, агар даъво дошта бошед, ман ҷасадро ба экспертиза месупорам, ва онро ба наздикӣ намедиҳем, зеро онҳо ташхис мегузаронанд. Вале агар даъвое надошта бошед, марҳамат бо ман биёед ва дар варақ имзо мегузоред ва ҷасадро бароятон медиҳам, бурда ба хок супоред.

Ворисон Давлатмурод, ки ҳама деҳотӣ ҳастанд, бо шунидани найранги таҳдидомез мегӯянд, мо ҳеч даъвое надорем ва ҷасадро бароямон диҳед ва бо ҳамин ҷасадро барояшон медиҳанд ва онҳо ҷасадро бо худ мебаранд. Ҷасад танҳо ба гуфти шоҳидон каме варам карда будааст ва ҳамон рӯзи шанбе пас аз зуҳр аз Ваҳдат ба ноҳияи Ҷайҳун (Қумсангири пешина) интиқол доданд.

Пас аз асри ҳамон рӯз дар масҷиди деҳаашон ҷаноза карда ба хок супурданд. Аз Давлатмурод се фарзанд боқӣ монда аст: ду писару як духтар. Духтараш шавҳардор ва ба зиндагонии мусақилонаи худ машғул аст. Писари бузургаш муҳоҷири меҳнат дар Русия ва писари хурдияш муҳассили мактаби маъюбони шаҳри Душанбе мебошад.

Амруллоҳи Низом махсус барои сойти “Анҷумани Озодандешони Тоҷик”

Реклама

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

w

Connecting to %s