Ба гузориши сайти Ахбор, Зулфиқаҳор Холов, яке аз фаъолони созмони дар Тоҷикистон мамнӯи «Гуруҳи 24” дар шаҳри Маскав дастгир шудааст. Гуфта мешавад, Зулфиқаҳор Холовро бо дархости мақомоти Тоҷикистон боздошт кардаанд. Исми Холов дар рӯйхати «шахсони ба терроризм алоқаманд”, ки Бонки миллии Тоҷикистон нашр кард, таҳти рақами 1309 зикр шудааст.
Як манбаи сомонаи «Ахбор” рӯзи 12 апрел хабар дод, ки мақомоти пулиси минтақаи Коммунаркаи Новая Москва Зулфиқаҳор Холов, яке аз фаъолони созмони феълан дар Тоҷикистон мамнӯи «Гуруҳи 24”-ро дастгир кардаанд. Ба гуфтаи ҳамсӯҳбати «Ахбор”, Зулфиқаҳор Холовро рӯзи 12 апрел ба додситонии минтақаи Коммунарка бурдаанд.
Шаҳраки Коммунарка дар 4-километрии МКАД, дар шоҳроҳи Калужское ҷойгир шуда, ҳамагӣ чанд сол пеш – дар соли 2012 ба қаламрави Новая Москва шомил карда шуд. Зодагони Тоҷикистон дар инҷо асосан ба кори сохтмон машғул мебошанд.
Намояндагони «Гуруҳи 24” низ дар сӯҳбат бо сомонаи «Ахбор” боздошти Зулфиқаҳор Холов дар пойтахти Русияро тасдиқ карданд.
Манбаи «Ахбор”, ки Зулфиқаҳор Холовро аз наздик мешиносад, гуфт, ӯ баъди сар шудани таъқиби аъзои «Гуруҳи 24” аз Русия ба Туркия фирор карда буд: «Чанд вақт дар Туркия буд, вале ахиран ба Маскав баргашт ва дар Новая Москва зиндагӣ мекард. Медонист, ки дар рӯйхат номаш ҳаст ва ба ҳамин далел баҷо-баҷо мегашт. Вале билохира дастгир шуд.”
Дар рӯйхати иборат аз 1362 нафар «шахсони бо терроризм алоқаманд”, ки Бонки миллии Тоҷикистон моҳи март нашр кард, Зулфиқаҳор Боймаҳмадович Холов таҳти рақами 1309 зикр шудааст. Вале дар ин санад мушаххасан бо чӣ иттиҳоми таҳти ҷустуҷӯи мақомоти Тоҷикистон қарор гирифтани Зулфиқаҳор Холов гуфта нашудааст.
Зулфиқаҳор Холов 11 ноябри соли 1983 ба дунё омада, сокини шаҳраки Сомониёни ноҳияи Рашт дар шарқи Тоҷикистон мебошад. Ӯ се фарзанд дорад.
Исми Зулфиқаҳор Холов дар соли 2014 дар пайи ширкат ва суханрониаш дар як гирдиҳамоии эътирозие, ки «Гуруҳи 24” дар шаҳри Маскав ташкил кард, расонаӣ шуд. Видеои суханронии Холов дар он гирдиҳамоӣ бо номи «Марди майдон” дар Интернет нашр шудааст.
Зулфиқаҳор Холов дар суханрониаш аз мақомоти кунунии Тоҷикистон интиқод мекунад, ки мардуми муҳоҷирро танҳо як манбаи интиқоли пул ба кишвар ба хотири гарм кардани тиҷоратҳои худашон медонанд ва парвое надоранд, ки муҳоҷирон дар Русия чӣ ҳол доранд?
Боздошти ин фаъоли «Гуруҳи 24” дар Маскав дар ҳолест, ки роҳбари ин созмони мухолифи ҳукумати кунунии Тоҷикистон Сӯҳроб Зафар ва намояндаи он дар Туркия Насим Шарипов рӯзи 19 март дар шаҳри Истамбул дастгир шуданд. Онҳо низ, ба гуфтаи намояндагони «Гуруҳи 24”, бо дархости мақомоти Тоҷикистон ва бар асоси рӯйхати сиёҳи Бонки миллӣ боздошт шудаанд.
«Гуруҳи 24” соли 2012 аз ҷониби соҳибкор Умаралӣ Қувватов баъди фирор аз Тоҷикистон ташкил шудааст. Дар тобистон ва тирамоҳи соли 2014 «Гуруҳи 24” дар шаҳрҳои Русия бо ҷалби муҳоҷирони тоҷик силсилаи гирдиҳамоиҳои эътирозӣ ба зидди ҳукумати Тоҷикистонро доир карда, ҳамаро ба гирдиҳамоии ниҳоӣ дар таърихи 10 октябри ҳамон сол дар майдони Дӯстӣ – майдони марказии шаҳри Душанбе даъват кард.
Ин гирдиҳамоӣ дар Душанбе доир нашуд, вале Додгоҳи олии Тоҷикистон алакай рӯзи 9 октябри соли 2014 фаъолияти «Гуруҳи 24”-ро дар кишвар манъ ва баъди чанде ин созмонро ба рӯйхати созмонҳои ифротӣ шомил кард.
Баъди манъи фаъолияти «Гуруҳи 24” даҳҳо нафар аз аъзо ва тарафдорони он дар Тоҷикистону Русия ва кишварҳои дигар бо дархости мақомоти Тоҷикистон боздошт шуданд. Як бахши аъзами онҳо ба Душанбе истирдод ва аз ҷониби додгоҳҳои Тоҷикистон ба муддати тӯлонӣ маҳкум ба зиндон шуданд.
Қисми дигари аъзо ва тарафдорони «Гуруҳи 24” ба кишварҳои Аврупо паноҳ оварда, ҳоло аз инҷо ба фаъолиятҳои сиёсии худ идома медиҳанд.
Рубрики:Ҳуқуқи башар